Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни рузаи мохи шарифи рамазон

Дар баёни рузаи мохи шарифи рамазон

Дар баёни рузаи мохи шарифи рамазон

Дигар аз фароизи Худованди мутаъол рузаи мохи шарифи рамазон аст. Руза боз истодан аст аз хурдан ва нушидан ва алокаи чинси кардани зану мард аз субхи содик то фуру рафтани офтоб. Расул алайхи-с-салом фармуданд, чун мохи рамазон шавад, дархои бихишт кушода шаванд ва дархои дузах баста шаванд. Ва шайтонхо ба занчирхо махкам баста шаванд ва дархои рахмати илохи кушодааст.

Хар касе дар ин мох рузаи рузадореро бикшояд, гунохони вай омурзида шаванд. Хак таъоло уро озод гардонад аз оташи дузах ва бошад, мар уро мисли савоби он рузадор. Гарчанде  ки ба як нушидани об бошад. Ин мохе аст, ки аввали он рахмат аст ва мобайни он магфират аст ва охири он озоди аст аз оташи дузах. Ва хар касе обе дихад рузадореро Хак таъоло сероб гардонад он бандаро аз хавзи Кавсар, ки ташна нагардад то он замоне, ки ба бихишт дарояд. Чун шаби аввали рамазон шавад, дархои осмонхо кушода шаванд, то шаби охири рамазон ва хар бандаи муъмин, ки дар шабхои рамазон тарових гузорад, бинависад Худои таъоло ба хар сачда мар он бандаро хазору пансад некуи ва бино кунад аз барон вай хонае дар бихишт аз ёкути сурх. Чун бандаи муъмин аввали руз аз мохи рамазон руза дорад, гунохи хамаи умри вай омурзида шавад. Чун шаби аввали рамазон шавад, Хак таъоло назари рахмат кунад ба суи бандагони худ ва чун Худованд назари рахмат кунад ба банда харгиз уро азоб накунад ва дар хар рузе аз рузхои мохи рамазон. Хак таъоло хазор-хазор осиро аз оташи дузах озод гардонад. Чун шаби бисту нухуми рамазон шавад, он микдор, ки дар хама мохи рамазон омурзидааст ва озод кардааст, дар он шаб озод гардонад. Дар рузи ид фармон шавад: малоикахо гувох бошед, ман, ки худовандам, онхоро биёмурзидам.

Худои таоло дар шабхои рамазон нидо мекунад, ки хеч саволкунандае хаст, ки хочати уро барорам ва хеч омурзишхохандае хаст, то уро биёмурзам.

Чанде ки руза дар рузхои дарозу гарми биёяд, хамон кадар савобаш бисёртар мебошад. Буи дахони рузадор дар назди Худои таоло ба монанди мушк аст ва малоикахо шабу руз дар мохи рамазон аз барои рузадорон омурзиш мехоханд. Хар ки бо омадани мохи мубораки рамазон хурсанд шавад, харом мегардонад Аллох таоло часади уро ба оташи дузах.

Хазрати пайгамбар гуфтанд: агар уммати ман шарафи мохи рамазонро медонистанд, орзу мекарданд, ки тамоми сол рамазон бошад, то тоат ва дуои онхо кабул ва гуноххои онхо омурзида шаванд. Ошики рузадорон бихишт аст.

Хурон муночот кунанд, ки илохи моёнро аз занхои рузадорони уммати Мухаммад алайхи-с-салом гардон. Гуянд, ки хар кадоми он хуронро хафтод либос бошад, ки ранги хар кадоме аз онхо ба дигаре монанд набошад. Хар каломи он хуронро тахте бошад, пояи он ёкути сурх ва бофтаанд уро аз дурр ва хар кадом тахтро хафгод палос ва хафтод дастархони пур аз таомхои рангоранг бошад, хамаи он насиби рузадорони уммати Мухаммад алайхи-с-салом хоханд шуд, иншоаллохи таъоло.

Хуру-л-ъин туфта духтарони сафедпусти чашмкалони анор пистонеро гуянд, ки Худои таъоло барои хар марди бихишти хафтоду ду адад ваъда кардааст, ки сифати онхо ба таъриф рост намеояд.

Овардаанд, ки Аллох таъоло аклро офарид ва ба у гуфт. пеш ой.

Акл пеш омад. Боз гуфт: акибтар нишин.

Акл акиб рафт.

Аллох таоло гуфт: ту кисти ва ман кистам?

Акл гуфт: ту парвардигори ман хасти ва ман бандаи заифи туам.

Аллох таъоло гуфт: ё акл, туро дар назди махлукот азиз гардонидам.

Баъд аз он нафсро офарид ва ба у гуфт: пештар ой.

Нафс ба чои худ истод, кабул накард.

Аллох таъоло гуфт: ту кисти ва ман кистам?

Нафс гуфт: ту туи ва ман манам.

Аллох таъоло сад сол нафсро дар оташи дузах азоб кард. Баъд аз он аз дузах бароварда пурсид, ки ту кисти ва ман кистам?

Нафс гуфт: ту туи ва ман манам.

Баъд аз он Аллох таъоло нафсро ба азоби гуруснагй мубтало карда, аз у пурсид, ки ту кисти ва ман кистам?

 

Нафс гуфт: ман бандаи туам, ту парвардигори ман хасти. Ба хамин сабаб Аллох таъоло си руз рузаи мохи шарифи рамазонро фарз гардонид.

Эй бандаи муъмин, хурмати ин мохи мубораки рамазонро неку нигох дор, забони худро аз дуругу гайбат ва суханчини нигох дор ва аз хасаду адовати бародари мусалмон эхтироз кун. Доимо дар тарсу тавозуьу хушуъ бош, то ки рузаи ту кабули даргохи илохи шавад.

Хазрати пайгамбар алайхи-с-салом гуфтаанд, ки шахсе аз уммати ман дар шаби аввали рамазон ба чамоат таровех гузорад, мисли рузи таваллуд аз гунох пок шавад. Дар шаби дуюм магфират кунад, Аллох таоло падару модари уро, агар муъмин бошанд. Дар шаби сеюм фариштае аз тахти арш муноди кунад, ки Аллох таъоло гунохони гузаштаи туро магфират кард. Дар шаби чахорум савоби кироати Тавроту Инчил ва Забуру Фурконро дар номаи аъмоли у нависанд. Дар шаби панчум ато мекунад Аллох таъоло савоби  намозгузорони масчиду-л-Харом ва масчиди Мадинаи Мунавара ва масчиду-л-Аксоро. Дар шаби шашум савоби . зиёрати байту-л-маъмурро дарёбад ва омурзиши уро хамаи сангу дарахт мехоханд. Дар шаби хафтум атои бо Иброхим алайхи-с-салом шудагиро ёбад. Дар шаби нухум аз савоби ибодати пайгамбарон салаллоху алайхи ва саллам бахра ёбад. Дар шаби дахум дунё ва охират дарёбад. Дар шаби ёздахум аз дунё бегунох ба хонаи охират равад. Дар шаби дувоздахум рузи киёмат руи он мисли мохтоб тобон бошад. Дар шаби сенздахум эмин бошад аз сахтии киёмат. Дар шаби чахордахум дар вакти хисоби киёмат фариштае омада ба тарових хондани у шохид гардад. Дар шаби понздахум фариштагони аршу курси бар вай салавот фиристонанд. Дар шаби шонздахум бо амри Аллох таъоло халоси ва начоти уро аз дузах китобат кунанд. Дар шаби хабдахум ато кунад Аллох таъоло савоби пайгамбаронро, дар шаби хаждахум фариштае нидо кунад, ки эй банда, Аллох таъоло аз ту рози гардид. Дар шаби нуздахум Аллох таъоло дарачоти уро дар бихишт баланд гардонад, дар шаби бистум савоби шухадо дар номаи аъмоли у сабт кунанд. Дар шаби бисту якум Аллох таъоло аз барои он банда касре дар чаннат бино кунад ва дар шаби бисту дуюм эмин гардонад Аллох таъоло уро аз хар гаму вахм. Дар шаби бисту сеюм бино гардонад Аллох таъоло шахреро ба номи у дар бихишт. Дар шаби бисту чахорум бисту чахор хочати уро Аллох таъоло раво гардонад. Дар шаби бисту панчум Аллох таъоло азоби кабр аз он банда бардорад, дар шаби бисту шашум Аллох таъоло ато кунад бо он банда савоби чихилсола ибодатро, дар шаби бисту хафтум аз сирот чун барк гузарад. Дар шаби бисту хаштум Аллох таъоло дар бихишт хазор дарача уро ато кунад, дар шаби бисту нухум савоби хазор хач дар номаи аъмоли у нависанд. Дар шаби сиюм Аллох таъоло гуяд: эй банда, ту ъабди ман ва ман парвардигори ту хастам.

Пас, муъминонро лозим аст, ки хакки мохи рамазонро нигох доранд, зеро ки руза дар чашм аст, дар забон аст, дар даст ва пой аст, хулоса хамаи аъзохои инсон бояд руза гиранд. Рузаи дахон он аст, яъне чизхои харом нахурад. Рузаи забон он аст, ки ногуфтанихоро нагуяд, хулоса хар як аъзои инсон дар мохи мутабаррики рамазон дар итоъати Аллох таъоло бошад ва кушиш кунад, ки гунохе аз он аъзохо ба вучуд наояд. Дар мохи рамазон 1 бор хатм кардани Куръони карим суннат аст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …