Главная / Илм (страница 77)

Илм

КОТС Яков Лвович

kots-yakov

КОТС Яков Лвович (3. 02. 1898, ш. Днепропетровск – 1975, ш. Киев), оториноларинголог, доктори илми тиб (1943), проф. (1944), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1945). Донишкадаи тиббии ш. Днепропетровскро ба итмом расондааст (1926). Ординатор, ассистент, мудири кафедраи ҳамин донишкада (1926 – 39). Мудири кафедраи Донишкадаи тиббии ш. Тошканд (1940 – 41), …

Муфассал »

КОФУР

kofur

КОФУР, як навъ кристалли беранг, бӯи хос дорад. К. моддаи зудбухор буда, дар об кам, дар ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ҳал мешавад. Дар табиат васеъ паҳн шудааст; ба таркиби бисёр равғанҳои эфирии растаниҳо (мас., райҳон, шубоғ, дарахтони сӯзанбарг, кофурдарахт ва ғ.) дохил мешавад. Равғани кофурдарахт манбаи асосии К. ба шумор меравад. …

Муфассал »

КОФУРДАРАХТ

kofurdaraht

КОФУРДАРАХТ (Cinnamonium camphora), дарахтест ҳамешасабз. Баландиаш 20 – 50 м. Баргҳояш ғафспӯст, муаттар; гулҳояш майдаи сафедтоб. Дар ҳама қисмҳояш равғани эфир ва кофур дорад, ки дар натиҷаи оксидшавӣ равғани кофур ҳосил мешавад. Чӯби К. хушнамуд ва хушбӯй буда, аз ҳашарот осеб намебинад. Асосан дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мерӯяд.

Муфассал »

КРАУС Адолф Андреевич

kraus-adolf

КРАУС Адолф Андреевич (1905, ш. Ригаи Латвия – 1958, ҳамон ҷо), яке аз ташкилотчиёни соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон. С. 1928 Донишкадаи тиббии Ленинградро хатм намудааст. Худи ҳамон сол бо роҳхати донишкада ба Тоҷикистон омада, дар корҳои ободонӣ ва ташкили муассисаҳои тиббӣ дар ноҳ. Кӯлоб фаъолона иштирок кардааст. С. 1930 ба …

Муфассал »

КРАХМАЛ

krahmal

КРАХМАЛ, оҳар, нишаста, ангиштоби асосии захиравии растаниҳо; формулаи умумиаш (C6H10O5)n. Дар об ҳал намешавад; бо йод ранги кабуди баланд ҳосил мекунад. Ҳангоми гидролизи нопурраи К. декстринҳо ва дар аснои гидролизи пурра – глюкоза ҳосил мешаванд. К. дар унсурҳои ҳуҷайра (хлоропластҳо ва амилопластҳо) ҳосил ва дар тухм, пиёзак, лӯндак, инчунин дар …

Муфассал »

КРЕМ

krem

КРЕМ (дар косметика), омехтаи равғанҳои ҳайвоноту наботот, моддаҳои равғанмонанд, мум, эмулгаторҳо (моддаҳои эмулсияофар) ва об. Пӯст равғанро ҷаббида, нарму чандир мешавад. Крем пӯстро аз таъсири номусоид ва пайдоиши чинҳо ҳифз менамояд. К. равғанин, эмулсиявӣ ва махсус мешавад. Азбаски К.-ҳои равғанин аҳамияти камтар доранд, онҳоро истеҳсол намекунанд. К.-ҳои эмулсиявӣ обдор буда, …

Муфассал »

КРИПТОРХИЗМ

kriptorhizm

КРИПТОРХИЗМ (Cryptorchismus), нуқси модарзоди инкишофи ҷинсӣ, ки ҳангоми он як ё ҳар ду хояи ношуд (ноқис) ба хоядон нафуромада, дар қадкашак ё дар шикам андармон мемонад. Вобаста ба ҷойгирии хоя К. қадкашакӣ ва батнӣ мешавад. Бунёд ва ташаккули хояҳои ҷанин дар девораи ақиби шикам дар шафати гурдаҳо сурат мегирад. Дар …

Муфассал »

КСЕРОСТОМИЯ

kserotomia

КСЕРОСТОМИЯ (Xerostomia; юн. xeros – хушк ва stoma – даҳон), хушк шудани даҳон, ки сабаби он кам ё қатъ гаштани ихроҷи оби даҳон аст. К. бинобар зарар ёфтани ғадудҳои оби даҳон, ихтилоли маркази ихроҷи оби даҳон, заҳролудии силсилаи асаб ва ғ. инкишоф меёбад. К. ҳамчунин аломати баъзе бемориҳо, мас., гиповитаминози …

Муфассал »

КСЕРОФТАЛМИЯ

kseroftalmia

КСЕРОФТАЛМИЯ (Xerophthalmia; юн. xeros – хушк ва ophthalmos – чашм), хушк будани мултаҳима ва қарнияи чашм. Бинобар мавт шудани ғадудҳои луобии мултаҳима ва халал ёфтани мубодилаи моддаҳо дар қарния ба вуҷуд меояд. Сабаби К. мумкин аст гиновитаминози А, сӯхтани чашм, дифтерияи мултаҳима, лагофталм, трахома ва диг. бемориҳо бошанд. Ҳангоми К. …

Муфассал »

КУБРО

kubro

КУБРО (Naja oxiana), як навъ мор. К. ҳангоми қаҳр сеяки ҷасади пеши худро рост мебардорад ва гарданашро ба шакли кафи даст васеъ мекунад. Дар қисми пеши ҷоғи боло дандонҳои калони заҳрнок дорад. Дарозиаш то 180 см; дар доманакӯҳҳо (то 1600 м аз с. б.), водиҳо, дараҳо, байни сангҳо, буттаю, харобазор, …

Муфассал »