Главная / Илм / КСЕРОФТАЛМИЯ

КСЕРОФТАЛМИЯ

kseroftalmiaКСЕРОФТАЛМИЯ (Xerophthalmia; юн. xeros – хушк ва ophthalmos – чашм), хушк будани мултаҳима ва қарнияи чашм. Бинобар мавт шудани ғадудҳои луобии мултаҳима ва халал ёфтани мубодилаи моддаҳо дар қарния ба вуҷуд меояд. Сабаби К. мумкин аст гиновитаминози А, сӯхтани чашм, дифтерияи мултаҳима, лагофталм, трахома ва диг. бемориҳо бошанд. Ҳангоми К. беморон дар чашм эҳсоси ҷисми бегона мекунанд, чашм хушкида, сӯзиш менамояд, бемор наметавонад ба рӯшноӣ нигарад, босира заиф мешавад. Дар мултаҳима доғҳои сафед пайдо шуда, қарния таровати худро гум мекунад. К. бисёр вақт дар ҳарду чашм ба вуҷуд меояд. К.-е, ки дар заминаи гиповитаминози А. инкишоф ёфтааст, боиси сар задани шабкӯрӣ мегардад.
К.-ро духтури офталмолог муолиҷа мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …