Главная / Биология / «ҲАЗЛИ» ТАБИАТ

«ҲАЗЛИ» ТАБИАТ

Таваллуди ғайритабиии одамон, ҳайвонот, хазандаҳо ва ғайра аз давраҳои кадим боз маълуманд. Масалан, дар навиштаҷотхои тахминан 4 ҳазорсола дар бораи таваллуди одамони дусараю якдаста, ду танаю яксара, каҷҷу килебии баданҳои онҳо сухан меравад.

yrod2

Дар Мисри кадим чунин модарзодҳоро муқаддас мешумориданд. Дар Спарта ва Афина бошад бачагони ноқисро бо модар якҷоя катл мекарданд. Дар Рими қадим низ одами ноқис ба куштан ҳукм мешуд.

Одамон ба ин намудҳои модарзод бо тарсу ҳарос нигоҳ мекарданд ва аз онҳо худро дар канор мегирифтанд. Агар бача аз модар маъюб, яъне ноқис таваллуд ёбад, мардумон онро қосиди ҳар гуна офат, ҷанг, гуруснагӣ. кашшоқӣ мешумориданд.

Дар асрҳои миёна модаронеро, ки бачаҳои ноқис таваллуд мекарданд, калисо бо ҷодугар ва ё бо шайтон алоқа дорад гӯён онҳоро ба қатл ҳукм мекард. Дар асрҳои XVI-XVII чунин бачагони ноқису маъюбро калисо дар байни халқ ба гулхан мепартофт. Масалан, соли 1683 дар шаҳри Копенгаген бо қарори калисо бачаи гурбаро бо модараш дар гулхан сӯзонда шуда буданд.

tsirk_urodov-696x522

Дар табиат одамони маъюб, ҳайвонот ва хазандаҳо баъзан вомехӯранд. Дар бнсёр мамлакатҳои ҷахон дар давоми чандин солҳо намунаҳои маъюбиҳои ҷонваронро ҷамъ кардаанд ва бо роҳи муқоисаи ҳамдигар сабаби ба амал омадани чунин ходисаҳои гайритабииро оқилона тасниф намудаанд.

Чунин коллексияхо бо ташаббуси Петри I соли 1717 дар осорхонаи Аҷоиботи олами Петербург гирд оварда шудаанд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …