Главная / Илм / КОТС Яков Лвович

КОТС Яков Лвович

kots-yakovКОТС Яков Лвович (3. 02. 1898, ш. Днепропетровск – 1975, ш. Киев), оториноларинголог, доктори илми тиб (1943), проф. (1944), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1945). Донишкадаи тиббии ш. Днепропетровскро ба итмом расондааст (1926). Ординатор, ассистент, мудири кафедраи ҳамин донишкада (1926 – 39). Мудири кафедраи Донишкадаи тиббии ш. Тошканд (1940 – 41), мудири кафедраи оториноларингологияи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1942 – 61). Оид ба ташхису муолиҷаи бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ беш аз 60 асару мақола навиштааст.
Ос.: Глухота и меры борьбы с ней, Сталинабад, 1945; Справочник по болезням ухо, носа и горла, Сталинабад, 1949; История развития оториноларингологии в Таджикистане, Сталинабад, 1953.

Ё. Назармамадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …