Главная / Илм (страница 24)

Илм

МАКТАБ – САНАТОРИЯ

sanatoriya

МАКТАБ – САНАТОРИЯ, муассисаест барои таҳсил ва солим гардондани кӯдакони мактабтабхон, ки гирифтори ягон беморианд. Чанд навъи М. – С. барои кӯдакони гирифтри шаклҳои ноаёни сил, касалиҳои дилу раг, баъзе бемориҳои музмини узвҳои нафас, ҳозима, амрози асаб ва рӯҳӣ мавҷуд аст. Ба М. – С. кӯдакони синнашон аз 7 то …

Муфассал »

МАҚЪАД

anus

МАҚЪАД (Anus), интиҳои рӯдаи рост. Болотар аз сӯрохи М. дар луобпардаи рӯда «сутунча»-ҳои барқади мутавозӣ ба назар мерасанд, ки фазои байни онҳо новашакл буда, аз поён бо чини М. алоқаманд аст; чини М. ҷайбча (киссача)-ҳо дорад. Новачаҳо ва ҷайбчаҳо дар якҷоягӣ ҳурфа (крипта)-ҳоро ба вуҷуд меоранд. Дар интиҳои сутунчаҳо пистонакҳои …

Муфассал »

МАЛИГНИЗАТСИЯ

malignizaciya

МАЛИГНИЗАТСИЯ ( Malignisatio; лот. maligus – зараровар), бадфарҷомӣ, раванди ба ҳуҷайраи бадфарҷом табдил ёфтани ҳуҷайраи мӯътадили ягон бофта. Зери таъсири омилҳои гуногуни омософар ба вуҷуд меояд, мас., моддаҳои саратонофар, афканишоти ултрабунафш, афканишоти ионнок, омилҳои биологӣ (вирусҳои омософар). Ҳуҷайраҳои осебёфта (ҳуҷайраҳое, ки М. шудаанд) манбаи аввалияи омоси бадфарҷомро ҳосил мекунанд. Ба …

Муфассал »

МАЛПИГИ

malpigi

МАЛПИГИ (Malpighi) Марчелло (10. 03. 1628, Кревалкоре – 30. 11. 1694, Рим), биолог ва духтури италиявӣ, аъзои Ҷамъияти подшоҳии Лондон. Дар Ун-ти Болоня таҳсил кардааст. Доктори илмҳои тиб (аз 1653), проф. (1656 – 91). Яке аз асосгузорони анатомияи микроскопии растаниҳо ва ҳайвонот. Бо ёрии микроскоп трахея ва гардиши капиллярии хунро …

Муфассал »

МАЛТОЗА

maltoza

МАЛТОЗА (англ. malt – орди майса), қанди орди майса, дисахариди табиӣ; аз боқимондаи ду молекулаи глюкоза иборат аст. М. дар таркиби дони нешзадаи ҷав, ҷавдор ва диг. ғалладонаҳо, инчунин помидор, гард ва шаҳди гули базе растаниҳо вуҷуд дорад. Дар об нағз ҳал мешавад; таъмаш ширин мебошад. Миқдори М. дар хун …

Муфассал »

МАММОГРАФИЯ

mamografiya

МАММОГРАФИЯ (Mammographia; юн. pamma – пистони зан ва …графия), рентгенографияи ғадуди шир бидуни истифодаи васоити рентгеноконтрастӣ. М. усули асосии ташхиси бемориҳои гуногуни ғадуди шир, аз ҷумла бемории саратон дар давраҳои аввал мебошад. М.-ро дар ҳолатҳои дар сина пайдо шудани ҷисми сахти пайдоишаш номаълум, аз пистон омадани тарашшӯҳот (агар ба ҳомилагӣ …

Муфассал »

МАНБАИ ТАБИИИ БЕМОРИҲО

tabiat

МАНБАИ ТАБИИИ БЕМОРИҲО, хусусияти як қатор бемориҳои сирятист, ки ангезандаи онҳо дар ҳудуди муайян бидуни тамос бо одамон ё ҳайвоноти хонагӣ, дар организми ҳайвоноти ваҳшӣ паразитӣ мекунанд. Чунин бемориҳоро бемориҳои манбаашон табиӣ ва маҳаллеро, ки ангезандаи ин бемориҳо вомехӯрад, манбаи табиӣ меноманд. Мафҳуми «манбаи табиӣ»-ро с. 1938 акад. Е. Н. …

Муфассал »

МАНГАН

mangan

МАНГАН (Manganum), Mn, элементи химиявии гурӯҳи VII ҷадвали Менделеев; рақами ат. 25, массаи ат. 54,9380; металли вазини сафеди нуқратоб. М.-ро якумин маротиба олими швед Ю. Ган с. 1774 дар натиҷаи гарм кардани омехтаи пиролюзит ва ангишт ҳосил намуд. М. 0,1%-и қишри Заминро ташкил мекунад. М. дар саноат бо усули электролиз, …

Муфассал »

МАНЗИЛ

manzil

МАНЗИЛ, хона, маконест барои ҳифзи одам аз таъсири обу ҳаво (гармо, сармо, шамол, барфу борон), инчунин истироҳат ва кору зиндагии инсон. Хона сохтан яке аз намудҳои асосӣ ва фаъолияти нахустини бинокории инсон мебошад. Шаклҳои М. ба дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, муносибатҳои иҷтимоӣ, тарзи зист, хусусиятҳои моддию маънавӣ ва муҳити географӣ …

Муфассал »

«МАНЗУМА ДАР БАЁНИ МУОЛАҶОТ»

kitob

«МАНЗУМА ДАР БАЁНИ МУОЛАҶОТ», асари табиби маъруфи ҳинд Абӯбакри Сиддиқи Ногурӣ. Китоб ба назм буда, с. 1615 ба забони тоҷикӣ тасниф шудааст. Нусхаи хаттии он дар дасти муаллифи китоби «Ас-Сақофату-л-исломия» Абдулҳай ал-Ҳасанӣ маҳфуз будааст. Ад.: Абдулҳай ал-Ҳасанӣ, «Ас-Сақофату-л-исломия фӣ-л-Ҳинд», Димишқ, 1983. С. Шаҳобуддинов.

Муфассал »