Главная / Илм / МАНЗИЛ

МАНЗИЛ

manzilМАНЗИЛ, хона, маконест барои ҳифзи одам аз таъсири обу ҳаво (гармо, сармо, шамол, барфу борон), инчунин истироҳат ва кору зиндагии инсон. Хона сохтан яке аз намудҳои асосӣ ва фаъолияти нахустини бинокории инсон мебошад. Шаклҳои М. ба дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, муносибатҳои иҷтимоӣ, тарзи зист, хусусиятҳои моддию маънавӣ ва муҳити географӣ вобаста аст. Дар замони ҷамоаи ибтидоӣ одамон дар заминкан, чайла ва ғорҳо зиндагӣ мекарданд. М.-ҳои якка муддати дароз дар бисёр халқҳо, махсусан дар байни кӯчиён, боқӣ монданд. Дар давраи пайдоиши ҷамъияти синфӣ ба сохти М. хусусиятҳои моддию маънавии тоифаҳои гуногуни аҳолӣ таъсир расонид. Дар ҷамоаи ғуломдорӣ дар баробари М.-ҳои оддии бенавоён ва ғуломон, хонаҳои боҳашамат, работ ва қасрҳо сохта мешуданд, ки ҳуҷраҳои зиёди гуногун доштанд. Дар замони ҷамоаи феодалӣ фарқи иҷтимоии М.-ҳо боз ҳам зиёд шуд. Заминдор ва наздикони ӯ дар кӯшкҳои мустаҳкам, деҳқонон дар хонаҳои фақирона зиндагӣ мекарданд.
Шартҳои умумии гигиении манзилгоҳ. Сохтмони М. аз рӯи лоиҳаи якхела ва мувофиқи талаботи қабулшудаи гигиенӣ ба амал бароварда мешавад. Хонаҳоро вобаста ба таъинот бо тарзҳои гуногун месозанд: ба шакли квартира – барои зисти оила; чун меҳмонхона – барои оилаҳои хурд ва одамони танҳо, инчунин барои мусофирон; хобгоҳ – барои муваққат зиндагӣ кардани донишҷӯён, коргарони сохтмон ва ғ.
Шароит ва беҳбудии вазъи санитарии хона ба миқдори ошёнаҳои бино вобаста аст. Аз рӯи ин аломат биноҳо ба камқабат ва бисёрқабат (зиёда аз 4 қабат) ҷудо мешаванд. Дар биноҳои бисёрқабат дараҷаи хизмати санитарию техникӣ баланд буда, дар онҳо лифт, қубури ахлотпартои мутамарказ мавҷуд аст. Дар айни замон касоне, ки дар биноҳои камқабат зиндагӣ мекунанд, замини назди ҳуҷраи худро барои гулкорию ниҳолшинонӣ истифода бурда метавонанд. Ба чунин биноҳо дарахтон соя афканда, тобистон сокинонро аз гармӣ муҳофизат мекунанд. Дар маҳалҳое, ки биноҳои камқабат мавҷуданд, аҳолӣ нисбат ба маҳалҳои биноҳояшон бисёрқабат хеле кам аст.
Сохти манзил. Хонаи истиқоматӣ аз ҳуҷраҳои гуногун (ҳуҷраи бачагон, ҳуҷраи хӯрокхӯрӣ, ҳуҷраи хоб, ҳуҷраи корӣ) ва утоқҳои иловагӣ (даҳлез, ошхона, ваннахона, мабраз, анборча) иборат мебошад.
Хонаро тавре бояд созанд, ки нағз шамол дода шавад, нури офтоб расад, ҳуҷраҳои истиқоматӣ аз ошхона, ваннахона, мабраз, санузел ва зинопоя дур ҷой гирифта бошанд. Барои пухтупаз, шустушӯ, истироҳат ва бароҳат ҷой гирифтани аъзои оила бояд шароити мусоид муҳайё гардад. Ҷойгирии ҳуҷраҳо ба таъиноти онҳо низ вобаста аст. Рафоҳияти ҳуҷра ба сохти хона низ вобаста мебошад. Дар ҳуҷрае, ки сохти росткунҷаи дарозрӯя дорад, ҷойгир намудани мебел мушкил аст (даруни ин гуна хона низ торик аст). Ҳоло ҳуҷраҳое месозанд, ки дарозии онҳо аз 6 м зиёд нест. Агар таносуби дарозӣ ва бари ҳуҷра аз 1:2 в 3:4 зиёд набошад, шакли он ҳуҷраро хеле хуб меҳисобанд. Дар ҳамаи биноҳо манзилҳои кушодаи тобистона (балкон, пешайвон) сохта мешаванд.
Таҳвияи манзил. Таҳвияи хона ва тоза нигоҳ доштани ҳавои он яке аз талаботҳои асосии санитарию гигиении М. мебошад. Маълум аст, ки ҳавои хона бо гази карбон, намии ҳавои нафас ва заррачаҳои оби даҳон, ки ҳангоми гуфтугӯ, сулфа, атса ва ханда ихроҷ шуда, микробҳои зиёд, аз ҷумла микробҳои бемориовар доранд, олуда мешавад. Бо пойафзор, либос, инчунин ба тавассути ҳавои берун ба хона чанг медарояд. Дар вақти кашидани сигор ба ҳаво никотин ва диг. моддаҳои заҳрнок ихроҷ мешаванд. Ҳангоми нодуруст истифода бурдани асбобҳои гармкунӣ ва газ ҳавои хона бо оксиди карбон олуда шуда, мумкин аст боиси заҳролудии одамон гардад. Инчунин аз арақи бадан, сару либос, баъзан аз рутубати девор, ошхона, мабраз ва ғ. дар хона бӯи нохуш пайдо мешавад.
Барои тозагии ҳавои М. бояд дар он гардиши ҳаво нағз бошад, яъне ҳавои хона бо ҳавои тоза иваз шуда истад. Ин кор тавассути таҳвия (вентилятсия) муяссар мешавад. Барои таҳвияи хуби табиии ҳаво дар тирезаҳо бодхон месозанд. Ҳаҷми бодхан аз 0,3 м2 набояд хурд бошад.
Барои салқин шудани хона, мӯътадил нигоҳ доштани ҳарорати он, тоза кардани ҳаво аз кондитсионер истифода мебаранд.
Равшаноии манзил. М.-ро бо роҳи табиӣ, сунъӣ ва омехта равшан мекунанд. Равшаноии табиӣ аз ҳисоби нурҳои рости офтоб аст. Равшаноии хуби М. тавассути рӯ ба ҷануб ва аз якдигар дар масофаи на камтар аз баландии бинои ҳамшафат сохтани биноҳо ва бо рангҳои равшан рангубор кардани онҳо муяссар мегардад. Равшании ҳуҷра ба дарозии он низ вобаста аст. Ҳуҷрае, ки дарозиаш аз масофаи дукаратаи боли чорчӯбаи тиреза то фарш зиёд нест, равшании хуб дорад. Сохти тиреза, одатан, чоркунҷа буда, тарафи дарози онро дар хонаҳои баланд ба таври амудӣ ва дар хонаҳои паст ба таври уфуқӣ ҷой медиҳанд. Тирезаи ифлос то 50 фоиз ва тӯрпарда то 40 фоизи равшаниро нигоҳ медорад. Девор ва шифти рангаш баланд равшании хонаро зиёд мекунад, зеро нур дар сатҳи равшан борҳо инъикос меёбад. Коэффитсиенти инъикос, ки баъд аз инъикос то кадом дараҷа боқӣ мондани рӯшноиро нишон медиҳад, барои ранги зардтоб 0,70 – 0,80, сабзи равшан 0,42 – 0,47, хокистарранги паст 0,40 – 0,50, ҷигарӣ 0,11, сабзи баланд 0,12 мебошад.
Барои равшании сунъӣ аз лампаҳои электрии каммасраф истифода мебаранд. Се тарзи равшансозии сунъии М. – и умумӣ, яктарафа ва омехта мавҷуд аст. Равшансозии омехта мақбултар аст, зеро дар ин ҳол дар баробари хона инчунин ҷои кор низ равшан карда мешавад.
Аз ҷиҳати беҳдошт рӯшноие, ки барои фаъолияти қувваи босира зарур аст, бояд камаш 50 – 100 лк бошад. Нафақат иқтидори лампа, балки сарпӯш, ҷои истодаи чароғ ва диг. омилҳо низ хеле муҳиманд. Рӯи шишаи чароғро зуд-зуд тоза бояд кард, зеро агар он ифлос бошад, пас аз як моҳ равшанӣ 10 – 15 фоиз кам мешавад. Ҳангоми интихоби сарпӯши лампа дар назар бояд дошт, ки дарозии мавҷи нур гуногун аст. Нури сурх (дарозии мавҷаш 760 нм) таъсири ангезанда дорад; нурҳои дарозии мавҷашон нисбатан кӯтоҳ (сабз ва кабуд) оромибахшанд.
Барои равшансозии умумии ҳуҷраи баланд қандили иборат аз 3 – 5 лампаро тавсия мекунанд. Сарпӯшҳо мумкин аст аз боло ё аз поён кушода бошанд. Дар ҳуҷраи баландиаш 2,7 – 2,8 м чароғи иборат аз 2 – 3 лампаро овехтан лозим аст; чароғи сарпӯшаш аз поён кушодаро ба кор бурдан ҷоиз нест, зеро дар ҳуҷраи начандон баланд лампаҳо ялаққос мезананд. Дар баъзе ҷои хона торшер (чароғи поядор) мегузоранд, ки нури ҳаловатбахш дорад; онро дар назди диван, курсиҳои нарм мондан хеле хуб аст.
Барои хуб равшан кардани ҷои кор чароғро тавре мегузоранд, ки рӯшноӣ аз тарафи чап буда, ба чашми кас аз пеш рост наафтад. Ҳангоми машғулият ё кор (махсусан барои бачаҳо) нафақат мизи корӣ, балки тамоми хона низ бояд равшан бошад. Хусусияти кор низ ба назар гирифта мешавад. Чунончи, агар ягон чизи сиёҳро бо риштаи сиёҳ дӯхтан хоҳед, хона бояд хеле равшан бошад. Чунин равшаниро лампаи иқтидораш 100 вт дар масофаи тақрибан 20 см ба вуҷуд меорад. Ҳангоми нақшакашӣ коғази ватман бо лампаҳои иқтидори умумиашон 150 вт дар масофаи 80 – 100 см хуб равшан мешавад. Ҳангоми муддати дароз хондан ва навиштан аз чароғи рӯимизӣ ё торшере, ки лампаи иқтидораш 60 вт дорад, истифода бурдан лозим аст. Бояд ранги лампаи чароғ сафед бошад.
Микроиқлими М. ба намӣ, гардиши ҳаво, ҳарорати дару деворҳо вобаста аст. Азбаски омилҳои микроиқлим ба организм таъсири калон доранд, хона бояд доимо гармии муайян дошта бошад. Дараҷаи ҳарорати М. вобаста ба иқлими муҳит, фаъолияти ҷисмонӣ, синну сол ва ҷинси одам хеле гуногун аст. Барои шахсе, ки дар ҳолати оромӣ ё машғули кори сабуки ҷисмонист, он дар зимистон 20 – 220 , дар тобистон 20 – 250 (дар ҳолати 30 – 60 фоиз будани намии нисбӣ ва аз 0,25 м/сон. зиёд набудани суръати гардиши ҳаво) мебошад. Агар дар ҷои зисти одам тағийри ҳарорат дар ҳудуди 0,5 – 1,50 бошад, пас он шароити мувофиқи зист аст.
Дар доираи ҳарорати мӯътадил то 10 фоиз каму зиёд шудани намии нисбии ҳаво ба организм чандон таъсир надорад. Дар шароити мусоиди микроиқлим гардиши ҳаво дар зимистон аз 0,5 м/сон. ва тобистон аз 0,25 м/ сон. набояд зиёд бошад. Барои гармии мӯътадил зарур аст, ки тафовути ҳарорати деворҳо ва ҳавои хона аз 20 паст набошад.
Баъзан рутубати зиёд микроиқлими хонаро хеле бад мекунад. Ин ҳолат дар натиҷаи нодурустии шароити зист – нокифоя будани гармӣ ва таҳвияи хона, бисёр будани сокинони он, дар хона ҷомашӯӣ кардан ба вуҷуд меояд. Намӣ ба саломатии одам таъсири бад дорад. Аз намии нисбатан баланд (беш аз 70 фоиз) одам гармии баданашро бисёр талаф дода, хунук мехӯрад, ихроҷи намии пӯсту шуш кам мешавад. Намӣ хусусан ба одамони гирифтори бемориҳои шуш, сил таъсири ногувор расонида, ба хурӯҷи беморӣ мусоидат мекунад. Дар М. – и сернам микроорганизмҳо нағз инкишоф меёбанд. Ба вайрон шудани ҳавои М. – и сернам занбӯруғ ва мағорҳое, ки дар кунҷҳои девор ва анҷоми хона инкишоф ёфтаанд, низ мусоидат мекунанд. Озуқаворӣ низ нам кашида, зуд вайрон мешавад. Дар натиҷаи зуд-зуд шамол дода нағз гарм кардан намнокии хона нест мешавад. Барои даромадани нури офтоб пардаи хонаи сернамро тамоми рӯз кушода мемонанд. Девори ин гуна хонаро бо рангҳои равғанӣ ранг намекунанд, зеро дар рӯи ранг намӣ бештар ҷамъ мешавад.
Гармкунӣ сарфи назар аз тағйири обу ҳавои берун дар давоми шаборӯз бояд ҳарорати хонаро як хел (тағйири он, агар хона аз печка гарм бошад, то 4 – 60 ва агар аз системаи марказӣ гарм шавад, 2 – 30 қобили қабул аст) ва мӯътадил нигоҳ дорад (фарқи ҳарорат дар самти уфуқӣ аз тиреза то девори муқобил аз 20 ва дар самти амудӣ дар ҳар метр аз 10 зиёд набошад); ба хона маҳсули зарарноки сӯзиш ва гази ғубор набояд дохил шавад.
Барои гарм кардани хона аз печка истифод мебаранд. Ҳангоми кор фармудани печка ба чунин қоидаҳо риоя намудан зарур аст: шабона ба печка то соати 20 алав мемонанд; дар назди печка сӯзишворӣ (ангишт, ҳезум) намегузоранд ва печкаи даргирифтаро ба назорати калонсолон вомегузоранд: ҳезум ва ангишти печкаро мунтазам кофта меистанд, то ки ҳамаи он баробар сӯзад; сарпӯши дудкаши печкаро фақат пас аз пурра сӯхтани сӯзишворӣ мепӯшонанд. Печкае, ки даричаҳои ҳавоногузар дошта, қисми ҷойгиршавии сӯзишворӣ ва дудкаши он аз рӯи конструксияи махсус сохта шудааст, беҳтар ва хубтар аст. Дар чунин печка сӯзишворӣ оҳиста-оҳиста месӯзад ва он нағз гарм шуда, муддати дароз хунук намешавад. Истифодаи ин гуна печка барои одам хатари ғуборгирӣ надорад.
Дар мавриди аз системаи гармидиҳии марказӣ гарм кардани М. оби ҷӯш ё буғ бо ғулбаҳо ҷорӣ шуда, ба радиаторҳо меояд. Радиаторҳоро дар девор ва зери тирезаҳо ҷойгир мекунанд. Ҳарорати миёнаи сатҳи радиаторҳо бояд камаш 60 – 700 бошад. Дар М.-ҳои ҳозира аз усули гарм кардани девор, шифт ё фарш низ истифода мебаранд. Ҳарорати сатҳи чунин гармкунакҳо аз ҳарорати сатҳи радиаторҳо паст мебошад (барои сатҳи шифт он дар ҳудуди 28 – 300 , барои сатҳи девор тахминан 40 – 450 аст).
Садоногузаронӣ. Шавқуни кӯча ва асбобҳои саноатии корхонаҳои хурде, ки дар биноҳои истиқоматӣ ҷойгиранд, садои насос ва моторҳои обкашӣ, садои лифт, вентилятор, инчунин шавқуне, ки аз ғалоғӯлаи кӯдакон, садои баланди радиоприёмникҳо ва ғ. ба амал меояд, ба одам таъсири хеле ногувор мерасонанд. Шавқун муассири қувваи сомеа ва системаи асаб мебошад. Ҳангоми шавқуни начандон баланд хоби кас душвор ва нороҳат мегардад.
Барои кам шудани шавқун дар М. чоҳ ва қисми мошинии лифтҳоро аз ҳуҷраҳои истиқоматӣ дуртар месозанд; дар назди девори ҳуҷра ғулбаи ахлотпартоӣ ва бевосита дар зери хона таҷҳизоти мошинӣ, обгармкунӣ, насос ва ғ. сохта намешаванд. Дар девори байни хонаҳо ва ҳуҷраҳои дохили М. ҷой додани таҷҳизоти санитарию техникӣ ҳаргиз мумкин нест. Ҳамчунин дар биноҳои истиқоматӣ ҷой додани стансияи фаръии трансфарматорӣ, ошхонаю қаҳвахона барои зиёда аз 100 наф., ошхонаҳое, ки барои беш аз 500 кас хӯрок тайёр мекунанд манъ карда шудааст.
Талаботи гигиенӣ барои баъзе ҳуҷраҳои М. Даҳлез ҳуҷраҳоро аз шавқун ва ҳавои хунуки даромадгоҳ муҳофизат мекунад. Баробари ба даҳлез даромадан, меҳмон оид ба М. – и шумо таассуроти аввалин ҳосил мекунад. Одатан, даҳлез хонаи дарозрӯяест, ки чанд дар дорад. Ҳангоми ороиши даҳлез пеш аз ҳама ба он диққат бояд дод, ки дару деворҳо ба ҳам мувофиқ бошанд. Барои ин ба девор то баландии дари калонтарин тахта мезананд ва ё ҳамаи дарҳоро чунон рангубор мекунанд, ки он ба ранги девору шифт мувофиқат кунад. Девори даҳлезро гулкоғази рангаш хокистарӣ ё зарди равшан, ки рахҳои борик дорад, хеле базеб мекунад. Дар даҳлез бояд мебели одии зарурӣ истад, то ки ба рубучин халал нарасонад. Бари либосовезак аз 1,3 – 1,4 м васеъ набуда, бояд 5 – 6 чангак дошта бошад. Хуб мешуд, агар дар назди либосовезак оинаи барқаде ҷой дода шавад. Аз тарафи чап ё рости оина чароғ мегузоранд. Ҳангоми интихоб ва ҷойгир кардани либосовезак хурдсолонро фаромӯш набояд кард; чангаки либосовезакро тавре бояд ҷой дод, ки ба он дасти кӯдак расад. Агар имкон бошад, дар даҳлез барои пойафзор ҷевончаи паст мегузоранд.
Ҳуҷраи умумӣ (хонаи калон, меҳмонхона), одатан, ҳуҷраи калонтарини М. аст. Ин ҳуҷра ба чанд мақсад кор фармуда мешавад. Мо рӯзона дар он ба ягон кор машғул мешавем, шабонгоҳ, он ҷо тамоми аъзои оила ҷамъ шуда сӯҳбат ва истироҳат мекунанд, намоишҳои телевизионро мебинанд.
Барои истироҳат дар хонаи калон пеш аз ҳама мебелро дуруст ҷой додан лозим аст. Бо ин мақсад дар хона гӯшаҳои гуногун ташкил медиҳанд. Гӯшаи истироҳатиро бояд тавре тартиб дод, ки дар ороиши умумии хона назаррас бошад. Онро дар назди тиреза ҷой дода бо гул ва растаниҳои хонагӣ оростан мувофиқи мақсад аст. Барои гӯшаи истироҳат ягон кунҷи оромро интихоб мекунанд. Одатан, дар гӯшаи истироҳат мизи росткунҷаи паст, диван (диван-кат) ва ду ё се курсии нарм, телевизор мегузоранд. Телевизорро дар болои мизи махсус тавре ҷой медиҳанд, ки экрани он ба чашмони одами дар рӯи диван ё кресло нишаста тақрибан дар як самт бошад.
Аксаран дар меҳмонхона барои навиштан миз мегузоранд. Мизи хатнависӣ ё тахтаи оддӣ, ки дар назди тиреза истодааст, якҷоя бо ҷевон барои дарс тайёр кардани кӯдакон мусоид аст.
Агар ошхона хурд бошаду фақат барои пухтупаз кор ояд, пас мизи ғизоро дар ҳуҷраи умумӣ мегузоранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки бисёр вақт дар меҳмонхона фақат бо меҳмон хӯрок мехӯранд. Вақтҳои дигар аъзои оила дар ошхона тановул мекунад. Дар ин ҳол гӯшаи истироҳат ва ҷои хӯрокхӯриро дар як хона ҷойгир кардан мумкин аст.
Дар хонаи умумӣ рахти хоб низ мегузоранд. Агар хона якҳуҷрагӣ бошад, барои кӯдак гӯшае ҷудо карда, онро ба мисли хонаи кӯдак оро медиҳанд.
Ба қисмҳо ҷудо кардани ҳуҷраро чароғпоя ва қолини бо ҳам шинами гӯшаи истироҳат хело базеб мекунанд. Барои равшании ҳуҷра 3 – 4 чароғро истифода бурда, онҳоро дар гӯшаҳои ба ҳам мувофиқ ҷой медиҳанд. Маъмулан, интихоби чароғ ба он вобаста аст, ки мо онро ба кадом мақсад – барои равшан кардани тамоми ҳуҷра, рӯи миз, ҳамчун чароғи наздикатӣ ё барои хондани китоб кор мефармоем. Кадом чароғе, ки набошад, бояд тақрибан нисфи нури он барои равшан кардани тамоми хона равона шавад.
Одатан, тирезаҳои меҳмонхонаро рӯ ба ҷанубу шарқ, ҷануб ё ҷанубу ғарб месозанд. Аз ин рӯ, чунин хона тамоми рӯз равшан буда, тобистон хеле гарм аст. Барои кам кардани равшанӣ ва аз нури офтоб муҳофизат намудани хона аз жалюзҳо истифода мебаранд, ки аз дарун ба тиреза овехта мешаванд.
Ба фарши хона бештар ранги ҷигарии баланд молидан одат шудааст. Аммо ранги ҷигарии равшан ва зардтоб фаршро хеле хушнамуд мекунад. Ба фарши паркетӣ лок мемоланд. Агар дар хона одам бошад, дар вақти лок кардани фарш ба тамоми тадбирҳои эҳтиётӣ риоя намудан лозим аст, зеро дар таркиби лок моддаҳои химиявӣ мавҷуданд ва онҳо бухор шуда, ба организм таъсири номусоид мерасонанд. Ҳангоми локдиҳии фарши хона бодхани тирезаро мекушоянд ва сонӣ хонаву либоси танро нағзакак шамол дода, дар таги душ бо собун шустушӯ мекунанд.
Ҳуҷраи кӯдак. Ба кӯдакон одатан, ҳуҷраи равшан, гарм ва офтобрӯяро ҷудо мекунанд. Баъзе волидайн ҳуҷраи кӯдаконро аз ҳад зиёд гарм нигоҳ медоранд, ки ин хеле хатарнок аст, зеро кӯдак дар давоми рӯз дар як ҷо нанишаста, ба дигар хонаҳо низ давутоз мекунад. Ин фарқи ҳарорат ва намии ҳуҷраҳо ба кӯдак таъсири номусоид мерасонад. Дар айни ҳол бояд кӯшид, ки микроиқлими мӯътадили ҳуҷраи кӯдак қатъӣ риоя карда шавад. Хонаро мунтазам, алалхусус дар зимистон, тавре шамол медиҳанд, ки бодғар ба вуҷуд наояд.
Дар ҳуҷраи кӯдак мебели махсуси кӯдакона мегузоранд. Дар хона набояд ягон ашёи барзиёд истода бошад. Мебелро тавре ҷой медиҳанд, ки ба рӯбучини хона халал нарасонад. Ба кӯдак барои бозиҳои серҳаракат низ ҷой ҷудо кардан лозим аст (махсусан барои кӯдаки синни томактабӣ ва хурди мактабӣ). Дар ҳуҷраи кӯдак барои машғулият ва истироҳат гӯшаи махсус тартиб медиҳанд. Гӯшаи кориро дар назди тиреза ҷойгир мекунанд, зеро он бояд равшан бошад. Дар ҷои кори кӯдаки синни томактабӣ барои бозӣ ва машғулият (пластилинбозӣ, расмкашӣ) мизи хурд ва барои бозичаҳо раф мегузоранд. Мизи бозии кӯдак бояд росткунҷа бошад, зеро ҳангоми машғулият дар паси мизи мудаввар қафаси синаи кӯдак ба рӯи миз ҷафс ва ҳангоми расмкашӣ оринҷҳои ӯ овезон мешаванд (ин боиси хастагии кӯдак гардида, ба пайдоиши малакаҳои зарурӣ халал мерасонад). Кӯдаки хурдсол аксар вақт дар рӯи фарш бозӣ мекунад, аз ин рӯ дар ҷои бозии ӯ ба рӯи фарш қолинча, палос ва ё пойандоз густурдан лозим аст.
Мактаббача бояд барои тайёр кардани дарсҳо мизи махсус дошта бошад ва онро дар назди тиреза тавре мегузоранд, ки равшанӣ рост ё аз тарафи чап афтад. Агар миз баланд бошад, ба таги пой ягон қуттӣ ё курсича гузошта, пойҳои курсиро дарозтар мекунанд, то ки қомати бача ҳангоми навиштан вазъи дуруст гирад. Вазъи нодуруст гирифтани бадан дар вақти навиштан боиси наздикбинӣ ва каҷшавии сутунмӯҳра мегардад. Барои машғулияти мактаббача тахтаи деворӣ низ лозим аст. Мувофиқи қаду қомати бача баландию пастии тахтаро бо мурури вақт тағйир медиҳанд.
Ҳуҷраи кӯдак бояд хеле равшан бошад. Аз ин сабаб пардаи тирезаи онро напӯшонда, дару тиреза ва девору фаршро бо рангҳои равшан рангубор мекунанд ё ба девор гулкоғази кушодранг часпонда, мебели рангаш равшан мегузоранд. Махсусан шишаи тирезаи ҳуҷраро зуд-зуд шустан лозим аст. Барои равшан кардани тамоми ҳуҷра чароғро дар шифт ва дар он ҷое, ки кӯдак бозӣ мекунад, меовезанд. Дар ҳуҷраи кӯдак шабчароғ низ бояд бошад (иқтидораш 8 – 15 Вт).
Ҷои машғулияти кӯдакро низ хуб равшан кардан лозим аст. Пеш аз ҳама аз асбобу анҷоми пурҷило бояд даст кашид, зеро он ба қувваи босира ва асабҳои кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Миз ва ашёи рӯи он бояд ранги беҷило дошта бошанд. Ҷилои ашё ба мавқеи чароғ низ вобаста аст. Ба рӯи миз ё тахтаи корӣ оинаеро гузошта, дурустии ҷои чароғро муайян мекунанд; агар дар оина чароғ намоён бошад (аз он нуқтае, ки чашмони кӯдак ҷой гирифтаанд), пас коғзи шаффофи китоб ва дафтар низ аз нури чароғ ҷило медиҳад. Дар натиҷа бача ҳарфҳоро нағз надида, чашмонаш зуд хаста мешаванд. Ҳангоми интихоби лампаи чароғи рӯимизӣ пеш аз ҳама сатҳи рӯи мизро ба назар мегиранд. Агар кӯдак ҳанӯз хурд бошад, барои ӯ чароғи деворӣ хеле қулай аст, зеро онро болою поён карда, равиши нурро дар рӯи миз тағйир додан мумкин аст. Нури чароғро каме аз пеш аз тарафи чап равона мекунанд, ки масофаи он то сари кӯдак аз 40 см ва то рӯи миз аз 50 см кам набошад (лампа бояд аз зери сарпӯш нанамояд). Агар кӯдак калон бошаду дар паси миз фақат дарс тайёр кунад, пас барои равшании миз аз чароғи рӯимизӣ истифода мебаранд.
Ҳуҷраи хоб. Вобаста ба масоҳати квартира (манзилгоҳ) ва шумораи аъзои оила чанд намуди ҳуҷраи хоб мавҷуд аст: ҳуҷра фақат барои хоб, ҳуҷраи хоб якҷоя бо ҳуҷраи кӯдак, ҳуҷра барои хоб ва машғулият. Ҳуҷрае, ки барои хоб муайян шудааст, бояд алоҳида ва ором бошад. Ҳоло ҳуҷраи хобро тавре меҷиҳозонанд, ки он рӯзона чун ҳуҷраи корӣ истифода бурда мешавад, зеро на ҳар кас имкон дорад дар ин хона гарнитури хоб гузорад. Дар назди тирезаи ҳуҷра барои машғулият мизи махсуси ғуншаванда мегузоранд, ки хеле қулай аст.
Дар аксар М.-ҳои ҳозира ҷои ҷевонҳоро пешакӣ муайян мекунанд. Барои равшан кардани хуҷраи хоб, ғайр аз чароғи умумӣ, инчунин чароғҳои деворӣ ва барои равшан сохтани миз чароғҳои рӯимизӣ кор мефармоянд.
Ошхона бояд аз дигар ҳуҷраҳо ҷудо бошад. Асбобу анҷоми ошхона ба сохти М. ва шумораи аъзои оила вобаста аст. Маҷмӯи зарурии мебеле, ки ба талаботи гигиении пухтупаз мувофиқат мекунад, чунин аст: миз-ҷевон барои шустану пора кардани маҳсулоти хӯрокӣ ва нигоҳ доштани зарфҳо; ҷевонҳои деворӣ барои гузоштани озуқавории хушк ва косаю табақ; плитаи газӣ (ё электрӣ), яхдон ва дастшӯяк.
Дар даруни ҷевончаи зери дастшӯяк сатили ахлот, ҷорӯб, латта ва диг. чизҳои заруриро мегузоранд. Ҳавои ошхона бояд мунтазам иваз шуда истад. Агар таҳвияи ҳаво бад бошад, дар ошхона нафақат ҳарорат, балки намӣ низ меафзояд, зеро ҳангоми сӯхтани 1м3 газ 800 г об ҳосил мешавад.
Барои аз гази карбон ва дуд тоза кардани ҳавои ошхона дар болои плита электрофилтр овехтан мувофиқи мақсад аст. Аз ҷиҳати гигиенӣ плитаи электрӣ хубтар мебошад.
Фарши ошхонаро бо масолеҳе рӯпӯш мекунанд, ки ба се талаботи гигиенӣ мувофиқ аст (шаффоф, бадошт, «гарм»). Ин гуна масолеҳ пластик мебошад. Пластик бадошт буда, нағз тоза мешавад. Фаршро бо кафел ё семент рӯпӯш кардан ҷоиз нест; ин гуна фарш нағз тоза шавад ҳам, хеле хунук аст.
Девори ошхонаро бо ягон масолеҳи ба намӣ тобовар рӯпӯш мекунанд (то ки бо латтаи нам ё исфанҷ пок карда шавад). Аз ҷиҳати гигиенӣ ранги равғании равшан хеле хуб аст. Инчунин ба девори ошхона гулкоғази шусташаванда низ мечаспонанд.
Дар ошхона ба равшании ҷои пухтупаз диққати махсус медиҳанд. Ба одаме, ки дар ошхона машғули пухтупаз аст, равшанӣ бояд аз тарафи чап ё аз боло афтад.
Мустаро (санузел) аз ваннахона бо дастшӯяк ва мабраз иборат буда, мавҷудияти он дар ҳар як манзил ҳатмист. Ваннахона бояд ванна, дастшӯяк, оби гарму хунук, сачоқовезак ва чароғ дошта бошад. Агар дар ваннахона оби гарм набошад, аз термекс ё колонкаи газӣ истифода мебаранд. Ваннахона ва мабраз бояд ҳамавақт тоза бошанд. Нишастгоҳи мабразро ҳар рӯз бо чӯткаи махсус мешӯянд.
Баъд аз оббозӣ ваннаро нағзакак шустан лозим аст. Барои пош нахӯрдани оби душ дар ванна аз пардаи обногузар (плёнка) истифода мекунанд. Ҳангоми шустани ванна ҷои обрави онро аз боқимондаҳои собун, нахи дастмол ва мӯй, панҷараи вентилятсиони (ҳаводаро)-ро аз чанг бояд тоза кард.

С. Р. Миралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …