«МАНЗУМА ДАР БАЁНИ МУОЛАҶОТ», асари табиби маъруфи ҳинд Абӯбакри Сиддиқи Ногурӣ. Китоб ба назм буда, с. 1615 ба забони тоҷикӣ тасниф шудааст. Нусхаи хаттии он дар дасти муаллифи китоби «Ас-Сақофату-л-исломия» Абдулҳай ал-Ҳасанӣ маҳфуз будааст.
Ад.: Абдулҳай ал-Ҳасанӣ, «Ас-Сақофату-л-исломия фӣ-л-Ҳинд», Димишқ, 1983.
С. Шаҳобуддинов.