БРОНХАДЕНИТ (Bronchadenitis; аз бронхҳо ва юн. aden – ғадуд), илтиҳоби ғуддаҳои лимфавии назди бронхҳо ва трахея. Дар амалияи клиникӣ бештар Б.-и силӣ ё сили лимфағуддаҳои дохили сина (асосан дар кӯдакон ва наврасон) мушоҳида мешавад.
Б. бисёр вақт чун лимфаденит ҳангоми пневмония, бронхит, бемориҳои илтиҳобии ҳанҷара хуруҷ меёбад. Аломати асосии Б. калон шудани ғуддаҳои лимфа аст (онро бештар бо роҳи тадқиқи рентгенологӣ ошкор месозанд). Баъзан дар натиҷаи калон шудани лимфағуддаҳо ва Б.-и силии омосмонанд байни шонаҳо дард карда, бемор сахт месулфад, нафасгир мешавад. Дар аснои Б.-и силӣ ғуддаҳои лимфавӣ аз як тараф осеб ёфта, нишонаҳои заҳролудии силӣ ба мушоҳида мерасанд; натиҷаи санҷиши туберкулинӣ мусбат аст. Ҳангоми Б.-и ғайрисилӣ ғуддаҳои лимфавии сина аз ду тараф осеб меёбанд (дар натиҷаи табобати бемории асосӣ нест мешавад).
Бо мақсади ташхиси Б. аз усулҳои рентгенографияи узвҳои сандуқи сина, томография, баъзан бронхоскопия, медиастиноскопия (муоинаи узвҳои девораи мобайн бо ёрии асбоби махсус – медиастиноскоп) ва медиастинотомия истифода мебаранд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …