Главная / Илм / БРОНХАДЕНИТ

БРОНХАДЕНИТ

bronhadenitБРОНХАДЕНИТ (Bronchadenitis; аз бронххо ва юн. aden – гадуд), илтихоби гуддахои лимфавии назди бронххо ва трахея. Дар амалияи клиники бештар Б.-и сили ё сили лимфагуддахои дохили сина (асосан дар кудакон ва наврасон) мушохида мешавад.
Б. бисёр вакт чун лимфаденит хангоми пневмония, бронхит, беморихои илтихобии ханчара хуруч меёбад. Аломати асосии Б. калон шудани гуддахои лимфа аст (онро бештар бо рохи тадкики рентгенологи ошкор месозанд). Баъзан дар натичаи калон шудани лимфагуддахо ва Б.-и силии омосмонанд байни шонахо дард карда, бемор сахт месулфад, нафасгир мешавад. Дар аснои Б.-и сили гуддахои лимфави аз як тараф осеб ёфта, нишонахои захролудии сили ба мушохида мерасанд; натичаи санчиши туберкулини мусбат аст. Хангоми Б.-и гайрисили гуддахои лимфавии сина аз ду тараф осеб меёбанд (дар натичаи табобати бемории асоси нест мешавад).
Бо максади ташхиси Б. аз усулхои рентгенографияи узвхои сандуки сина, томография, баъзан бронхоскопия, медиастиноскопия (муоинаи узвхои девораи мобайн бо ёрии асбоби махсус – медиастиноскоп) ва медиастинотомия истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …