Главная / Гуногун / Ҳаёти илмӣ ва адабӣ дар нимаи аввали асри XIX

Ҳаёти илмӣ ва адабӣ дар нимаи аввали асри XIX

Забони тоҷикӣ дар нимаи якуми асри XIX чи дар дастгоҳи давлатӣ ва чи дар риштаи адабиёту корҳои идоравӣ мавқеи асосиро ишғол мекард. Ду навъи мактаб вуҷуд дошт: мактаби ибтидоӣ ва олӣ, яъне Мадраса. Дар мактабҳо кудакон савод меомухтанд ва тарбия мегирифтанд. Таълиму тадрис ба забони тоҷикӣ ва арабӣ буд. Муаллимони мактабҳо асосан домуллоҳо намояндагони рӯҳониён буданд, ки табақаи босаводтарини аҳолӣ ҳисоб меёфтанд. Талабагон асосан дар фасли тирамоҳу зимистон мехонданд.

social_realism_art_9

Дар мадарасаҳо қариб тамоми дарсҳо ба забони арабӣ гузашта, забони тоҷикӣ фақат барои шарҳ ва тарҷумаи баъзе дарсҳо хидмат менамуд. Дар ин вақт омухтани илми фиқҳ, тафсири китобҳои муқаддас ва шарҳи китобҳои дарсии динии асри миёна хеле ривоҷ ёфт. Ба ҳамин сабаб муддати тахсили Мадраса ниҳоят дароз шуда аз 8 то 20 сол давом мекард. Маоши муллобачаҳо, мударрисон, мутавваллӣ, ходимони дар ин даргоҳ хизматкунанда ва инчунин таъмири бинои Мадраса аз даромади заминҳои вақф буд.

Хатмкунандагони Мадраса бештар ба вазифаи қозии шаҳру вилоятҳо, муфтӣ (шарҳдиҳандаи қонунҳои шариат), имоми масҷидҳо таъин мешуданд ё худ дастнависҳоро нусхабардорӣ мекарданд.

Духтарон имкони дар мадрасаҳо хондан надоштанд ва Мадраса барои занон вуҷуд надошт. Бибихотуни (муаллимаи) мактабҳои занона асосан занони муллоҳо ва мударрисон буданд. Дар Бухоро, Самарқанд, Хуқанд, Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҳисор Кӯлоб, Панҷакент, Конибодом ва Ғарм мадрасаҳо амал мекарданд. Вале пурқувваттарин ва обрумандтарини таълимгоҳҳо мадрасаҳои пойтахти аморат – шаҳри Бухоро ба шумор мерафтанд. Бухоро дар ин давра марказӣ дини тамоми Осиёи Миёна ба шумор мерафт.

Дар нимаи аввали асри XIX асарҳои мухими сохаи таърих бахшида ба сулолаи манғития дар Бухоро ва сулолаи хонадони мингҳо дар Хуқанд навишта мешаванд. Асарҳо оид ба таърих асосан шакли воқеанигориро ба худ гирифта буданд. Онҳо дар омухтани ҳаёти асри XIX арзиши зиёд доранд. Яке аз ин гуна сарчашмаҳо асари Муҳаммад Ёқуб «Гулшан-ул-мулук» мебошад. Муаллифи ин китоб аз доираи дарбориён, шоҳид ва иштирокчии бевоситаи бисёр воқеаҳои таърихии замонаш буд. Аз ҳамин сабаб маълумоти ӯ аҳамияти таърихӣ дошта, замони ҳукмронии манғитиҳоро то аҳди амир Насрулло тавсиф мекунад.

Ғайр аз асари мазкур барои омухтани таърихи маҳалҳо ба мисли Панҷакент, асари Мулло Ҷумъақули Урғутӣ, мутахаллис ба Ҳамулӣ қобили қайд мебошад. Таърихи хонҳои Хуқанд дар «Мунтахаб-ут-таворих» ном асари Муҳаммадҳакимхон шарҳу баён ёфтааст. Муаллиф хоҳарзодаи хонҳои Хуқанд Олимхон ва Умархон буда, аз аҳволи дарбор хабар дошт ва бисёр воқеаҳоро хамчун иштирокчӣ ва шоҳиди он ба қалам додааст. Воқеаҳои дар асар тасвирёфта аз замони ҳукмронии Норбутахон (аз соли 1770) то айёми салтанати Муҳаммадалихон ва қатли ӯро (соли 1842) фаро гирифтаанд.

Асари Мулло Аттор «Ҷаҳоннамо», ки соли 1810 таълиф ёфта буд, асосан ба муносибати байни аморати Бухоро ва давлати хонии Хуқанд бахшида шудааст. Ғайр аз ин, доир ба таърихи давлати хонии Хуқанд, асарҳои дигар, аз қабили «Таърихи Шоҳрухӣ»-и Мулло Ниёзмуҳаммад ва «Таърихи муҳоҷирон»-и Дилшоди Барно навишта шудаанд. Ҳамаи асарҳои таърихии номбурда ба забони тоҷикӣ таълиф ёфтаанд. Онҳо бисёр ҳодиса ва воқеаҳои таърихиро акс намуда, барои омухтани таърихи халқҳои Осиёи Миёна сарчашмаи беҳтарин ба шумор мераванд.

Дар нимаи якуми асри XIX дар пойтахти ҳамаи хонигариҳои Осиёи Миёна ҳаёти адабӣ дар авҷ буд. Дар хонигариҳои Бухорову Хуқанд ба ду забон – ба забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ эҷод мекарданд. Яъне шоирони зулисонайн ба вуҷуд меоянд. Дар миёнаи асри XVIII ҷараёни тозае зуҳур карда буд, ки дар асарҳои баъдина низ давом ёфта, дар таърихи адабиёти тоҷик ба номи сабки бедилӣ машҳур гашт.

Намояндагони ин ҷараён беш аз ҳама ба тасаввуфи Бедил тақлид менамуданд. Сабки бедилӣ мукаллидони пешқадами худро дошт. Дар байни пайравони Бедил одамоне буданд, ки дар асри XIX эҷодиёти худро то андозае ба ҳаёти иҷтимоии халқ наздиктар намуда, ғояҳои нисбат ба он замон мутараққиро таблиғ мекарданд. Умуман, равияи демократӣ ба назми ин давра роҳ пайдо менамуд. Чунончи, Мулло Ҳусайн, ки бо тахаллуси Дониши Бухороӣ машҳур аст, Мирзо Маҳаммадсолеҳ Муншӣ, Ҷунайдулло Маҳмуди Ҳозиқ, Муҳаммадшарифи Гулханӣ, Маҳмур, Маъдан, Дилшод ва дигарон дар ҳамин давра умр ба cap бурдаанд. Дар эҷодиёти Гулханӣ, Маҳмур ва Маъдан ҳаҷви иҷтимоӣ ҷои намоёнро ишғол менамуд, ки он ба мазмуни лирикии шоирони маорифпарвар таъсир кардааст. Достони Ҳозиқ «Юсуф ва Зулайхо», масалҳои Гулханӣ, шеърҳои иҷтимоии шоира Дилшод ва дигарон ба ҷумлаи асарҳои озодфикрона дохил мешаванд. Дар нимаи аввали асри XIX, махсусан дар давраи ҳукмронии амир Умархон (1800-1810) дар Хуқанд ҳаёти адабӣ хеле пеш меравад. Шоирони зуллисонайн, ба мисли Умархон, Макнуна, Гулханӣ ва дигарон ба арсаи адабиёт омаданд, ки асарҳояшонро бо забони тоҷикӣ ва узбекӣ иншо мекарданд.

Эҷодиёти даҳонии халқ дар сурудҳо, ҳикояҳо ва гуфторҳо зоҳир мегашт. Сокинони шаҳрҳою деҳаҳоро намоишҳои кӯчагии масхарабозон, дорбозон ва театрҳои лухтак шод мегардонданд. Мусиқачиёни боистеъдод тавассути асбобҳои одии гуногуну сершумори мусиқӣ оҳангҳои гуногун меофариданд.

Дар байни халқ бозиҳои варзишӣ басо паҳн гадида буданд: бузкашӣ, гуштингирӣ, аспдавонӣ, пойга ва ғайра. Намудҳои гуногуни санъати амалӣ низ хеле равнақу ривоҷ ёфта буданд; нақшунигори деворҳо, кандакории чуб, гилкорӣ, ҳаккокӣ, кулолӣ ва ғайра. Нақшунигори деворҳо ва сақфи биноҳо аз гаҷ хеле паҳн гашта буд.

Матоъҳои ҳархела ва гуногунранг, гулпартоии устоҳои маҳаллӣ, ки ба он ҳам мардон ва ҳам занон машғул буданд, бағоят тараққӣ карда буд.

Пешонабандҳои арус, куртаҳои чакан, пушоки пашмӣ (чакман) ва куртаҳои рагза, парпарӣ, халтачаҳо барои чизучораи арус, гулдузиҳои ҳархела (ҷойнамоз, руҷо, борпуш, сузанӣ ва ҳоказо) аз санъати баланди чеварон ва дигар ҳунармандон гувоҳӣ медоданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …