Главная / Гуногун / Дуое, ки фариштагони осмони чаҳорумро ба харакат дармеоварад

Дуое, ки фариштагони осмони чаҳорумро ба харакат дармеоварад

Ҳазрати Анас ибни Молик (раз) мефармояд: Кунияти яке аз асҳоб Абӯмуаллақ буд ва ӯ ба кори тиҷорат машғул буд ва бо моли дигарон тиҷорат менамуд ва бисёр ибодатгузору парҳезгор буд. Як дафъа дар хини сафар бо роҳзани мусаллаҳе вохӯрд. Роҳзан ба ӯ гуфт:

  • Ҳар чӣ ҳамроҳ дорӣ, ҳамаро ин ҷо бигӯзор, то туро бикушам.

Он саҳобӣ гуфт:

  • Ҳадафат мол аст, биё онро бардор ва бирав.

Роҳзан гуфт:

  • Не. Ман мехоҳам туро бикушам.

Саҳобӣ фармуд:

  • Пас муҳлат бидеҳ то ду ракъат намоз бихонам.

Ӯ гуфт:

  • Ҳар чи қадар мехоҳӣ, бихон.

Ба ҳар ҳол он саҳобӣ таҳорат намуду намоз бихонд ва баъд аз намоз ин дуоро намуд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ё Вадуду, ё За-л-Арши-л-маҷиду, ё Фаъъолу-л-лимо юриду. Асъалука би иззатика-л-латӣ ло турому мулкика-л-лазӣ ло юзому ва би нурика-л-лазӣ милъа аркона Аршика ан такфинӣ шарра ҳоза-л-масси, ё Муғису, ағиснӣ.

Ногаҳон аспсаворе пайдо шуд ва дар дасташ найзае буд, онро баланд намуда ва аз миёни ҳарду гӯши аспаш онро ба он роҳзан зад ва ӯро аз пой даровард. Сипас ба сӯйи он тоҷир омад. Тоҷир аз ӯ пурсид:

  • Ту кистӣ, ки Худованд ба воситаи ту маро ёрӣ намуд?

Он аспсавор гуфт:

  • Ман аз фариштагони осмони чаҳорум ҳастам. Вақте барои аввалин бор дуо намудӣ, садои дарзадани дарҳои осмонро шунидам. Вақте бори дуввум дуо намудӣ, доду фарёди аҳли осмонро шунидам. Вақте бори саввум дуо намудӣ, шахсе гуфт: «Ин дуои шахси мусибатзадае мебошад». Аз Аллоҳ хостам, то Қатли ин роҳзанро ба ман бисупорад.

Баъд аз он он фаришта гуфт:

  • Туро мужда бод, ҳар касе, ки таҳорат бикунад ва чаҳор ракъат намоз бихонад ва баъд аз он ин дуоро бикунад, дуояш ҳатман пазируфта хоҳад шуд. ФарҚе намекунад, он шахсе, ки ин дуоро мехонад, дар мусибате гирифтор мебошад ва ё ин ки не.

 

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …