Главная / Гуногун / Дуое, ки фариштагони осмони чахорумро ба харакат дармеоварад

Дуое, ки фариштагони осмони чахорумро ба харакат дармеоварад

Хазрати Анас ибни Молик (раз) мефармояд: Кунияти яке аз асхоб Абумуаллак буд ва у ба кори тичорат машгул буд ва бо моли дигарон тичорат менамуд ва бисёр ибодатгузору пархезгор буд. Як дафъа дар хини сафар бо рохзани мусаллахе вохурд. Рохзан ба у гуфт:

  • Хар чи хамрох дори, хамаро ин чо бигузор, то туро бикушам.

Он сахоби гуфт:

  • Хадафат мол аст, биё онро бардор ва бирав.

Рохзан гуфт:

  • Не. Ман мехохам туро бикушам.

Сахоби фармуд:

  • Пас мухлат бидех то ду ракъат намоз бихонам.

У гуфт:

  • Хар чи кадар мехохи, бихон.

Ба хар хол он сахоби тахорат намуду намоз бихонд ва баъд аз намоз ин дуоро намуд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Ё Вадуду, ё За-л-Арши-л-мачиду, ё Фаъъолу-л-лимо юриду. Асъалука би иззатика-л-лати ло турому мулкика-л-лази ло юзому ва би нурика-л-лази милъа аркона Аршика ан такфини шарра хоза-л-масси, ё Мугису, агисни.

Ногахон аспсаворе пайдо шуд ва дар дасташ найзае буд, онро баланд намуда ва аз миёни харду гуши аспаш онро ба он рохзан зад ва уро аз пой даровард. Сипас ба суйи он точир омад. Точир аз у пурсид:

  • Ту кисти, ки Худованд ба воситаи ту маро ёри намуд?

Он аспсавор гуфт:

  • Ман аз фариштагони осмони чахорум хастам. Вакте барои аввалин бор дуо намуди, садои дарзадани дархои осмонро шунидам. Вакте бори дуввум дуо намуди, доду фарёди ахли осмонро шунидам. Вакте бори саввум дуо намуди, шахсе гуфт: «Ин дуои шахси мусибатзадае мебошад». Аз Аллох хостам, то Катли ин рохзанро ба ман бисупорад.

Баъд аз он он фаришта гуфт:

  • Туро мужда бод, хар касе, ки тахорат бикунад ва чахор ракъат намоз бихонад ва баъд аз он ин дуоро бикунад, дуояш хатман пазируфта хохад шуд. ФарКе намекунад, он шахсе, ки ин дуоро мехонад, дар мусибате гирифтор мебошад ва ё ин ки не.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …