Моддаи 239-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Иҷрои қарори бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
Қарори бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз тарафи мақомоти зерин иҷро карда мешавад: (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
– мақомоти ҳифзи сарҳад ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки низоми Сарҳади давлатӣ ё низоми нуқтаҳои гузаргоҳии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накардаанд;
– мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки низоми будубош (сукунат) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё қоидаҳои муҳоҷиратро риоя накардаанд.