Моддаи 239-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Ичрои карори бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд
(КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
Карори бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд аз тарафи макомоти зерин ичро карда мешавад: (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
– макомоти хифзи сархад хангоми содир кардани хукуквайронкунии маъмурие, ки низоми Сархади давлати ё низоми нуктахои гузаргохии Сархади давлатии Чумхурии Точикистонро риоя накардаанд;
– макомоти корхои дохили хангоми содир кардани хукуквайронкунии маъмурие, ки низоми будубош (сукунат) дар Чумхурии Точикистон ва ё коидахои мухочиратро риоя накардаанд.