Главная / Илм / Зарингиёх дар Канзи Шифо (Китоб)

Зарингиёх дар Канзи Шифо (Китоб)

zaringiyoh-660x330Зарингиёх — ин растании кухистонист, решааш аз ру тира ва дарунаш зард аст. Бинобар зард будани решааш хамин тавр номида шудааст. Дар кухсорхои Осиёи Маркази бисёр меруяд. Ба руси золотой корень меноманд. Гулаш зард аст. Кади гиёхаш то як вачаб мехезад, баргхояш сербар ва дурушт мебошанд.

Мизочаш гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: усораи решаи тари онро, яъне оби решаи онро дар офтоб гафс гардонида, донаи гандум барин аз он бо майи пухтаги бихуранд, иркуннасоро шифо мебахшад, хуни дар хичак шахшударо гудохта хорич мекунад, пешоби бандшударо мекушояд ва душвор шошиданро осон мекунад, инчунин хайзи бандшударо равон мегардонад. Вале агар инро бисёр бихуранд, ба хичак зарар дорад. Дар ин холат самари балут, яъне чуфти балутро тановул намоянд, ислохи зарар менамояд.

Сурати решаи Зарингиёх

zaringiyoh-2-300x198

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …