Главная / Илм / ЗАНБуРУГЧОЙ

ЗАНБуРУГЧОЙ

zanburugchoyЗАНБуРУГЧОЙ, навъе аз нушокихои халоватбахш. Онро бо рохи дар чой парвариш кардани занбуругхои хамиртуруш тахия месозанд. Бо номхои занбуруги лиони, хинди ва япони низ маъмул аст. Хамчунин онро чун занбуруги бахри ва манжури ном мебаранд. З. зохиран ба медузаи руи об монанд аст. Бо максади тайёр намудани З. банка (одатан 3 л)-ро бо сода мешуянд. Сипас аз нисф зиёди онро бо чойи сиёхи ширгарм пур ва барои ширин шудан, шакар илова мекунанд (100 г шакар барои 900 мл чой). Занбуруг (ё як кисми он)-ро дар оби чушидаи ширгарм шуста ба банка мегузоранд ва дахони зарфро бо дока баста, дар чои гарм (бояд нури офтоб нарасад) нигох медоранд. З. баъди як хафта тайёр мешавад. Занбуругро боз такроран истифода мебаранд. Кабл аз истеъмол З.-ро бо дока полондан мумкин аст.
З. таъми гуворо дошта, ташнагиро мешиканад. З. давои махвсозандаи бактерияхост. Бинобар ин онро хангоми беморихои шадиди гулу, рохи нафас ва милки дандонхо тавсия медиханд. З. кори меъдаю рудахоро ба сомон меорад. Аз ин ру истеъмоли он барои ашхоси туршии меъдаашон паст муфид мебошад.
Табибони халки З.-ро барои истеъмол ва гаргара кардани гулу (дар мавриди беморихои илтихоби ва аллергии рохи болои нафас – бронхит, назла, ангина, тонзиллити музмин, стоматит, фарингит ва ларингит) тавсия медиханд. Мукаррар шудааст, ки рузе 4 – 6 маротиба гаргара кардани гулу бо З.-и гарм ба беморихои илтихобии чавфи дахон ва рохи болои нафас даво мебахшад. Мас., хангоми табобати ангина дард зуд бархам хурда, фуру бурдани гизо осон мешавад, харорати бадан мефарояд, варам ва сурхии гулу мегардад. З.-ро барои муоличаи захмхои фасоднок ва чои сухта низ кор мефармоянд. Дар тибби муосир барои табобати атеросклероз ва бемории гипертония манфиат доштани З. исбот шудааст. З. хамчунин холестерини хунро кам карда, барои табобати сардард, дарди дил, бехоби, кабзият ва беморихои руда нафъ дорад. Одамоне, ки туршии меъдаашон баланд аст, хамчунин ашхоси гирифтори касалии канд бояд аз истеъмоли З. худдори намоянд.
Ад.: Нураллиев Ю.Н., Лекарственные растения, Д., 1988.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …