Главная / Илм / ЗАХРОЛУДи АЗ РАСТАНИХО

ЗАХРОЛУДи АЗ РАСТАНИХО

zahroludi-az-rastanihoЗАХРОЛУДи АЗ РАСТАНИХО. Захролудии шадид аз растанихои захрнок намуди маъмули захролуди аз хуроквори мебошад. Чунин захролуди бештар дар мавсими гарми сол – бахор, тобистон ё тирамох дар байни сайёхоне, ки хаёти худро дар хатар монда, растанихо ё занбуругхои ношиносро дар хурок истифода мебаранд, инчунин дар коллективхои кудаконе, ки тобистон ба лагерхо мераванд, ба вукуъ мепайвандад. Диккати кудакони хурдсол (хусусан то 5-сола)-ро намуди зебои гучуммева ва растанихо чалб мекунад. Захролудии шадид дар ин шароит аксар чанбаи умуми дошта, хамчун эпидемияи хакики даххо одамонро аз хаёт махрум месозад.
Худмуолича, яъне бе маслихати духтур ё бо тавсияи шиносони «хамадон» истеъмол кардани чушобу шираи растанихо, боиси захролудии шадид мегардад.
Пас аз истеъмоли растанихои захрнок фаъолияти меъдаю рудахо халал меёбад. Бинобар ин, захролудии шадид аз растанихоро аз захролудии гизои, ки сабаби он бо хурок ба организм рох ёфтани микробхо ва захри онхо мебошад, фарк намудан басо мушкил аст.
Растанихое хастанд, ки аслан захрнок буда, дар таркиби худ моддахои барои одам зарарнок доранд. Инчунин растанихои муфиде низ мавчуданд, ки дар натичаи тагйир ёфтани таркиби химияви ё бо занбуруги захрнок олуда шудан (хангоми нигохдории нодуруст), аз онхо захролуд гаштан мумкин аст (чуноне, ки мавриди истифодаи галла ё картошкае, ки зимистон дар сахро мондааст, мушохида мешавад). Захри таркиби растанихо аз пайвастхои химиявии гуногун иборат буда, ба гурухи алкалоидхо, гликозидхо, баъзе равганхои эфири ва кислотахои органики (кислотаи сианид, оксалат) мансубанд. Алкалоидхо пайвастхои мураккаби органики буда, таркиби онхо аз карбон, гидроген ва нитроген иборат аст. Намаки алкалоидхо дар об зуд хал шуда, дар меъдаву руда тез чаббида мешаванд. Хислати хоси гликозидхо аз он иборат аст, ки онхо бе душвори ба чузъхои таркибии худ – карбогидратхо (кандхо) ва чанд маводи захрноки дигар тачзия мешаванд. Чараёни хосил ва гун шудани захри растанихо гуногун буда, вобаста ба мархилаи инкишоф, шароити иклим, хок якбора тагйир меёбад.
Хассосияти хайвонот ва инсон ба таъсири захр гуногун мебошад. Мас., нисбат ба одам асп ва саг ба 1 кг вазн 10, кабутар 100, курбокка 1000 баробар зиёдтар ба таъсири алкалоидхои хашхош (кукнор) тоб меоранд. Захрогинии бисёр растанихо кайхо маълум бошад хам, хар сол шумораи захрхои нави растанихо меафзояд.
Нишонахои осеб дидани одам аз захри растанихо ба таъсири махсуси онхо ба узвхои муайяни организм (захрнокии интихоби) вобаста аст. Хангоми З. пеш аз хама нишонахои осеби ситемаи асаб падид меоянд. Хусусияти захролуди метавонад гуногун бошад. Дар баъзе мавридхо маводи захрноки растани фаъолияти маркази асабро ба хаячон меоранд, дар холатхои дигар бошад, баръакс, фаъолияти онро фуру менишонанд ё боиси фалач мегарданд. Вобаста ба ин, дар холати якум нишонахои хаячони зиёд, ихтилочи дасту по, ихтилоли шуур, хориши пуст ва ба назар намудани хашароти хурд бартари доранд. Мардумаки чашм васеъ, пуст хушк ва тафсон, набз ва нафасгири тез мешавад. Ин аломатхо дар мавриди захролуди аз шобезак, банги девона, шохдона, явшон, ачалгиёх ва диг. растанихои захрашон асабгиро ба мушохида мерасанд. Дар холати дуюм аломатхои сустии хассосияти пуст, хоболуди, рухафтодаги, душвории харакатхои гайриихтиёри ва бехуши бартари доранд; задани набз ва нафасгири суст гашта, бадан аракшор ва хунук мешавад. Ин гуна нишонахо хангоми захролуди аз кукнор, чилбугум ва г. мушохида мешаванд.
Дар аснои захролудии вазнин ангезиши системаи асаб факат дар давраи аввали таъсири захр ба мушохида мерасад, сипас фаъолияти он фалач меёбад. Таъсири аввалин ба системаи асаб, одатан, бо ихтилоли дигар узвхо (дар навбати аввал дил ва аъзои нафас) чараён гирифта, боиси фавти бемор мегардад.
Бисёр растанихои захрнок ба пардахои луобии хозима таъсир расонида, боиси дарди шадиди шикам, дилбехузури, кай ва исхол мешаванд. Дар натичаи зуд камоб шудани организм мумкин аст бехоли, нафастанги, заъфи фаъолияти дил инкишоф ёбад. Ба ин гурух растанихое мансубанд, ки таркибашон аз сапонинхо (зарбат, картошкаи нешзада, ангури сагак, хардал ва г.) иборат аст.
Захри растанихое, ки бо таъсири худ фаъолияти дилро халалдор месозанд, гликозидхо ном доранд. Мас., панчаи Али, гули барфак, испарак, бедгул ва г. Чушоби онхоро ба сифати дору кор мефармоянд. Он мушакхои дилро тахрик медихад, суръати кашиши дилро танзим менамояд. Меъёри зиёд ва захрогини ин гуна растанихо фаъолияти дилро бехад тахрик дода, онро аз дарки боздорандаи таъсири системаи асабхои маркази, ки тавассути асаби гумрох фиристода мешавад, махрум менамояд. Захролуди аз онхо бо задани дил (ба ихтилоли фаъолияти он вобаста аст), паридани ранги руй ва бехуши зохир мегардад.
Хаминро бояд дар хотир дошт, ки гликозидхои панчаи Али ва растанихои дигар хосияти кумулятиви доранд, яъне хангоми дуру дароз истеъмол намудан, дар организм гун мешаванд. Дар ин маврид нишонахои захролуди метавонанд хатто пас аз истеъмоли меъёри андаке аз ин дорухо (15 – 20 катра) низ сар зананд. Гайр аз ин, дар таркиби чунин чушобхо сапонин ва диг. пайвастхои органики мавчуданд, ки луобпардаи аъзои хозимаро хароб карда, сабаби дилбехузури, кай ва исхол мегарданд.
Захролуди аз чушоби чемеритса бо ногахон суст шудани набзу дилзани (баъзан дар 1 дак. то 20 – 30 маротиба) огоз ёфта, боиси бехуши ва фавти бемор мешавад.
Бархе аз растанихо асосан ба чигар таъсир мерасонанд, бинобар ин онхоро захрхои чигар меноманд. Ба онхо салиба, чойчуба ва талхаки гулоби мансубанд. Алкалоидхои ин растанихо сабаби беиштихои, ихтилоли хазми хурок (дилбехузури, исхол), зардпарвин, хориши пуст, дарди атрофи чигар, ихтилоли фаъолияти рухи (хаячони нутк, ки ба хоболуди иваз мешавад) мегардад.
Хангоми З. беморро бо рохи аз организм дур кардани захр ва истифодаи харгуна позахрхо муолича менамоянд. Сарфи назар аз намуди растании захрнок фавран ангуштро ба дахон андохта кай овардан зарур аст. Кабл аз кай ба бемор 1 – 2 истакон оби гарми шуртаъм (0,5 кошукча намак ба 1 истакон об) менушонанд. Кайро 5 – 6 бор такрор намуда, пас аз он маводи чаббанда (80 – 100 г нони коки сиёх ё 3 – 4 курси ангишти фаъол – карболен) медиханд. Сипас нушонидани доруи исхоловар (30 – 50 г намаки сулфати натрий ё сулфати магний дар 0,5 истакон об) тавсия мешавад.
Дар мавриди ба хаячон омадани бемор то расидани гурухи ёрии таъчили уро дар бистар хобонда ба сараш чизи хунук мегузоранд; хангоми бехуши сарашро аз пойхо пасттар намуда мехобонанд; агар нафасгири ва фаъолияти дил катъ гардад, бо усули дахон ба дахон нафас дода, масхи дил мегузаронанд.
Барои пешгирии З. ичрои коидахои зерин мухим аст: 1) дар хурок истифода набурдани хар гуна гиёх ва занбуругхои номаълум; 2) истеъмол накардани картошка, галладона, марчумак, нахуд ва г., ки нодуруст нигох дошта шудаанд ё зимистон дар сахро мондаанд; 3) бе маслихати духтур нахурдани чушоб ва дорухое, ки дар шароити хона аз гиёххои доруи тахия шудаанд; 4) худсарона аз меъёри таъинкардаи духтур зиёд истеъмол накардани чушобе, ки дар дорухона тайёр карда шудааст; 5) ба кудакон (хусусан ба кудакони хурдсол) бе назорати одамони калон ичозат надодани чамъоварии занбуругу гучуммева; 6) зинхор насупурдани хаёт ва саломатии худ ба дасти одамоне, ки маълумоти махсуси тибби надоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …