Главная / Илм / ЗАХРХОИ КИШОВАРЗи

ЗАХРХОИ КИШОВАРЗи

zahrhoi-kishovarziЗАХРХОИ КИШОВАРЗи, моддахои химиявие, ки барои нест кардани хашароти зараррасон, кана, хояндахо, кирм, нармбаданхо ва тукумшуллукхо, хамчунин дар мубориза бо касалихои занбуругии растани, махви алафхои бегона, резондани барги растанихо, гулу гурраи зиёдати, хушконидани растанихо истифода мешаванд. Аксарияти З. к. барои одамон ва хайвонот зарар дошта, вайрон кардани меъёру коидахои истифодаи онхо хавфнок аст.
З. к. ба организми одам метавонанд аз роххои нафас, пуст ва меъдаю руда дохил шаванд. Коргароне, ки дар сехи истехсоли З. к. кор мекунанд, инчунин ашхосе, ки бевосита бо кашондан, нигох доштан, фуруш ва истифодаи онхо машгуланд, инчунин пахтакорон ва богдорон ба таъсири З. к. дучор мешаванд. Наврасони то 18-сола, занони хомила ва синамакон ба корхои марбут ба З. к. рох дода намешаванд. Хангоми кор бо З. к. муддати рузи кори вобаста ба дарачаи захролудии онхо 4 – 6 соатро ташкил медихад.
Дар чои кор бо З. к. нигох доштани хуроквори, об, хошок, ашёи рузгор манъ аст. З. к. – ро дар сахро бе посбон гузоштан мумкин нест. Барои муваккати нигох доштани онхо (дар вакти кор) дар масофаи на камтар аз 200 м аз хавзахои об ва чарогох китъахои махсус чудо мекунанд. Дар богу чангалзор пестисидхоро дар он сурат истифода мебаранд, ки агар байни онхо ва манбаъхои об на камтар аз 300 м масофа бошад.
Дар рузхои гарм корро бо З. к. пагохирузи, вакте ки харорати хаво паст ва замин хануз гарм нашудааст, анчом медиханд. Агар суръати шамол дар як сония беш аз 4 м бошад, ба растанихо пошидани дору, ба хок андохтани дорухои гуруша, дар хавои кушод дору задан ба тухми мумкин нест.
Дар аснои кор диккат бояд дод, ки доруро чараёни хаво ба тарафи коргарон набарад. Агар коргарон аз дорупошаки дасти истифода баранд, онхо бояд аз хамдигар дар масофаи на камтар аз 5 – 6 м чойгир шаванд, ба самти шамол аз чойхои дору напошида харакат кунанд.
Дар китъахое, ки З. к. – ро истифода бурдаанд, танхо баъди гузаштани мухлати барои хар як захр мукарраршуда кор кардан мумкин аст.
Табхир (дуддихи)-и биноро барои нест кардани хашарот, кана ва г. танхо бо ичозати ташкилотхои назорати санитари мегузаронанд. Ахолии ба чунин бинохо наздикро аз мухлат ва чои табхир огох мекунанд. Табхири бинохое, ки аз хонахо дар масофаи на камтар аз 200 м ва аз корхонахо, рохи охан, рохи автомобил на камтар аз 100 м вокеъ бошанд, манъ аст. Онро бригадахои махсус, ки камаш 3 наф. аъзо доранд, мегузаронанд. Ичрои ин кор аз тарафи як нафар, инчунин дар бино нигох доштани хурок, об, тамоку ва г. катъиян манъ аст. Биноро пас аз табхир факат бо ичозати хаттии рохбари хамон корхо истифода бурдан мумкин аст.
Ба нигох доштани З. к. дар анбори хочагихо факат баъди биноро тафтиш кардани намояндаи ташкилотхои назорати санитарии давлати ва тартиб додани паспорти анбор ичозат дода мешавад. З. к. – ро бевосита ба руи фарш мондан ё зарфи онро барои нигох доштани хуроквори истифода бурдан катъиян мумкин нест. Анборхоро дар 2 хафта як маротиба рубучин бояд кард. Бо ин максад анборхоро бо тачхизоти зарури таъмин менамоянд. Аввал тавассути чангкашак аз девор, фарш ва рафхо чангро тоза карда, сипас онро мешуянд.
Истифодаи фаровони З. к. маводи гизоиро олуда мекунад. Дар ин хол онхо бевосита бо гизо ба организми одам ворид мешаванд. Ходисахои захролудии шадид аз З. к. дар чараёни истехсолот, инчунин хангоми кор ба онхо дар сахро борхо руй додаанд. Агар тухми захролуд тасодуфан ба чои галлаи мукаррари орд карда шавад, нони он захролуд аст. Бемори ва захролудии музминеро, ки дар натичаи бо бокимондаи З. к. олуда шудани хуроквори руй медиханд, аник муайян накардаанд.
З. к. дар кисмхои гизобоби наботот гун мешаванд. Хангоми ба пусти чорво бо максади мубориза бо паразитхо пошидани дорухои захрдор ё пас аз истеъмоли ему хошоке, ки бо захрхо олуда шудаанд, онхо дар шир, гушт ва равгани хайвонот, гушту тухми парранда боки мемонанд. Бинобар ин хангоми истифодаи З. к. дар чорводори, кишти зироат ва ему хошок бояд мухлати мукарраршуда ва меъёри сарфи онхо катъи риоя карда шавад.
Тамоми одамон, ки ба З. к. сарукор доранд, бо воситахои мухофизати шахси таъмин карда мешаванд. Воситахои мухофизати шахсиро дар чевончахои алохида дар либосхонаи идора ё бинои махсуси хушку тоза нигох медоранд. Дар биное, ки З. к. нигох дошта мешаванд, гузоштани онхо манъ аст; ба хона бурдан ва баъди кор пушидани онхо низ чоиз нест.
Дар аснои баркашидан, пур кардани дорупошакхо ва пошидани дору аз респираторхо истифода мекунанд. Хар руз баъди кор кисми резинии респиратор ва противогазхоро, ки ба руи одам мерасад, бо оби гарму собун шуста, бо спирт ё махлули 0,5%-и перманганати калий безарар мегардонанд, сипас аз нав бо оби тоза шуста, дар 30 – 350 мехушконанд.
Барои мухофизати даст аз консентратхо, эмулсияхо ва хамираю махлулхо аз дастпушакхои махсус истифода мебаранд. Дар аснои кор бо дорухои хока пойафзори брезенти, хангоми кор бо дорухои моеъ музаи резини ва дар анбори дорухои захрнок пойфзори махсус мепушанд. Ба чашм айнаки мухофиз мемонанд. Баъди анчоми кор дастпушаки резиниро аз даст накашида, аввал бо махлули безараргардон (махлули 3 – 5 фоизаи содаи партшуда, махлули охак), сипас бо об мешуянд, баъд айнак, респиратор, муза ва корчомаро кашида, дастпушакро дигарбора дар махлули безараргардон ва об мешуянд ва сони мебароранд.
З. к. – ро бо наклиёти махсус мекашонанд. Хуроквори ва молхои дигарро якчоя бо онхо кашондан катъиян манъ аст.
Наклиёт, инчунин асбобхои барои истифодаи З. к. таъиншударо хар мох камаш 2 маротиба бо махлули охаки хлордор (ба 4 л об 1 кг охаки хлордор) дар чойхои махсус чудокарда безарар мегардонанд. Обхои бо захр олуда ва бокимондаи дорухоро ба хавзхое, ки аз он чорво об менушад ва мургхои обию мохи парвариш меёбанд, партофтан манъ аст.
Ёрии аввалин хангоми захролуди. Дар чое, ки одамон бо З. к. кор мекунанд, бояд дорукутти мавчуд бошад. Тадбирхои умумии ёрии аввалин, новобаста ба хусусияти моддае, ки боиси захролуди гаштааст, ба катъи тамоси организм бо захрхо равона шудаанд. Агар захр аз рохи нафас ворид шуда бошад, осебдидаро ба хавои тоза мебароранд; агар аз пуст рох ёфта бошад, доруро бо об ва собун мешуянд ё бо порчаи матоъ тоза карда, сипас бо оби хунук ё махлули ишкори суст мешуянд. Агар захр ба чашм расад, онро бо махлули 2 – фоизаи гидрокарбонати натрий ё кислотаи борат шустан лозим аст. Агар захр ба меъдаю руда ворид шуда бошад, ба осебдида чанд истакон об ё махлули сусти перманганати калий (рангаш гулоби) менушонанд, девораи акиби халкро ба ангезиш оварда, кай мекунонанд (ин тадбирро 2 – 3 маротиба такрор бояд кард). Хангоми бехуш будани бемор кай кунондан чоиз нест. Баъди кай 2 – 3 кошук (20 – 25 г) ангишти фаъол бо ним истакон об, сипас намаки исхоловар (ба ним истакон об 20 г сулфати магний ё сулфати натрий) менушонанд. Равгани канадонаро чун воситаи исхоловар истифода бурдан манъ аст.
Дар аснои заъфи нафас ба бинии осебдида бо эхтиёт пахтаи ба махлули аммиак (спирти навшодир) таркардаро наздик мебаранд; дар сурати катъ гардидани нафас фавран нафаси сунъи медиханд. Пеш аз ин осебдидаро ба хавои тоза бароварда, тугмахои либосро мекушоянд, чавфи дахонро аз луоб тоза мекунанд. Дар сурати фуру бардани моддахои ангезишовар, мас., формалин, таоми часпак (луоби охар ё кисел) мехуронанд; дар ин маврид истеъмоли шир, равган, машруботи спирти манъ аст.
Агар одам аз пайвастхои органикии фосфор захролуд шуда бошад (рафтани оби дахон, танг шудани гавхараки чашм, рехтани ашк, душвории нафаскаши, паридани мушакхо), ба у то омадани духтур 3 – 4 курси бесалол медиханд. Дар хама холатхои захролуди хар чи зудтар корманди тибро даъват кардан зарур аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …