Главная / Илм / ВИБРОТЕРАПИЯ

ВИБРОТЕРАПИЯ

vibroterapiyaВИБРОТЕРАПИЯ (аз лот. vibrare – алвонч додан, ларзидан ва терапия), бо максади муолича ба чисми бемор ё ягон узви он расондани таъсири механикии ларзишовар. В.-ро метавон бо даст (мас., хангоми масх) ё асбобхои махсус (курси, кат ва суффачахои навасони) гузаронд. Дар мавриди В. аз обзан (ванна)-хои навасони низ истифода мебаранд (навасон ба тавассути об интикол меёбад).
В. ба харакати муътадили хун мусоидат карда, мубодилаи моддахоро бехтар менамояд, таъсири таскинбахш ва зидди илтихоби мерасонад. Он хамчунин рагхоро васеъ, кори дилро тез, фаъолияти меъда ва рудахоро бехтар месозад. В.-ро барои муоличаи невритхо, плекситхо, дарди куян (радикулит), беморию осебхои дастгохи такяву харакат, артритхо, амрози вазоифии рудахо (мас., кабзияти шикам), илтихоби банду бугум ва мушакхо, амрози аъзои таносули занхо ва мардон кор мефармоянд. Истифодаи В. дар аснои беморихои илтихобии римдор, хунрави, аневризмаи рагхо, тромбофлебит, омосхои саратони, хомилаги, баъди осеби хароммагз ва магзи сар (то як соли баъди осеб ёфтан), камиштихои номатлуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …