Главная / Биология / Узвхои хозима

Узвхои хозима

Озукавори ва моддахои гизои. Хурок барои инкишоф, ташаккул ва фаъолияти хаётии организм шарти зарури мебошад. Озукавори (нон, гушт, шир, тухм, мохи, равган, сабзавот, мевачот) аз моддахои асосии гизои: сафедахо, чарбхо, ангиштобхо, намакхои минерали, об ва витаминхо иборат аст.

Махсулоти аз наботот ва хайвонот хосилшуда хамдигарро пурра карда, хучайрахои организмро бо тамоми моддахои зарурии гизои таъмин мекунанд. Об, намакхои минерали ва витаминхо бо хамон намуде, ки дар хурок хастанд, аз худ карда мешаванд.

uzvhoi-hozima

Молекулахои калон-калони сафедахо, чарбхо ва ангиштобхо аз девори канали хозима гузашта наметавонанд. Аз хамин сабаб ин моддахо дучори тачзияи химияви – яъне хазм мешаванд. Хурок хангоми дар узвхои хозима харакат карданаш хазм мешавад.

Сохти узвхои хозима. Системаи узвхои хозима аз нойи хозима ва гадудхои хозима иборат аст. Канали хозима аз ковокии дахон, халк, сурхруда, меъда, рудаи борик ва гафс, ки бо рудаи рост ва сурохии макъад итмом меёбад, иборат аст.

Девори секабата дорад. Вай аз берун бо бофтаи мустахками пайвасткунанда пушонида шуда, дар поёни он мушакхои суфта мавчуданд. Ба туфайли кашишхурихои мавчмонанд хурок ба дарозии узви хозима харакат мекунад. Пардаи дохилии нойи хозима аз бофтахои эпители иборат аст. Сатхи пардаи луоби чин-чин ва дорои бисёр гадудхои майда буда, ба ковокии канали хозима шира тайёр карда медихад.

Гадудхои калон берун аз канали хозима чой гирифтаанд. Онхо шираро бо мачрои махсус ба ковокии он мефиристанд. Онхо се чуфт гадудхои оби дахон, чигар ва гадуди зери меъда мебошанд.

Ба чумлаи ширахои гадудхои хозима ферментхо – моддахои аслан сафедави дохил мешаванд. Хар як фермент реаксияи катъиян муайянро метезонад. Як гурух ферментхо карбогидратхо, дигарашон сафедахо ва сеюмашон чарбхоро тачзия мекунанд. Моддахои баъди тачзия пайдошуда одатан дар об хал мешаванд, ки онхоро организм аз худ карда метавонад.

Усулхои омухтани хозима. Мушохидаи бевоситаи узвхои хозима имконпазир аст. Бинобар ин хазми хурокро муддати дуру дароз дар хайвоноти чаррохикардашуда меомузанд.

Физиологи бузурги рус И.П.Павлов дар омухтани физиологияи хазми хурок хизмати бузурге кардааст. Вай роххои тоза ба даст даровардани шираи меъдаро дарёфт намуда, таркиб ва микдори онхоро муайян карда, тарзи танзим кардани хоричшавиашро омухт. И.П. Павлов барои корхои доир ба физиологияи хозима гузаронидааш соли 1904 сазовори чоизаи Нобели гардида буд.

Холо усулхои бедард ихтироъ карда шудаанд, ки дар одам бе ягон зарар истифода мешаванд. Аксар одамон усулхои милзани – ба ковокии меъдаю рудаи дувоздахангушта барои гирифтани шираи меъдаю руда дохил намудани мил, яъне рудаи резиниро медонанд. Инчунин усули рентгенкуни васеъ истифода бурда мешавад: ба бемор ордобае мехуронанд, ки шуъои рентгенро намегузаронад. Баъд тавассути равшан кардан дар экрани асбоб тархи кисмхои гуногуни канали хозимаро муайян мекунанд. Дар натичаи таракки кардани радиоэлектроника барои омухтани узвхои хозима имкониятхои нав ба вучуд омадаанд. Ба бемор барои фурубари радиопередатчики хурд – радиопилюла медиханд, ки кутраш 8 мм ва дарозиаш 15 мм мебошад. Радиопилюла аз канали хозима бе малол гузашта, мавчи радиоро пахн мекунад, ки он дар бораи тагйирёбии таркиби кимиёвии гизо, харорат ё фишори кисмхои гуногуни он маълумот медихад.

Солхои охир барои тадкики узвхои хозима асбоби махсус – эндоскопро истифода мебаранд. Эндоскопия – ба узвхои дохилии одам гузаронидани асбобхои оптики ва нурафкан имконият медихад, ки ковокии канали хозима ва хатто мачрои гадуд муоина карда шавад. Бо ёрии ин усул духтурон метавонанд беморихои гуногунро дарёфт карда, нозуктарин амалиёти  чаррохиро гузаронанд.

Савол:

  1. Чиро хазми хурок мегуянд?
  2. Хазми хурок чи ахамият дорад?
  3. Нойи хозима аз кадом кисмхо иборат аст?
  4. Девораи нойи хозима чанд кабат дорад?
  5. Кадом усули тадкики ва вазифахои системаи хозимаро медонед?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …