Главная / Илм / Турб дар Канзи Шифо (Китоб)

Турб дар Канзи Шифо (Китоб)

Турб ин сабзаи машхур аст, ки зироат мекунанд.  Мизочи тухми ин гарм аст дар дарачаи севум ва дар дарачаи дувум хушк аст. Яъне тухмашро бихуранд, барои одамони хунукмизоч  ва тармизоч  форам аст, вале хурдани худи турб ба одамони тармизоч ва меъдаашон рутубатнок зарар дорад. Зеро ки бехрешаи он, яъне кисми заминии он дар дарачаи якум гарм ва дар дувум тар аст.

turb

Хислатхои шифобахши он. Хусусиятхои умумии турб: агар инро бихуранд, ахлоти гафсгаштаи баданро ракик (суюк) менамояд,  варам ва моддахои гализро дар даран тахлил медихад, бод пайдо мекунад, оруг меоварад  агар бехад бихуранд (вале тухмаш несткунандаи оруг аст), барои баъзе одамон хазмкунандаи таомхои хазмнопазир, хусусан барги он, вале дар баъзехо, ки меъдаашон рутубати бисёр дошта бошад, хазмро манъ мекунад, хатто ба дарачае зарарнок аст, ки феъли меъдаи онхоро вайрон месозад (хусусан худи турбро бихуранд), зеро ки дар турб моддахои сабуки зуд бадбуйшаванда мавчуданд ва пешобро меронад. Агар барги бахории онро пухта, бо равгани зайтун бихуранд ё бо ин равган пухта бихуранд, гизоияташ аз худи турб зиёдтар мегардад. Дар турб се хосият мавчуд аст: баргаш парокандакунандаи бодхои дарун мебошад, тухмаш пешобро меронад ва худи турб балгамро катъ мекунад.

Хурдани турб ба сар, дандон ва ком зарар дорад, агар аз хад зиёд истеъмол намоянд.

Даруни турбро холї карда, равгани гули сурх дар он рехта, ба руйи оташ гузоранд, то равган бичушад, баъд он равганро нимгарм чанд катра дар гуш чаконанд, барои нест кардани боди даруни он, дарди гуш зуд ва хуб таъсир мекунад. Агар оби турбро бо равгани гули сурх якчо карда, дар оташ бичушонанд, то он ки обаш бухор шуда раваду равган бимонад, ин равганро низ бичаконанд, хамон таъсирро дорад.

Хурдани турб ба чашм зарар дорад, вале оби онро дар чашм чаконанд, доги таги гушаи чашмро аз тарафи бинї дафъ мекунад. Ва агар оби баргашро дар чашм чаконанд, куввати бинишро тез мегардонад.

Барги турбро куфта, ба зери чашм гузошта банданд, хунеро, ки дар таги чашм мурда ва аз доги кабуд зохир гашта бошад, дафъ мекунад. Ва баргашро куфта, бо асал хамир карда, ба чашм гузошта банданд, оби бегонаи дар гавхарак фуромадаро, ки сохибашро кур мегардонад, пароканда сохта, чашмро аз нав равшан месозад.

Турбро дар об чушонда, он обро бинушанд, сурфаи кухнаи чандвактаро шифо мебахшад, моддахои дар даруни сина пайдошударо суюк гардонида, берун меронад ва дарди гулуро, ки аз хурдани занбуруги захрнок ба амал омада бошад, сихат мекунад. Турбро дар об чушонида, он обро бо  асале, ки дар он сирко андохта турш карда бошанд, омехта, бо он гаргара кунанд, дарди гулуи шадидро дафъ мекунад, сарфи назар аз он ки ба халк зарар дорад.   Дар ин холат зарари мазкури онро сиркову асал дафъ месозад. Хамин оби турб чушонидашударо батанхої агар занхо бинушанд, шири онхоро зиёд мегардонад.

Турб барои меъда бо як хислаташ зарарнок аст: оруг меоварад. Таом хурда, аз болояш турб истеъмол намоянд, шикамро мулоим мекунад  ва барои гизоро ба узвхои бадан фиристодан кумак медихад. Вале агар турбро пеш аз таом бихуранд, намегузорад, ки таом ба бадан нуфуз намояд, балки худаш дар каъри меъда канор гирифта, гизои хурдашударо дар сари меъда нигох медорад ва намегузорад, ки он ба кисми поёни меъда фурояду хазми дувуми худро бачо оварад. Аммо ин холат барои осон кай кардан кулай мебошад, хусусан пусташро бо сиканчабин (сиркоасал) бихуранд.

Хурдани турб барои узвхои даруни сина, пахлу ва сипурз мувофик аст, инчунин тухмашро агар хар руз бихуранд, ба узвхои мазкур фоида мебахшад. Табиби машхур Ибни Мосавия гуфтааст: «Оби турбро бинушанд, таомро хазм мекунад, гиреххои рагхоро дар чигар ва сипурз мекушояд; истиско иллатхои сипурз ва зардпарвинро фоида дорад; тифлаш феъли меъдаро вайрон мекунад; тухмаш бодхои дарунро пароканда менамояд, иштихо меоварад, пасмондаи гизоро ба зудї аз рудахо берун меронад ва барои дарди чигар нафъ дорад». Агар хуроки вазнин тановул карда, аз болояш 2,5 грамм тухмашро хоида бихуранд, онро зуд хазм мекунад. Агар ин микдор тухмашро куфта, бо сиканчабин бинушанд, башиддат кай меоварад, бо ин восита меъдаро аз ахлоти бегона пок мегардонад.

Хар руз аз тухмаш як махал 2-3 грамм бихуранд, луккос зада дард кардани пайвандхо (бугумхо)-ро ба ислох меоварад, иркуннасоро сихат мебахшад, дарди суринхоро дафъ мекунад ва хориши баданро, ки сабабаш бисёр чамъ шудани балгам бошад, нест мекунад. Худи турбро низ бихуранд, беморихои мазкурро дафъ месозад, балки аз тухмаш зуртар аст.

Турбро куфта, бо асал даромехта, ба захмхои хабиса (злокачественные язвы), решхои бадтарини фасодашон ширмонанд ва асалранг гузошта банданд, шифо мебахшад. Ва агар тухмашро куфта, бо сирко сиришта, ба доги гонагароё (гангрена) ва ба шукуфаи пуст гузошта банданд, онхоро нест мекунад. Худи турбро куфта, бо орди гандуми девона хамир карда, ба рихинакхои рухсора гузошта банданд, чехраро аз аз онхо пок менамояд.

Турбро дар об чушонида, он обро занхо бинушанд, хайзи бастаи онхоро равон мекунад. Бандхои барги турбро куфта, фишурда обашро гирифта, 25 грамм аз он бинушанд, санги хичакро майда карда мерезонад, вале агар инро бо сиканчабин даромехта бинушанд, таъсираш зудтар ва зиёдтар мегардад дар ин амал.  Оби барг ва банди барги онро ба микдори 75 грамм гирифта, бо шакар ширин карда бинушанд, тамоми зардобро аз бадан дур мекунад ва бо ин восита иллати истискоро хам шифо мебахшад; агар инро бо намак бинушанд, иллатхои сипурзро ба ибро меоварад, гиреххои даруни чигарро мекушояд ва зардпарвинро нафъ мебахшад. Даруни турбро кофта гирифта, дар он ковокї тухми шалгам пур кунанду дахани онро бо порчаи турб махкам намуда, баъд онро ба миёни хамир гирифта, дар кури оташ пухта, бо асал бихуранд хамин тарик се руз пай дар хам амал кунанд, санги хичакро майда карда мерезонад. Ва агар як худи тухми турбро бихуранд, хайз ва шири занонро чорї мекунад, куввати бохро ба харакат меоварад, инчунин кайовар низ мебошад; барои дарди чигар, ки аз хунукї бошад, шифо мебахшад ва барои варами сипурз фоида дорад.

Агар турбро куфта, ба мавзеъи мори афъї газида гузошта банданд, зарари захри онро нест мекунад ва агар тухмашро куфта, бо шароб даромехта гузошта банданд, мори шохдор газида ва захрхои чонварони дигарро, ки ба бадан андохта бошанд, безарар мегардонад. Хох турби тарошидаро бар болои каждум партоянд, хох обашро бар каждум бирезанд, каждум мемирад. Касеро, ки турб хурда бошад, каждум бигазад, зарар намекунад. Оби турбро бар аъзои бадан молида, шаб дар хар чо, ки бошад, бихобанд, чонварони захрандоз наздик намеоянд.

Хурдани турб ранги рухсорро неку мегардонад. Турбро куфта, бо орди гандуми девона хамир сохта, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, муй меруёнад; ва агар инро бо асал хамир карда, ба догхои зери чашм гузошта банданд, онхоро дур мекунад. Оби турбро ба шукуфаи пуст бимоланд, фоида дорад. Тухмашро куфта, бо асал хамир карда, ба догхои нуктамонанди сиёх ва сафеди дар руйи пуст пайдошуда ва инчунин ба дигар догхои бегонаи пуст гузошта банданд, пустро аз он догхо пок мекунад, аз он чумла догхои кунчидакро хам дафъ ва ранги руйро тоза месозад, шукуфаи пустро шифо мебахшад.

Ногуфта намонад, ки турбро аз андоза зиёд бихуранд, рудахоро ба дард меоварад, ахлоти баданро бадбуй мегардонад; инчунин ба сар, дандонхо ва халк зарар мерасонад. Дар ин гуна холат намак, асал ва зираи дар сирко тар кардашударо хурдан даркор аст, то ки зарараш ислох ёбад.

Турбро як шабонаруз дар сиркои тунди ангурї тар карда, баъд ба дили нахор бихуранд, сипурзи сахтшударо мулоим мекунад, инчунин онро бо таом бихуранд хам, чунин фоидаро дорад.

Чунонки гуфтем, тухмашро бихуранд, кай меоварад, вале барои дарди чигар ва дарди сипурз дору мешавад; дар бобати пешоб ва ширу хайро равон кардан ва дафъ намудани захрхо фоидаи ачиб дорад. Агар инро бо шароб бихуранд, бар зидди газидани мори  шохдор  дармон  мешавад.  Дар ин бобат  тухми турб аз худи турб зуртар аст. 2,5 грамм тухмашро баъд аз таом бихуранд, онро хазм менамоянд ва агар бо сиканчабин бихуранд, меъдаро пок мегардонад. Агар инро куфта ба шукуфахои пуст гузошта банданд, шифо мебахшад ва агар бо сирко хамир карда гузошта банданд, захми гонагароё (гангрена)-ро, ки дар тибби хозира илочпазир нест, сихат мекунад; бо асал даромехта гузошта банданд, дарди пайвандакхо (бугумхо)-ро дафъ месозад.

Микдори як бор хурдан аз тухмаш дар як руз то 3,5 грамм аст, аз обаш то 100 грамм ва аз худаш то 70 грамм мебошад.

Аз турб равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Тухм ва оби барги онро дар ибтидои тухм бастан куфта, фишурда, обашро гирифта, дар зарфе аз болои он об ду баробари вазни он равгани зайтун ё равгани кунчид дохил карда, бо оташи мулоим мечушонанд. Чушида-чушида, об бухор гашта меравад ва равган бокї мемонад. Хамин равган равгани турб хисоб меёбад. Аз ин равган хар руз як ё ду кошук бихуранд, фолич ва кач шудани руйро сихат мекунад, азияти захри каждум ва чонварони дигарро низ дафъ мекунад. Агар ин равганро нимгарм дар гуш чаконанд, бодхои даруни гушро, ки дар даруни гуш садохои гуногунро ба амал меоваранд, дафъ месозад ва дардашро хам таскин медихад. Агар аз ру бимоланд, низ иллати фолич, кач шудани руй ва нотавон гаштани аъзоро шифо мебахшад; шахшулии пустро ислох мекунад, ранги руйро соф мегардонад, догхои сафеди пуст ва песро аз пуст пок мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …