Главная / Гуногун / Тезу тундшавии мубориза дар байни нерухои сиёси дар Эрон

Тезу тундшавии мубориза дар байни нерухои сиёси дар Эрон

Доирахои хукмрони Англия, Русия ва Германия ба харакати инкилобии Эрон душманона назар мекарданд, чунки он мавкеи ин давлатхоро дар Эрон паст мекард. Англисхо ва русхо харакат мекарданд, ки тобеияти Эронро ба Англия ва Русия пурзур кунанд, дар он чо сохти мутлакият ва хукмронии феодалхоро нигох доранд.

Дар солхои инкилоб чидду чахди Германия барои ба Эрон рох ёфтан пурзур мешавад. Аз соли 1906 cap карда киштихои он мунтазам аз Гамбург ба халичи Форс омадурафт мекарданд. Германихо мехостанд, ки дар ин халич бандареро ба ичора бигиранд. Ба Эрон ва Шарки Наздик cap даровардани Германия, инкилоби Эрон ва муборизаи миллию озодихохи дар Хиндустон зиддиятхои Англияю Русияро ба чои дуюм гузоштанд, Англияро барои созиш бо Русия майл доданд. Дар чунин шароит 31 августи соли 1907 дар байни Англия ва Русия созишнома доир ба нуфуз дар Эрон, Афгонистон ва Тибет, ки ташкилёбии паймони Антантаро анчом дод, ба имзо расид.

01-02-2008
01-02-2008

Гурухи иртичои тахти рохбарии шох бар он акида буд, ки Созишноман номбурда, аз инкилоб дур шудани як кисми либералхо ва рухониёни шиа мавкеи шох ва чонибдорони уро мустахкам кардаанд. Бинобар ин охири соли 1907 даст ба табаддулот зад. 15 декабр шох лашкар ва дастахои аскарони иртичоиро ба наздикии Техрон оварда, ба онхо амр кард, ки хукумат, Мачлис ва анчуманхоро пароканда кунанд. БароиL дифои Мачлис зиёда аз 20 хазор нафар фидоиён, мучохидон ва аъзои анчуманхои инкилоби бархостанд. Дар шахрхои зиёди дигар хам корпартоихо ба амал омада, дастахои фидоии инкилоби ташкил меёфтанд. Шох мачбур шуд, ки аз пароканда кардани Мачлис, Хукумат ва анчуманхо даст кашад. Мачлис хам ба некии шох бо неки чавоб гардонда, ваъда дод, ки хукукхои конститутсионии уро химоя хохад кард. Хамин тарик, шох ва Мачлис бо хамдигар забон як карданд.

Дар нимаи аввали соли 1908 шиддати муборнзаи байни Нерухои сиёсии Эрон боз хам вусъат меёбад. Харакати зиддиимпериалисти хам бар зидди сохтмони бандари Энзели, ширкати Линч дар Кум ва хати киштигарди англиси дар халичи Форс ба амал омаданд. Натичаи хамин муборизахо буд, ки дар хама чо анчуманхо ташкил ёфтанд. То мохи июни соли 1908 дар Техрон то 200 анчуман фаъолият мекард.

15 феврали соли 1908 бар зидди Мухаммадалишох суикасди бебарор ташкил карда шуд. Чавобан ба ин суикасд шох лашкарро ба Техрон даъват карда, 22 июн дар шахр вазъи фавкулодда эълон намуда, ба фармондехи бригадаи казакхои форси полковник Ляхов амр кард, ки бинои Мачлис ва Масчиди Сипахсолори дар хамсоягии он вокеъбударо ишгол намояд. 23 июн бригадаи казакхо Мачлис ва масчидро гулулаборон карда, табаддулоти иртичоии давлати ба амал овард. Мукобилияти дифоъкунандагони Мачлис ва анчуманхо зуд пахш карда шуда, аксари вакилони Мачлис ва анчуманхо ба зиндон партофта шуда, баъзеи онхо катл гардиданл. Мачлис ва анчуманхо пароканда ва рузномахои демократи баста шуданд. Дар шахрхои дигари Эрон низ тартиботи иртичои мукаррар гардид.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

maktabi-37

Мактаби №37-и ш. Душанбе (н. Сино)

Мактаби миёнаи №37 и шахри Душанбе вокеъ дар кучаи Маяковский хонаи 10. Ин мактаб солхои …