Главная / Гуногун / Тезу тундшавии мубориза дар байни нерӯҳои сиёсӣ дар Эрон

Тезу тундшавии мубориза дар байни нерӯҳои сиёсӣ дар Эрон

Доираҳои ҳукмрони Англия, Русия ва Германия ба ҳаракати инқилобии Эрон душманона назар мекарданд, чунки он мавқеи ин давлатҳоро дар Эрон паст мекард. Англисҳо ва русҳо ҳаракат мекарданд, ки тобеияти Эронро ба Англия ва Русия пурзӯр кунанд, дар он ҷо сохти мутлақият ва ҳукмронии феодалҳоро нигоҳ доранд.

Дар солҳои инқилоб ҷидду ҷаҳди Германия барои ба Эрон роҳ ёфтан пурзӯр мешавад. Аз соли 1906 cap карда киштиҳои он мунтазам аз Гамбург ба халиҷи Форс омадурафт мекарданд. Германиҳо мехостанд, ки дар ин халиҷ бандареро ба иҷора бигиранд. Ба Эрон ва Шарқи Наздик cap даровардани Германия, инқилоби Эрон ва муборизаи миллию озодихоҳӣ дар Ҳиндустон зиддиятҳои Англияю Русияро ба ҷои дуюм гузоштанд, Англияро барои созиш бо Русия майл доданд. Дар чунин шароит 31 августи соли 1907 дар байни Англия ва Русия созишнома доир ба нуфуз дар Эрон, Афғонистон ва Тибет, ки ташкилёбии паймони Антантаро анҷом дод, ба имзо расид.

01-02-2008
01-02-2008

Гурӯҳи иртиҷоӣ таҳти роҳбарии шоҳ бар он ақида буд, ки Созишноман номбурда, аз инқилоб дур шудани як қисми либералҳо ва рӯҳониёни шиа мавқеи шоҳ ва ҷонибдорони уро мустаҳкам кардаанд. Бинобар ин охири соли 1907 даст ба табаддулот зад. 15 декабр шоҳ лашкар ва дастаҳои аскарони иртиҷоиро ба наздикии Теҳрон оварда, ба онҳо амр кард, ки ҳукумат, Маҷлис ва анҷуманҳоро пароканда кунанд. БароиL дифои Маҷлис зиёда аз 20 ҳазор нафар фидоиён, муҷоҳидон ва аъзои анҷуманҳои инқилобӣ бархостанд. Дар шаҳрҳои зиёди дигар ҳам корпартоиҳо ба амал омада, дастаҳои фидоии инқилобӣ ташкил меёфтанд. Шоҳ маҷбур шуд, ки аз пароканда кардани Маҷлис, Ҳукумат ва анҷуманҳо даст кашад. Маҷлис ҳам ба некии шоҳ бо некӣ ҷавоб гардонда, ваъда дод, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ӯро ҳимоя хоҳад кард. Ҳамин тариқ, шоҳ ва Маҷлис бо ҳамдигар забон як карданд.

Дар нимаи аввали соли 1908 шиддати муборнзаи байни Нерӯҳои сиёсии Эрон боз ҳам вусъат меёбад. Ҳаракати зиддиимпериалистӣ ҳам бар зидди сохтмони бандари Энзели, ширкати Линч дар Қум ва хати киштигарди англисӣ дар халиҷи Форс ба амал омаданд. Натиҷаи ҳамин муборизаҳо буд, ки дар ҳама ҷо анҷуманҳо ташкил ёфтанд. То моҳи июни соли 1908 дар Теҳрон то 200 анҷуман фаъолият мекард.

15 феврали соли 1908 бар зидди Муҳаммадалишоҳ сӯиқасди бебарор ташкил карда шуд. Ҷавобан ба ин сӯиқасд шоҳ лашкарро ба Теҳрон даъват карда, 22 июн дар шаҳр вазъи фавқулодда эълон намуда, ба фармондеҳи бригадаи казакҳои форси полковник Ляхов амр кард, ки бинои Маҷлис ва Масҷиди Сипаҳсолори дар ҳамсоягии он воқеъбударо ишғол намояд. 23 июн бригадаи казакҳо Маҷлис ва масҷидро гулӯлаборон карда, табаддулоти иртиҷоии давлатӣ ба амал овард. Муқобилияти дифоъкунандагони Маҷлис ва анҷуманҳо зуд пахш карда шуда, аксари вакилони Маҷлис ва анҷуманҳо ба зиндон партофта шуда, баъзеи онҳо қатл гардиданл. Маҷлис ва анҷуманҳо пароканда ва рӯзномаҳои демократӣ баста шуданд. Дар шаҳрҳои дигари Эрон низ тартиботи иртиҷоӣ муқаррар гардид.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …