Главная / Чамъият / Татбики хукуку ухдадорихои падару модар аз чониби падар ё модаре, ки аз фарзандаш чудо зиндаги мекунад

Татбики хукуку ухдадорихои падару модар аз чониби падар ё модаре, ки аз фарзандаш чудо зиндаги мекунад

Моддаи 66-и Кодекси Оила. Татбики хукуку ухдадорихои падару модар аз чониби падар ё модаре, ки аз фарзандаш чудо зиндаги мекунад

 

  1. Падар ё модаре, ки аз фарзанд чудо зиндаги мекунад, барои муошират бо кудак хукук дорад ва вазифадор аст дар тарбияи у ва халли масъалаи гирифтани тахсилоти кудак иштирок намояд.

Падар ё модаре, ки фарзанд бо у зиндаги мекунад, набояд монеи муоширати фарзанд бо падар ё модар бошад.

  1. Падару модар метавонанд дар хусуси тартиби татбики хукуку ухдадорихои худ аз чониби падар ё модаре, ки чудо зиндаги мекунад, созишномаи хатти банданд.

Агар падару модар мувофика карда натавонанд, бахсро суд бо талаби падару модар (яке аз онхо), бо иштироки макоми васояту парастори,  хал менамояд.

  1. Дар сурати ичро накардани халномаи суд, нисбати падар ё модари гунахкор чорахои пешбининамудаи конунгузории мурофиавии граждании Чумхурии Точикистон татбик мешаванд. Хангоми касдан ичро накардани халномаи суд, бо дарназардошти манфиати кудак ва фикру хохиши у, суд метавонад бо талаби падар ё модаре, ки чудо зиндаги мекунад, дар хусуси ба у додани кудак халнома  кабул намояд.  (КЧТ аз 24.02.17 с., №1395)
  2. Падар ё модаре, ки аз кудак чудо зиндаги мекунад, хукук дорад аз муассисахои тарбияви, табобати ва гайра дар хусуси фарзанди худ маълумот гирад. Ин гуна маълумот он гох дода намешавад, ки ба хаёт ва саломатии кудак аз тарафи падар (модар) тахдид мавчуд бошад. Оид ба дода нашудани маълумот ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …