Главная / Ҷамъият / Татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар аз ҷониби падар ё модаре, ки аз фарзандаш ҷудо зиндагӣ мекунад

Татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар аз ҷониби падар ё модаре, ки аз фарзандаш ҷудо зиндагӣ мекунад

Моддаи 66-и Кодекси Оила. Татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар аз ҷониби падар ё модаре, ки аз фарзандаш ҷудо зиндагӣ мекунад

 

  1. Падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндагӣ мекунад, барои муошират бо кӯдак ҳуқуқ дорад ва вазифадор аст дар тарбияи ӯ ва ҳалли масъалаи гирифтани таҳсилоти кӯдак иштирок намояд.

Падар ё модаре, ки фарзанд бо ӯ зиндагӣ мекунад, набояд монеи муоширати фарзанд бо падар ё модар бошад.

  1. Падару модар метавонанд дар хусуси тартиби татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ аз ҷониби падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунад, созишномаи хаттӣ банданд.

Агар падару модар мувофиқа карда натавонанд, баҳсро суд бо талаби падару модар (яке аз онҳо), бо иштироки мақоми васояту парасторӣ,  ҳал менамояд.

  1. Дар сурати иҷро накардани ҳалномаи суд, нисбати падар ё модари гунаҳкор чораҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд. Ҳангоми қасдан иҷро накардани ҳалномаи суд, бо дарназардошти манфиати кӯдак ва фикру хоҳиши ӯ, суд метавонад бо талаби падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунад, дар хусуси ба ӯ додани кӯдак ҳалнома  қабул намояд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)
  2. Падар ё модаре, ки аз кӯдак ҷудо зиндагӣ мекунад, ҳуқуқ дорад аз муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва ғайра дар хусуси фарзанди худ маълумот гирад. Ин гуна маълумот он гоҳ дода намешавад, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак аз тарафи падар (модар) таҳдид мавҷуд бошад. Оид ба дода нашудани маълумот ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …