Главная / Чамъият / Тархкунихои шахси аз даромадхои шахсони вокеи

Тархкунихои шахси аз даромадхои шахсони вокеи

Моддаи 102-и Кодекси Андоз. Тархкунихои шахси аз даромадхои шахсони вокеи

  1. Аз даромади шахси вокеи – корманди кироя дар шакли музди мехнат барои хар мохи таквими дар хачми як нишондиханда барои хисобхо тархи шахси амали карда мешавад.
  2. Аз даромад дар шакли музди мехнати гуруххои зерини шахсони вокеи – кормандони кироя барои хар мохи таквими дар хачми 10 нишондиханда барои хисобхо тархи шахси амали карда мешавад:

-кахрамонхои Иттиходи Шурави, кахрамонхои мехнати сотсиалисти, кахрамонхои Точикистон, иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онхо баркарор шуда  баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётхои харби барои мухофизати Иттифоки Чумхурихои Шуравии Сотсиалисти, аз чумлаи хизматчиёни харбие, ки дар кисмхои харби, ситодхо ва муассисахои ба хайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собик партизанхо, чанговарони интернатсионалист, маъюбони гуруххои I ва II;

-шахрвандони беморшуда ва мубталои бемории шуоъ, ки дар натичаи окибатхои садамахо дар объектхои атоми рух додааст, шахсони дар рафъи окибатхои чунин садамахо дар доираи минтакаи чудокуни иштирокдошта, шахсоне, ки дар давраи бартараф намудани окибатхои садамахо дар корхои баистифодабари ё дигар корхо дар объектхои атоми иштирок намудаанд.

  1. Аз даромади шахси вокеи – корманди кироя яке аз маблагхои нисбатан калонтари тархи шахси дар асоси хуччатхои тасдиккунанда мутобики кисмхои 1 ва 2 хамин модда ичозат дода мешавад.
  2. Дар холате, ки агар шахси вокеи камтар аз шонздах рузи таквими дар давоми мох корманди кироя бошад, пас хангоми муайян намудани даромади андозбандишавандаи корманд тархи шахси мутобики кисмхои 1 ва 2 хамин модда анчом дода намешавад.
  3. Тархи шахси аз даромади андозбандишаванда мутобики кисмхои 1 ва 2 хамин модда тибки даромадхои гирифташуда танхо дар як чойи кори (асосии) корманд рох дода мешавад. Дар холате, ки шахси вокеи корманди кироя ва сохибкори инфироди намебошад, тархи шахси, ки кисмхои 1 ва 2 хамин модда мукаррар намудааст, танхо дар як махалли пардохти даромад, ки дар асоси аризаи пешниходшудаи у муайян карда мешавад, рох дода мешавад.
  4. Хангоми хисоб кардани даромади андозбандишавандаи шахси вокеи аз даромади у маблаги андози ичтимоии барои сугурташудагон, ки бо меъёри 1 фоиз нигох дошта шудааст, тарх карда мешавад.
  5. Шахсе, ки даромади шахси вокеиро пардохт менамояд, барои дуруст амали намудани тархи шахси чавобгар мебошад. Дар холати вайрон намудани талаботи мукаррарнамудаи хамин модда, маблаги андози бинобар нодуруст тарх кардан ба бучет вориднашударо хамин шахс чуброн менамояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …