Главная / Ҷамъият / Тарҳкуниҳои шахсӣ аз даромадҳои шахсони воқеӣ

Тарҳкуниҳои шахсӣ аз даромадҳои шахсони воқеӣ

Моддаи 102-и Кодекси Андоз. Тарҳкуниҳои шахсӣ аз даромадҳои шахсони воқеӣ

  1. Аз даромади шахси воқеӣ – корманди кироя дар шакли музди меҳнат барои ҳар моҳи тақвимӣ дар ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо тарҳи шахсӣ амалӣ карда мешавад.
  2. Аз даромад дар шакли музди меҳнати гурўҳҳои зерини шахсони воқеӣ – кормандони кироя барои ҳар моҳи тақвимӣ дар ҳаҷми 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо тарҳи шахсӣ амалӣ карда мешавад:

-қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шўравӣ, қаҳрамонҳои меҳнати сотсиалистӣ, қаҳрамонҳои Тоҷикистон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсонӣ ба онҳо барқарор шуда  баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ барои муҳофизати Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ, аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо, ҷанговарони интернатсионалист, маъюбони гурўҳҳои I ва II;

-шаҳрвандони беморшуда ва мубталои бемории шуоъ, ки дар натиҷаи оқибатҳои садамаҳо дар объектҳои атомӣ рух додааст, шахсони дар рафъи оқибатҳои чунин садамаҳо дар доираи минтақаи ҷудокунӣ иштирокдошта, шахсоне, ки дар давраи бартараф намудани оқибатҳои садамаҳо дар корҳои баистифодабарӣ ё дигар корҳо дар объектҳои атомӣ иштирок намудаанд.

  1. Аз даромади шахси воқеӣ – корманди кироя яке аз маблағҳои нисбатан калонтари тарҳи шахсӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда иҷозат дода мешавад.
  2. Дар ҳолате, ки агар шахси воқеӣ камтар аз шонздаҳ рўзи тақвимӣ дар давоми моҳ корманди кироя бошад, пас ҳангоми муайян намудани даромади андозбандишавандаи корманд тарҳи шахсӣ мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда анҷом дода намешавад.
  3. Тарҳи шахсӣ аз даромади андозбандишаванда мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда тибқи даромадҳои гирифташуда танҳо дар як ҷойи кори (асосии) корманд роҳ дода мешавад. Дар ҳолате, ки шахси воқеӣ корманди кироя ва соҳибкори инфиродӣ намебошад, тарҳи шахсӣ, ки қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда муқаррар намудааст, танҳо дар як маҳалли пардохти даромад, ки дар асоси аризаи пешниҳодшудаи ў муайян карда мешавад, роҳ дода мешавад.
  4. Ҳангоми ҳисоб кардани даромади андозбандишавандаи шахси воқеӣ аз даромади ў маблағи андози иҷтимоии барои суғурташудагон, ки бо меъёри 1 фоиз нигоҳ дошта шудааст, тарҳ карда мешавад.
  5. Шахсе, ки даромади шахси воқеиро пардохт менамояд, барои дуруст амалӣ намудани тарҳи шахсӣ ҷавобгар мебошад. Дар ҳолати вайрон намудани талаботи муқаррарнамудаи ҳамин модда, маблағи андози бинобар нодуруст тарҳ кардан ба буҷет вориднашударо ҳамин шахс ҷуброн менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …