Главная / Маданият ва санъат / Симои Мухаммад паёмбар САВ

Симои Мухаммад паёмбар САВ

Мухаммад Хусайни Хайкал мегуяд:  Зиндагонии Мухаммад. Чилди аввал

Мухаммад хушкиёфаву миёнаболо буд. Коматаш на кутох буд, на баланд. Сари бузург бо муи мураттаби сиёх, пешонии боз, абрувоне анбуху нуни ва ба хам пайваста, чашмони дурушту сиёх дошт, ки сафедии он аз атроф бо сурхи каме омехта буд ва мижгони баланду сиёх ба неруи чозибаи он меафзуд. Бинии у хамвору нозук, дандонхояш боз, муи ришаш анбух, гарданаш баланду зебо.

arabСинааш фарох, рангаш дурахшону дасту пояш дурушт буд. Дар мавкеи рох рафтан баданаш ба чилва мутамоил мешуд ва кадамхоро тунду мухкам мебардошт. Дар киёфаи у осори тафаккуру тааммул хувайдо буд ва нигохаш нуфузе дошт, ки хамаро мутеъи у месохт. Ба ин тартиб ачаб нест, ки Хадича дар айни мухаббат ба у имон дошт ва ачаб нест, ки уро аз захмати идораи амволи хеш муоф дошт ва монанди пештара ин корро шахсан ба ухда гирифт, то у фурсати кофи барои тафаккуру тааммул дошта бошад.

Мухаммад, ки ба воситаи издивоч ба Хадича сарватманд шуда буд, аз лихози сарвату насаб макоме бемонанд дошт ва мардуми Макка ба чашми хасрату эхтироми бар у менигаристанд. Вале у ба назари мардум таваччухе надошт. Фазли худо уро бениёз сохта буд ва истеъдоди Хадича барои тавлиди фарзанд бад – у навид медод, ки фарзандонашон зиёд хоханд шуд.

Бо вучуди ин монанди собик аз омезиш бо мардуму ширкат дар зиндагонии умуми худдори намекард. Макому эхтироми у дар назари мардум бештар шудаву ба хамин чихат тавозуи у фузунй ёфта буд. Бо ин ки хуше саршору шахсияте барчаста дошт, ба сухани касон бо диккат гуш медод. Аз хеч касс ру намегардонид, танхо гуши худро ба тарафи гуянда намекард, балки бо тамоми бадан ба тарафи у мутаваччех мегашт. Кам мегуфту зиёд мешунид.

Бо суханони чидди тамоюл дошт. Вале дар шухию мазох низ ширкат мекард ва бар хилофи хакикат чизе намегуфт. Гохе чунин механдид, ки бештари дандонхояш намудор мешуд. Вакте хашмгин мешуд, чуз катороти арак, ки дар пешониаш менишаст, асаре аз хашм дар у намудор намешуд. Хашми худро фуру мебурду намегузошт зохир шавад. Пурхавсалаву бохиммат ва вафодору накукор ва бахшандаву некмахзар буд. Суботи азму куввати ирода ва кудрати рухи дошт ва тардидро намешинохт. Ин сифот дар ошноёну муоширонаш нуфузи комил дошт. Хар кас уро медид, эхтиромаш мекард, дусташ медошт. Нуфузи ин сифот дар мухаббату вафое, ки миёни уву хамсари вафодораш Хадича вучуд дошт, беандоза зиёд буд.

Пайгамбар /с/ нафси худро фавкулодда нигох медошт. Сухан кам мегуфт, вале зиёд фикр мекард. Азму иродааш нихоят дарача кави буд. Оромию ботамкинии вай хайратангез буд ва худро хамеша тозаву покиза нигох медошт.

Пайгамбар дар тамоми умр, хатто вактхое, ки дорои сарват хам буд, хеч гох корхои шахсии худро ба души каси дигар намегузошт.

Бояд гуфт ки ба машаккату захмат бо кудрату тавоноии зиёд токат мекард. Чунонки яке аз гуломоне, ки муддати хаждах сол дар хидмати вай будааст, накл мекунад, ки дар тамоми ин муддат ягон харакат ё сухани малоловаре аз хазрат нисбат ба худам мушохида накардам. Дар чанг нихоят шучову далер буд ва аз хеч хатаре фирор намекард. Дар баробари ин хеч вакт бесабаб хаёти худро ба хатар намеандохт.

Чизе, ки бештар аз хама кобили диккат аст, хусусиятхои фитри ва афзалияти рухияи Пайгамбар аст. Аввалан аз сабаби ибодати зиёд ба сергапи нафрат дошт ва аксар вакт хомуш менишаст. Аломати олидарачаи эхсону неки аз башараи вай хувайдо буд. Адлу инсоф чузъи табиати у карор гирифта, бехад хушахлоку дилсоф будааст. Дусту бегона, зуру заиф дар назараш як хел буданд.

Супориш ва савохло.

  1. Кадом хислатхои Мухаммад пайгамбар ба шумо маъкуланд?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …