Главная / Маданият ва санъат / Шеърхои бехтарин дар васфи Модар

Шеърхои бехтарин дар васфи Модар

Мухаббати модар

Писар, рав, кадри модар дон, ки доим
Кашад ранчи писар бечора модар.
Бирав, беш аз падар хохаш, ки хохад
Туро беш аз падар бечора модар.

Зи чон махбубтар дораш, ки дорад
Зи чон махбубтар бечора модар.
Нигахдори кунад нух моху нух руз
Туро чун чон ба бар бечора модар.

шеъри модар

Аз ин пахлу ба он пахлу нагалтад,
Шаб аз бими хатар бечора модар.
Ба вакти зодани ту марги худро
Бигирад дар назар бечора модар.

Бишуяд кухна орояд наватро,
Чу камтар коргар бечора модар.
Гамузу дай туро соат ба соат
Намояд хушку тар бечора модар.

Агар як сурфас бечо намои,
Хурад хуни чигар бечора модар.
Барои он ки шаб рохат бихоби,
Нахобад то сахар бечора модар.

Ду сол аз гиряи рузу шаби ту
Надорад хобу хур бечора модар.
Чу дандон овари, ранчур гарди,
Кашад ранчи дигар бечора модар.

Синае чун по гирифти, то наяфти,
Хурад гам бештар бечора модар,
Ту то як мухтасар чоне бигири,
Кунад чон мухтасар бечора модар.

Ба мактаб чун рави, то бозтарди,
Бувад чашмаш ба дар бечора модар,
Агар як рубъи соат дер ои,
Шавад аз худ бадар бечора модар.

Набинад хеч кас захмат ба дунё
Зи модар бештар, бечора модар.
Тамоми хосилаш аз умр ин аст,
Ки дорад як писар бечора модар.

Модар

Гуянд, маро чу зод модар.
Пистаи ба дахон гирифтан омухт.
Шабхо бари гахвораи ман
Бедор нишасту хуфтан омухт.

Лабханд ниход бар лаби ман.
Бар гунчаи гул шукуфтан омухт.
Дастам бигирифту по ба по бурд,
То шевае рохрафтан омухт.

Як харф-ду харф бар забонам.
Алфоз ниходу гуфтан омухт.
Пас, хастии ман зи хастии уст.
То хастаму хаёт дорамаш дуст.

рач Мирзо)

Салом модар

Бо номи ту ин калом, модар,
Бар шири ту эхтиром, модар!
Хар соату субху шом, модар,
Аз чону дилам салом, модар!

 

Ту ранч кашида рузу шабхо,
Бусида маро ба шахди лабхо.
Бо мехри бузургу бо талабхо,
Хурди гами ман мудом, модар.

 

Эй модари мехрубону дилбанд,
Ман аз ту хазор бор хурсанд.
Хаёт оташи мехр бахри фарзанд,
Андар дили хар калом модар.

 

Бо ёди мухаббату вафоят,
Бо хурмати шири чонфизоят,
Такрор намоям аз бароят.
Сад бори дигар салом, модар!

(Аминчон Шукухи)

Дунёи фарзанд

Буди дунёи ману рафти зи дунё, модарам,
Ман бурун аз хоку ту дар хок танхо, модарам.
Аз канорат то шудам махрум дар айёми гул,
Шуд канорам аз сиришки шур дарё, модарам.
Дар бахоре, ки табиат чун чавони хандаруст,
Гиряруям дар гамат дар боги гулхо, модарам.
Дар чавони дасти шафкат аз сарам бардошти,
Бекасам бигзошти дар рохи фардо, модарам.
Рухарошон сохти, гесупарешон сохти,
Коматам карди дуто, эй ганчи якто, модарам.
Мехрубонихои дунё бо ту зери хок рафт,

 

Кас наёзад суйи ман дасти тасалло, модарам.
Пасту болои чахон болои хам гам медихад,
Бо ту яксон менамуд ин пасту боло, модарам.
Хамчу гури ту динам аз орзухо сард шуд,
Эй чахони содаи ишку таманно, модарам.

Зуд рафти, зуд рафти аз чахони ношикеб,
Ношикебо модарам, эй ношикебо, модарам.
Рафт дар тобути ту хам буд, хам нобуди ман,
Воалам аз дасти дунёи фиребо, модарам.
Бурди аз лаб хандаам, эй шуълаи ояндаам,
Водарего, модарам, сад водарего, модарам!

Фарзанди газалгу

Ба куйи охират рафти, сари куйи ту менолам,
Хама суйи Худо ноланд, ман суйи ту менолам.
Ту дар зери замини, бе туам руйи замин холист,
Ба руйи ин замин дар хасрати руйи ту менолам.

Ду дастат бо хама раъша мададгори хаётам буд,
Ба ёди дасти ларзону мададчуйи ту менолам.
Чи суд аз кухи Чилмехроб бе мехроби абруят,
Ман аз махрумии мехроби абруйи ту менолам.

Зи кухи Осиё гар нолахои обшор ояд,
Фузун аз у чу фарзанди газалгуйи ту менолам.
Такону карди бахри ман тамоми умр рохи бахт,
Ман акнун рузу шаб андар такопуйи ту менолам.

Зи ман шоиртарс буди, ки лафзи нобам омухти.
Ба ёди он хама алфози дилчуйи ту менолам.
Ало модар, пихил кун шири покатро, ки то хастам.
Хама суйи Худо ноланд, ман суйи ту менолам.

Дар мазори модар

Ниходам дастаи гул ин сахар руйи мазори ту,
Гуле аз орзухои чавонию бахори ту.
Намегунчад ягон дар гушаи хобу хаёли ман,
Ки ин оромгохи тусту хатми рузгори ту.

Карореро намедонисти дар руйи замин умре,
Чи сон дар зери хок осуд чони бекарори ту?
Чу дунёе, хамин дируз бар ман фогиха доди,
Ки хар чое равам, бошам ба чойи ёдгори ту,

Кунун имруз гуратро зиёрат мекунам, модар,
Агарчи нест дигар дар рахам чашмони чори ту.
Ба пои турбатат бишкаста, чуйи ашк сар додам,
Ки руяд сабзаву гул бар мазори хоксори ту.

Бихондам сурае хам, то ки рухат шод гардонам.
Ки шояд бишнавад охи маро Парвардгори ту.
Ту азбаски малак буди дар ин дунё, дар он дунё
Худо омурзгори ту, малоик низ ёри ту.
Ту бо пурсандахо он чо мадоро кун барои ман
Ба уммеде, ки оям низ рузе бар канори ту…

Туй модар

Замину осмони ман туи модар, туи модар.
Чахони бекарони ман туи модар, туи модар.
Дар ин дунё, ки берахмиву бемехрист бунёдаш,
Ягона мехрубони ман туи модар, туи модар.
Диламро дар чахон чуз ту касс бехтар намедонад,

Бехин хамдостони ман туи модар. туи модар.
Зи руят нур меборад ба руйи зиндагониям.
Чароги дудмони ман туи модар, туи модар.
Забони мардуми омухти, на дарси сарфу нахв.

Хам устоди забони ман туи модар, туи модар.
Гарам шоир намезоди, кучо ман шеър мегуфтам?
Газалхои равони ман туи модар, туи модар.
Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,
Суруди човидони ман туи модар, туи модар.

(Лоик Шерали)

 

Модарам

Навбахори гулфишони дилкушоям, модарам,
Куввати нону дилу акли расоям, модарам.
Ман зи лутфи беканори ту расидам бар камол,
Барки фикру равшании дидахоям, модарам.
Аллахои фораму панду насихатхои ту,

Шуд суруди зиндагии бобакоям, модарам.
Дар сарат бишкуфта гулхои сафеди орзу,
Боиси авчи ману нашъунамоям, модарам.
Бар кади хамгаштаву чини чабинат чон фидо,
Аввалу анчоми ман, субхи сафоям, модарам.

( Наимчон Назири)

Арзи фарзанд

Модар, сари кабрат омадам боз,
Бо мехру мухаббат омадам боз.
То мужда зи фасли гул расонам.
Гул чинаму руйи кабр монам.

То пеши ту шархи хол гуям,
Аз кисмати худ мисол гуям.
Эй пораи калб гуфта буди
В-эй чораи калб гуфта буди.

То захри азоби дил шавад нуш,
Чу канда зи оби чуйи худ нуш.
Хохи, ки зи ёди лавхи мардум
Номат нашавад  дар ин замон гум,

Мебош мудом гамбарораш,
Бардор ба души хеш бораш.
Дар бар рухи пастхиммати нуш,
Аз бахри баландноми мекуш…
Ин панди ту гашт нарлбонам.

То ки ба баланди пой монам.
Бишкуфт нихоли орзуят.
Во гашт гирехх чустучуят.
Холо хама модарони дилбанд
Хонанд маро ба хеш фарзанд.

Гуяд сухан, садоят ояд,
Савти нави мудаоят ояд.
Имдодгари хануз моро,
Чун аввала чокдуз моро.

Модар, ана боз омадам ман,
Бо руйи ниёз омадам ман.
Баргуй чи кор карданамро,
Аз нав чи карор карданамро…

(Чонибек Кувноков)

Дуои модар

Дар зиндагони рахбарам,

Дар ташнагихо кавсарам.

Боли хумо андар сарам.

Панду дуои модарам.

 

Рахшандатар аз офтоб,

Тобанда аз моху шихоб,

Арзандатар аз сад китоб.

Панду дуои модарам.

 

Дар чорсуям рахнамо,

Начми накуям дар само,

Дарди дилу чонро даво

Панду дуои модарам.

 

Пури нигохаш чорагар,

Аз тирадарди, аз хатар,

Пунту панохам дар сафар

Панду дуои модарам.

 

Хар чо ки бошам, бо ман аст,

Нур аст, нури равшан аст,

Аклу хирадро чавшан аст,

Панду дуои модарам.

(Мехринисо Бобобекова)

Ба хобам ой, ё модар!

Ба бедори намсои, ба хобам ой, ё модар!

Ба хоби дидаи дидоркобам ой, ё модар!

Сари Сарчашма хайрон мондаам дар хасрати чашмат,

Ба ёди чашмаи хушкидаобам ой, ё модар!

Намедонам, чи харфе бурдаи бо хеш ногуфта,

Чавобе бар саволи бечавобам ой, ё модар!

Фуруг аз рузгорам рафт бо руи банури ту,

Ба руи офтобу мохтобам ой, ё модар!

Ки мегуяд дилат дигар ба холи ман намесузад?!

Яке бар пурсиши холи харобам ой, ё модар!

Ту мегуфти, рубобе зан, хамушиям забон ёбад.

Кунун бар хомушистони рубобам ой, ё модар!

Ки мебусад китоби Озарахшатро ба чойи ту?

Ба авроки парешони китобам ой, ё модар!

Хоксории модар

Хоксори кард модар пеши даргохи Худо,

Бандавори кард модар пеши даргохи Худо.

Чун ниёзаш чоннисори буд аз рузи азал,

Чоннисори кард модар пеши даргохи Худо.

Дар Сари Хирман нишасту аз сари одам гузашт,

Сарсунори кард модар пени даргохи Худо.

Хар нафас хак гуфту хакро бар кафи хакдор дод,

Хакгузори кард модар пеши даргохи Худо.

Сад чахон уммеди чонпарвардро бар хок бурд,

Бурдбори кард модар пеши даргохи Худо.

Дуст буду дуст омад, дуст монду дууст рафт,

Дустдори кард модар пеши даргохи Худо.

Ман якин дорам, барои бахти фарзандони хеш

 

Боз зори  кард модар пеши даргохи Худо.

Озарахш, аз сабзаи хокаш расид ин харфи сабз,

Зикри ёри кард модар пеши даргохи Худо.

(Озарахш)

Модарчон

Харири чон ба рохат густарам, фармои, модарчон.

Бад-он хастии зебо хастиям орой, модарчон.

Нарав, сармад бимону офтобона ба руи мо

Дари фардову фардои дигар бикшой, модарчон.

Кушоиш хостам дар ин гузаргохи гирахбаста,

Дуо кун, эй накуфоли муборакрой, модарчон.

Чу бахшидан сифоти нозанини туст аз огоз,

Чахону бевафоии варо бахшой, модарчон.

Ба субхи офариниш борхо рафтиву баргашти.

Ту медони, ба мо баргуй сирри ной. модарчон.

Мусалло бофтам аз тору пуди ишки беифшо.

Хидоятхохам, инак, киблаам бинмой, модарчон.

(Фарзона)

Мехри модар

Аё модар, туи сарчашмаи ман,

Ки ман аз домани ту рах гирифтам.

Манам он кудаки гахвораи ту,

Ки аз мадхи ту рохи мах гирифтам.

 

Нихоли коматам дар гулшани умр,

Зи дасти мехрубонат парвариш ёфт.

Вучудам аз канори гарму нармат,

Чу кафтарбачас боли нариш ёфт.

 

Агар мехри ту дар дунё набошад,

Чахоне чумлаги сарду хунук аст.

Агар дасти ту дар дунё набошад,

Равад мехру мухаббат чумла аз даст.

(Райхон Одинаева)

Эй модари бихишти

Дилсузу мехрубони, эй модари бихишти.

Дар сарзамини мехрам дони умед кишти!

Дорам умед аз ту, бахти сафед аз ту,

Охир ту ояхое аз бахту сарнавишти!

(Абдусаттори Самеъзод)

Модар

Дар барат модари гамхораи ман,

Хаваси кудакиям меояд.

Ба навозиш бидихи таскинам,

Сари зонуи туям мебояд.

 

Ба канорат зи сафархои дароз

Боз баргаштаам, эй модари чон.

Ба бару бар дари ту орандам.

Хама пайрохаву раххои чахон.

 

Натавонам, ки дигар кахр кунам.

Хамчу кудак зи пайи канду асал.

Ин замонам насихат бидхи

Чойи он канду асал панду масал.

 

Хул шудам модару донистам пас

Ранчи бедории шабхои туро.

Менавози ту сарамро умре,

Мон, ки ман сачда кунам пойи туро.

(Сурайе Ёкубова)

Тухфа ба модар

Модарам, дар рузи идат ман чиро савго кунам?

Мехри пинхони диламро ман чи сон ифшо кунам?

Гар матос тухфа бинмоям, шавад он бенишон,

Дастаи гул хадя созам, тез мегардад хазон.

Пас, чиро дар рузи идат тухфа бинмоям, ки он

Монад аз ман бахри ту чун ёдгори човидон?

Модарам, тухфа бар ту мекунам ашьори худ.

То ки бошад човидону  човидон бошад суруд.

(Раъно Сафарова)

Ганчинаи мехру мухаббат

Модарам ганчинаи мехру мухаббат будааст,

Нек донистам кунун у ганчи сармад будааст.

Хотами Той аз сахои модараш Хотам бишуд.

Хотамии мо хам аз моми саховат будааст.

Модари бехасрати ман шод буду шод зист,

Касрати шодии у рупуши хасрат будааст.

Нур меборид аз чашмони камнураш мудом,

Чашми у сарчашмаи нури саодат будааст.

Аз камони комати у гири умраш хам бичаст.

Як замон абрукамону сарвкомат будааст.

Баччагиро ёд орам, ашк мерезад зи чашм,

Пеши у як дам нишастан хам ганимат будааст…

(Ахмадчон Рахматов)

Модар

Хеч шоир мисли модар ин кадар бедор нест,

Дар сари гахвораи шеъраш чунин абгор иест.

Хаст хар як сатри шоир катрас аз хуни дил,

Хамчунон модар, вале уро дили хунбор нест.

Хаёт дарди шоиронро субх дармону шифо.

Лек чун модар якумри хеч кас бемор нест.

 

Хаст умре душмани ширини модар тифли у,

Хеч касро инчунин хам душмани гамхор нест.

Бигзарад аз бахри шеъри хом шоир як замон.

Лек бар фарзанд чун модар касе нодор нест.

Нест шоир заррае бо он бузурги пеши у,

Гар набошад модар, охир, шоиру ашьор нест.

Модаро, эй шоири хастии одам, шод бош,

Хеч як эчод чун эчоди ту даркор нест!

Ту мехри, ишки, чони

Мадори хонадони, модари чон,

Ба хар фарзанд чони, модари чон.

Касе мислат набошад гамгусоре,

Гами дилхо ту дони, модари чон.

Туро рузе надидам, ёд кардам,

Бигу бар ман, чи сони, модари чон?

Бибусам дасти ту, бар дида молам,

Ба мисли магзи чони, модари чон.

Ту ширини, ту махбуби, вафои,

ту мехри, ишки, чони, модари чон.

Шуда бо ин бузурги коматат хам,

Сутун бахри чахони, модари чон.

Ватан бо ту, аё модар, азиз аст,

Ватан гуему они, модари чон.

Набини хеч гохе дарду гамро,

Бубини шодмони, модари чон.

Замин умри абад бинад, замини.

Ту умри човидони, модари чон.

(Усмон Шарифзода)

Номи модар

Дилу чонам фидои номи модар,

Дило, фируз бод айёми модар.

Чу дид осори ранчурии фарзанд,

Шакар талхи кунад дар коми модар.

Дихад сарсабзихо шири сафедаш,

Ба пухтан  мерасонад хоми модар.

Бидидам дар амал, дар зиндагони

Шуда сад панди ман дашноми модар.

Бувад бахри сахо, дарси рахмат

Надорад Хотаме инъоми модар.

Хамии аст аз бузургиаш ишора:

Ватан дорад муборак номи Модар.

(Латиф Одина)

Видои модар

Модари пирам магар аз зиндаги ранчиду рафт.

Чун ситора як шабе андар сарам тобиду рафт.

Баъди марги у надорам иштиёки зиндаги,

Охи чонсузи маро як лахзае нашниду рафт.

Киммати уро надонистам, вале у бахри ман.

Як чахон мехри дидашро ноаён бахшиду рафт.

Орзуям буд раксад рузи чашну иди ман.

Воалам, бо дард суи хокдон раксиду рафт.

Аз шарори нури рухсораш дилам осуди буд.

Чун шарар дар пеши чашмам лахзае рахшиду рафт.

Ё магар бекадрии дунё ба чашми хеш дид.

Нобасомонии даври хешро санчиду рафт.

Дард домангир гашту тан ба марги хеш дод,

Домани худро зи дасти зиндаги печиду рафт.

Зери пои худ намсозурд мури хастаро,

Качниходии фалак бо чашми аклаш диду рафт.

Ёд кард аз чун ширу оби софи Салсабил,

Кунчи хомуши лахадро бахри худ бигзиду рафт.

Ё бихишти човидон овард бар пеши назар,

Лахзаи чон доданаш бар руи мо хандиду рафт.

( Исмоил Зарифи)

Ду газал

Олихаи замони тифлист модари ман,

Мисли фаришта умре мезист модари ман.

Тифли сапедаро зуд бедор менамуд у,

Пеш аз сахар чу мургон мехост модари ман.

Имруз ризки моро аз осмон бичуяд,

Хангоми хушксоли абрист модари ман.

Бас мурдахо, ки дар дил гуронду хуну борон

Бар рузи сахти мардум бигрист модари ман.

Хар кадр мехурад гам, аз гам намешавад сер.

Бар ошу нони дунё кахрист модари ман.

Шуд хоки пои фарзанд, обу адои фарзанл.

Чун руди нур бар мо чорист модари ман.

* * *

Модарам нурхасраг аст аз ин чахони бенамак.

Резад ашки у зи шохи мижааш чун чавназак.

Сузане аз хори сахро то ханузаш дар дил аст.

Пои урён медавид аз пушти гову гулпарак.

То саводашро барорад модари ман аз хисоб,

Чучахоро мешумурди хар нагохи дар катак…

Гушнагиро модараш бо каркахо мекард орд,

Бо фигони ховану бо нолахои чирчирак.

Пахн мекард аз афсона момаш хони шаб.

Як сабад гелос меовард аз боги фалак.

Рафта-рафга нон бишуд арзон ба рахни чони халк,

Рафта-рафта шуд фаровон канд аз захри табак.

Шуд сари сабзаш сафеду дар хаёлу хоби у

Бачагии модарам то хол мечинад сарак.

Хумори модар

То сояи яъс аз сурудам резад,

Андуху алам зи тору пудам резад,

Модар, ту дили маро бишусти бо шир,

То ин ки сиёхи аз вучудам резад.

 

Модар, ба мадори рафтаат сад афсус,

Бар сабру карори рафтаат сад афсус.

Гаштаст забони фасли пойиз дароз,

Бар фасли бахори рафтаат сад афсус.

 

Начвои гулу гиёхро мешунави,

Шаббода вазад, гули кирав медарави.

Бо комати мисли доси худ дар коза,

Эй модари чон, гули алав медарави.

 

Эй модари чон, ачал амонат бидихад,

Дар руи замин Худо маконат бидихад.

Дар зери фалак соя куни бар сари мо,

У рох ба зери осонат бидихад.

 

Эй модари чон, ту бехабибам накуни.

Аз рехлати хул ба гам карибам накуни.

Хастам чу гиёхи сояпарвардаи ту.

Аз сояи хеш бенасибам накуни.

 

Бечораи модарам сахар мехезад.

Аз бонги азон нагохтар мехезад.

Бар чойинамозу хонаам хар сахари

Аз нуги забони у шакар мерезад.

 

Аз кухи Булур мефарояд модар,

Почуру базур мефарояд модар.

Бар хонаи чашми ташнаю пазмонам

Чун чашмаи Нур медарояд модар.

 

Модар, ки ба ноз нарвариди моро,

Бо чони азизи худ хариди моро.

Бо сузу гудоз дар табу бемори

Ту аз дахани марг кашиди маро

Новакт хазои бишуд бахори модар,

Шуд водии хомушон диёри модар.

Хар вакт бигирадам хумори модар,

Гирям ба мазори хоксори модар.

 

Рафтию маро ту пир карди, модар,

Мурги дили ман асир карди, модар.

Баъди сари ту гамам бишуд овора,

Гамхои маро сатир карди, модар.

 

Модар, модар, даме мадорат нашудам,

Як умр чароги рузгорат нашудам.

Ман чирчираки пояи тобути туам,

Гашти ту хазону ман бахорат нашудам.

 

Модар, хаваси пири туро ёд кунам,

Фарсёди гулугири туро ёд кунам.

Шабхо, ки ба руд шири мах мерезад,

Согуи пур аз шири туро ёд кунам.

 

Охули ту буйи шир дорад, модар,

Буи гияху панир дорад, модар.

Хар гову бузичаат, ки ояд бегох,

Буи камару адир дорад, модар.

 

Як сипаи чун танур дорам, модар,

Дид хонаи мору мур дорам, модар.

Эй кош даруни гур азобат надиханд,

Ман бе ту азоби гур дорам, модар.

 

Модар, ту ба шири додаат рози шав,

Бар номи ба ман ниходаат рози шав.

Не карзи ту кард адову не карзи Худо,

Аз бачаи гулу содаат рози шав.

(Равшани Хамрох)

Ба номи модар

Хамефахрад чахои бо номи модар,

Тамоми одамон бо номи модар.

Ба хуни дил, ки моро парваридаст,

Дар охир пухта гардад хоми модар.

Ба пеши чашми худ осуда бинем

Дили пайваста ноороми модар.

Хамехохем рузи нек бинад,

Шавем мо равшании шоми модар.

Набинад хеч доге коми покат,

Набошад ноктар аз номи модар.

Бияфрухт оламеро калби Данко,

Ба одам буд у инъоми модар.

Замин монанди дасти модарон аст,

Замин оромии ороми модар.

(Файз Зохид)

Модарам

Хуршеди анварам,

Икболу ахтарам.

Як умр рахбарам,

Пайваста ёварам,

Дилбанд модарам!

* * *

Нури басар туи,

Нону чигар туи,

Файзи сахар туи,

Бахри гухар туи,

Дилбанд модарам!

* * *

Субхи даман туи,

Хусни чаман туи,

Атри суман туи,

Зеби Ватан туи,

Дилбанд модарам!

Хохам, ки дар чахон,

Чун шамси зарфишон,

Чун бахри бекарон,

Боши ту човидон,

Дилбанд модарам!

(Усмон Назир)

Мехр

Ёд орам модари гамхорро,

Модари гамхору хушгуфторро.

Ёд орам дурри маъни суфтанаш,

Мехрубонона насихат карданаш.

Ёд орам ранчи бисёре кашид,

Аз бароям бо дили нур аз умед.

Чашмаи бахру саодат модар аст,

Хоки пояш тутиё, точи сар асг.

Хар ки бошад сохиби аклу тамиз,

Модарашро доимо дорад азиз…

(Усмон Олим)

Модар

Туро нури басар гуям,

Туро субхи сахар гуям,

Зи руйи лолахо, модар,

Туро буям, туро чуям.

 

Ба ду чашми назарбандам,

Ба ду абруи пайвандам,

Нигах  сози, нигах созам,

Назархо медихад фандам.

 

Ба он дастони ларзонат,

Ба он чашмони хайронат,

 

Фидо гирдам, аё модар,

Ба он холи парешонат.

 

Ба истикболи ту аз дар,

Барояд сад писар духтар,

Ки онхоро туи сарвар,

Чахонеро туи модар.

(Хадиса Курбонова)

Иди дилафруз

Боз омад рузи ид-иди бахор.

Рузи иди модарони бахтёр,

Рузи иди духтарони гулузор,

Иди шодию чавонии диёр.

 

Рузи фирузи муборак, модарон!

Ин дилафрузи муборак, хохарон!

 

Боз ин дам кучахо пурпур шуд.

Бо тарона раксу бози чур шуд,

Хонаи мо гарми тую сур шуд,

Хотиру дилхо хама масрур шуд.

 

Рузи фирузи муборак, модарон!

Ин дилафрузи муборак, хохарон!

 

Орзу дорем: Дилхо шод бод!

Умратон бисёру пурэчод бод!

Зиндагиро бахтатон бунёд бод!

Хонахотон доимо обод бод!

 

Рузи фирузи муборак, модарон!

Ин дилафрузи муборак, модарон!

(Бурхон Фаррух)

Модар

Дар боги умри модар,

Гарки гул аст олуча.

«Дили оча ба бача,

Дили бача ба куча».

 

Паси дари хамсоя,

Дили бача дар банд аст.

Чашмони оча нурнам,

Дили оча хурсанд аст.

Дили бача парвози.

Муштоки ишку бози.

Дили оча дар замин.

Аз кисмати худ рози.

 

Дунёи хавфу хатар

Хастии захру шакар.

Аз сари китфи писар,

Тобад ба чашми модар.

 

Гулхонаву туихона

Озору ранчу рохат…

Гул мекунад табассум,

Гирди лабони навхат.

 

Захми дили очаро,

Мархам гули олуча.

«Дили оча ба бача,

Дили бача ба куча».

(Гулрухсор)

Волотар аз хама

Як дами чон костани модарон,

Бех зи хама муъчизи пайгамбарон.

Як нигахи шуълавари модарон

Бех зи хама анчумани ахтарон.

Як сухани бонамаки модарон

Бех зи хама хикмати дошишварон.

Як асари маслихати модарон

Бех зи хама доварии доварон.

Як хунари хамдамии модарон

Бех зи хама чодуи санъатгарон.

Як нафаси сухтани модарон

Бех зи хама сузи дили шоирон.

Як табутоби чигари модарон

Бех зи чигардории сарлашкарон.

Як мадади фотехаи модарон

Бех зи мададгории сохибсарон.

Як кадами беамали модарон

Бех зи хама шаш чихати бекаром.

Пас, ба кадамхои шумо, модарон,

Хок шаванд аз хама волотарон.

Пас, ба кадамхои шумо, модарон,

Кавну макон бод фидо, модарон!

(Лоик Шерали)

Тухфа

Ана, имруз бувад ид туро,

Модар, эй ойинаи нуру сафо.

Чи дихам, то ки бувад лоики ту?

Чи кунам, то ки шави шод аз у?

Дил кунам тухфа? Худ он з-они ту аст,

Чон дихам? Чони ман ин чони ту аст.

Ё ба ту бахти фурузон бахшам?

Хонаю богу гулисгои бахшам?

Хамаро хасти ту доро, модар,

Нур зи бахт аст хама хонаю дар.

Чи кунам, пас, ки бувад лоики ту?

Чи дихам, то ки шави шод аз у?

Раваму бахри Ватан кор кунам.

Чули лабташна чу гулзор кунам.

Раваму калби аду чок занам,

Байраки шухра бар афлок занам.

Адаб омузаму мардию вафо,

Гум кунам аз хама чо макру риё.

Бахри мардум каси даркор шанам,

Машъали рах ба шаби тор шавам.

Пас, ба ту тухфа кунам, сарафроз,

Номи неку шарафу дасги дароз.

(Кутби Киром)

Модарам

Аз хастият доди бако бар рузгорам, модарам!

Аз мехру ёдат доимо ман бахтёрам, модарам!

Шири сафедаг хурдаам, кайфу халоват кардаам.

Завк аз сурурат бурдаам, субхи бахорам, модарам!

Ман дар барат осудаам, бар синаат сар судаам.

То субх рохат бурдаам,  шабзиндадорам, модарам!

Ту дар сари гахвораам, бинмудаи  наззораам,

Умре шуда овораам, сабру карорам,  модарам!

Рузе баровардам забон, гаштб дучандон шодмон,

Буд орзуят дар замон авчу барорам, модарам!

Мактаб бишуд имдодгар, омухтам илму хунар,

Хар руз мешуд бештар зуру мадорам, модарам!

Дар хидмати мардум шудам, бедор чун анчум шудам,

Мафтуни хар мавсум шудам, химматшиорам, модарам!

Дил мефурузам аз сухан, чон мефизоям дар бадан,

Тахсинам аз коми Ватан бисёр форам, модарам!

То нур дорам дар назар, то зур дорам дар камар,

Хохам, ки рухафзо самар ояд зи корам, модарам!

Руят бувад ойинаам, ёдат бувад дар синаам.

Мехрат бувад ганчинаам, гавхарнисорам, модарам.

Бар навбахорон бингарам, бар абри найсой бингарам.

Бар зеби бустон бингарам, ранги хазорам, модарам!

Бар хониши ман гуш кун, дил аз фарах  пурчуш кун,

Шахди саодат нут кун, эй бурдборам, модарам!

Шойиста фарзанди туям, бо умр пайванди туям.

Хушнуду хурсанди туям, миннатгузорам, модарам!

Фархат ба гуфтори наку изхор бинмуд орзу.

Лозим шавад, дар хакки ту чон  месупорам, модарам!

(Мухиддин Фархат)

Модар

Модари гамгусори ман,

Шодии рузгори ман,

Куввати ман, мадори ман.

Боги ману бахори ман.

Модари гамгусори ман,

 

Садка шавам ба номи ту.

Лоики эхтироми ту,

Максади ту мароми ту,

Максади ман мароми ман.

Модари гамгусори ман.

 

Аз хама кас накуи ту,

Аз хама хубруи ту,

Чашмаи орзуи ту,

Боиси обруи ту,

Модари гамгусори ман.

 

Шамъу чароги хонаи,

Шодии ин замонаи.

Байти хуши таронаи,

Барои ман ягонаи,

Модари гамгусори ман.

(Гулчехра Сулаймонова)

Кадрат надонистам

(Дар фироки модари мехрубонам баъд аз 13 соли вафоташ)

Ту рафтию бихиште аз чахонам рафт, эй модар,

Гули садбарги тар аз гулситонам рафт, эй модар,

Насими атри мехр аз бостонам рафт, эй молар,

Шукухи ошёну хонадонам рафт, эй молар,

Хидоятахтарам аз осмонам рафт, эй модар.

 

Ту буди мехрубони ман, вале кадрат надонистам.

Ту буди чонфишони ман, вале кадрат надонистам.

Ту буди руху чони ман, вале кадрат надонистам,

Ту буди посбони ман, вале кадрат надонистам,

Дарего, умри ту дар имтихонам рафт, эй модар.

 

Дилам хохад, ки дар пойи ту сар монам, кучои ту?

Кафи хоки ту кухле бар басар монам, кучои ту?

Ба руйи нозанини ту назар монам, кучои ту?

Табиби чоннисори дарду дармонам, кучои ту?

Халоват аз хасту чисму чонам рафт, эй модар.

 

Ба дунё омадам рузе, ки мехрат бар ман афзун буд,

Чахони ман хамон огуши гарму руйи гулгун буд,

Валекин калби ту аз бекарорихои ман хун буд,

Намедонам зи шоди холати калби хушат чун буд,

Хамон рузе, ки номат бар забонам рафт, эй модар.

 

Хама он ранчу озоре зи ман диди, маро бахшо.

Хама он сирру асроре зи ман диди, маро бахшо,

Хама нобудакирдоре зи ман диди, маро бахшо,

Сазову носазоворе зи ман диди, маро бахшо,

Ки аз сар аклу аз лабхо баёнам рафт, эй модар.

 

Шавам бо руйи тира пеши Хак рузи чазо хозир,

Биёрад номаи аъмоли ман он Холики нозир,

Биёяд шарми он рузам кунун бар гушаи хотир,

Набахши ту гуноху хам нагардад Холикам сотир.

Бидон, накди хаёти човидонам рафт, эй модар.

 

Худо рухи туро чо дар бихишти анбарин созад,

Анисат хуру гилмону наими дилнишин созад,

Ба хурсандн хамеша калби покатро карин созад,

Чамолашро мушарраф пеши чашмат баъд аз ин созад,

Бароят ин дуо андар забонам рафт, эй модар.

 

Тамоми умр Наккошат ба дидори ту пазмон аст,

Зи афъоли бадаш дар пеши рухи ту пушаймон асг,

Зи чил бигзаштаву лекин хануз он тифли нодом аст,

Шунидам аз Паямбар хулд зери пот пинхон аст,

Зи дастам суду накди ройгонам рафт, эй модар.

(Иброхими Наккош)

Модар

Исми модарро бигирад бар забон

Бори аввал кудаке гуяд сухан.

Чо шавад бо мехри модар дар дилаш

Мехри мардум, мехри дунёву Ватам.

 

Рози дил  ба модар навчавон,

Нуши чон дилреш кобад аз чахон.

У дуо пурсад зи модар гирди хон,

То ки ризки хеш ёбад аз чахон.

 

Марди беморе ба вакти тобу таб

«Оча» гуяд зери лаб бо зури дард.

Мебарад гуё ки ин исми шафик

Аз танаш дарду зи руяш ранга зард.

 

Мусафеде ёди модар мекунад,

Чун ачал ангушт сояд бар дилаш.

Зинда гашта модараш гуё зи нав,

Гуё ояд боз чун чонофараш.

 

Хар кучо будам, шунидам ин сухан,

Аз забони пиру барно, марду зан.

Зинла бош, эй модар, эй парвардгор,

Чунки оламро туи чон дар бадан!

(Фатхуллои Азиз)

Модарам

Модарам, бахту умедам, зинда бош!

Вар сарам, эй нури шедам, зинда бош!

Чун дуоят бахти ман бошад сафед.

Модари гесусафедам, зинда бош!

 

Аз ту омад бар лабам харфи забон.

Аз ту ман омухтам пойи равон.

Чун хама хеч аст пеши ин чахон,

То ки ман хастам, бароям зинда мон!

 

Шодмонии замони шоди ман,

Мондаи чун олиха дар ёди ман.

Гул кунад бо руйи ту дар зиндаги

Хонаи аз хусни ту ободи ман.

 

Дар самои зиндаги истораам.

Эй ягона дар замин гамхораам.

Бори дигар во бикун дасти дуо,

То шавад гахвора ин сайёраам.

(Абдулхалим Самадов)

Васфи модар

Модари мунису гамхор, бимирам дар ту,

Эй сароно гули бехор, бимирам дар ту.

Чонфидое ба мисолат ба чахон нест дигар,

Синаи мехри бакодор, бимирам дар ту.

Сари гахвораи фарзанд нахусби хама шаб,

Дигарон хобу ту бедор, бимирам дар ту.

Дур агар аз барат афтод даме фарзандат,

Чашми уммед ба рах чор, бимирам дар ту.

Аз сари мехр дусад чони худат карда нисор.

Чони фарзанд харидор, бимирам дар ту.

Хамчу муе, ки дар оташ бифитад, печ хури,

Гар шавад тифли ту бемор, бимирам дар ту.

Сузи хешон дигару сузиши модар дигар аст,

Гамгусорию вафолор, бимирам дар ту.

Точи шохони чахонро хама як точ кунанд.

Арчмандию сазовор, бимирам дар ту.

Аё модар

Ту чону хам чахони ман, аё модар, аё модар,

Чахони човидон ман, аё модар, аё модар.

Дар ин дунё намонад  умри кас човид, медони?!

Ягона пуштибоии ман, аё модар, аё модар.

Дуоят рахкушои бахти фарзандони фардохост.

Анису мехрубони ман, аё модар, аё модар.

Насузад чашми ман аз дуди оташхои гамхоят,

Чанори соябони ман, аё модар, аё модар.

Ба чашмам сурма созам хоки поятро азизи чон,

Туи ганчи равони ман, аё модар, аё модар.

Ба суят бингарам, эй киблаи уммедхои дил.

Ту шамси хонадони ман, аё модар, аё модар.

Бихишти ман ту боши дар хама олам, намедони.

«Газалхои равони ман, аё модар, аё модар!»

Фидоят мекунам чону сари худро ба фахри беш,

Нишони рафтагони ман, аё модар, аё модар.

Аз он тарсам, ки рузе бе ту мемонам, намедонам.

Рави, ояд хазони май, аё модар, аё модар.

(Мирзому род Хошимзода)

Огуши модар

Модарам, огуши гармат бахри ман кошона аст,

Сар ба зонуят гузорам, давлати шохона аст.

Харфи некуят бароям панду андарзи чахон,

Хар сухан, хар панди ту бехтар зи сад дурдона аст.

Даст бикшову дуо бинмои фарзандони хеш,

Хар дуои неки ту аз бахри ман мохона аст.

Оташи калбат дихад гарми ба дил, бар зиндаги,

Чашмаи мехриву чашмонат чароги хона аст.

Коматат дар зери бори зиндаги мисли камон,

Дар багал гуё асои ту сутуни хона аст.

Нозам аз бахти баланду толеи фархундаам,

Дар барат бошам ба дил андуху гам бегона аст.

Модари чон, то абад чун соябон боши ба сар.

То абад васфат намоям, сунна ти фарзона аст.

(Илхом Юлдошев)

Самкали фикр

Мохтоби дар самои, модарам,

Сайкали фикри расои, модарам.

Бо дили саршори мехру харфи хуш,

Дар дилу дар дида чои, модарам.

Зинда боши бар сари фарзандхо,

Сояи боли хумои, модарам.

Гамгусору махрами розам туи,

Захми дилхоро давои, модарам.

»Мерасад харфу садоят хуш ба гуш,

Бомдоди пурсафои, модарам.

Пайрахи икбол бинмуди ба ман,

Кутби бахтам менамои, модарам.

Боз фарзандат, Мазори, интизор,

Кош бо субхе биёи, модарам.

(Мурод Сандалии Мазори)

Эхсони модар

Лаъли хушоби Бадахшон, модарам.

Ганч дар кони Зарафшон, модарам.

Дасти ман бигрифтаи дар кудаки,

Сохиби дунёи армон, модарам.

Аз ду пистони муборак чуйи шир.

Кардаи бахрам ту эхсон, модарам.

Барниходи бар забон алфози нек,

Бо каломи шаккарафшон, модарам.

Одамиятро зи ту омухтам.

Эй чароги илму ирфон, модарам.

Бо хидоёти туям сохибтамиз.

Бар тани афсурдаам чон, модарам.

То абад дар хасратат Шайдои ту

Буду бошад дидагирён, модарам.

(Мулло Курбони Шайдо)

Ду газал

Фарзанд бувад нишони модар,

Пайванди дилу равони модар.

Дар равзаи умр реша гирад,

Фарзанд ба боги чони модар.

Сарчашмаи мехри оламафруз,

Бошад хама з-ормони модар.

Ширин шуда коми талхкомон,

Аз шахду шакар, забони модар.

Дар гулшани дахр гул наруяд,

Бе чехраи гулфишони модар.

Огоз шавад бихишт бар мо,

Аз кулбаю остони модар.

Човид чароги зиндаги нест,

Бе хастии човидони модар.

Монанди бахор сабз бодо,

То хаст чахон чахони модар.

  • • •

Сафоизиндагони руйи модар,

Бихишти човидони куйи модар.

Гулафшони бахори орзухо

Канори дилкашу дилчуйи модар.

Бароям Каъбаи икболу бахт аст,

Кунам ман сачда хар дам суйи модар.

Надорад рангубу гул боги хасти,

Набошад гар рухи хушруйи модар.

Хамеша ташнаи дидори гармаш.

Набошам сер ман аз буйи модар.

Гаму дарди чахон созам фаромуш,

Гузорам сар чу дар бозуйи модар.

Даме, ки чони нокам пар кушояд,

Бихобам, кош, дар пахлуйи модар.

( Нуриддиии Амриддин)

 

Модяри ман

Сафои рузгорам, модари ман,

Ту хусни гулузорам, модари ман.

Ба хар коре маро илхом бахши,

Туй зуру мадорам, модари ман.

Ту хастию маро дарду гаме нест,

Бакои рузгорам, модари ман.

Хаётамро зи файзат тираги нест,

Ту мохи нурборам, модари ман.

Зи ту омухтам харфу суханро,

Нахустомузгорам, модари ман.

Бисузи, гар маро тобу табе хаст,

Хабиби бекарорам, модари ман.

Ба пеши пойи ту ман сачда орам,

Чу бар парвардигорам, модари ман.

(Хикмат Розик)

Модари мехрубони ман

Махзани бардавоми ту, модари мехрубони ман.

Мекунам эхтироми ту, модари мехрубони ман.

Сабри ману карори ман, зури ману мадори ман.

Панди тую каломи ту, модари мехрубони ман.

Хамрадифи бахор ту, хокии хоксор ту,

Макбули хосу оми ту, модари мехрубони ман.

Домани сабзи ту ба ман домани бекаронияст.

Маншаи чузъи томи ту, модари мехрубони ман.

Тансихатии ту талаб мекунам аз Худои худ,

Хастии ман низоми ту, модари мехрубони ман

Нури ман аз ликои туст, савти ман аз навои туст,

Шукр ба шири хоми ту. модари мехрубони ман.

Мекунад ин талаб зи Хак духти ту Шохнозаат,

Бод фалак ба коми ту, модари мехрубони ман.

(Шахнозаи Сугди)

Модар аст

Давлату дунёи мардон модар аст,

Куввати дилхои инсон модар аст.

Чумла фарзандон чу ахтар дар бараш

Дар фазо чун мохи тобон модар аст.

Бар саховатнешахо устод уст,

Хони пур аз файзу эхсон модар аст.

Подшохон чумла фарзандони уст,

Пири хар як марди майдон модар аст.

Коматаш хам гашта аз андешахо,

Гавхари андеша, шоёи модар аст.

Нек андеши агар андешаро

Дар ду дунё нури имон модар аст.

Шамсидин, бо ёди модар зинда бош,

Бахри ту ширинтар аз чон модар аст.

(Хочи Шамсиддини  Хисори)

Хушихо падида модар

Хама ранчхои дунё бари ман кашида модар,

Хушихо ато намуда, хушихо надида модар.

Сари ман ба осмонхо зи навозишат расида,

Ачабо, чаро ба чое туи норасида модар?

Хама неъмати чахонро ту ба кудакат хуронда,

Агарат шуди муяссар, лаби нон газида модар.

Бинамуди парваришхо ба хавас нихоли комат,

Чи кунам, ки комати ту ба замин хамида модар?

Хама умр метапиди зи барои кудаконат.

Ту кунун зи дарду иллат ба шабон тапида модар.

Ту зи синаат бакоро ба хама чахон чашонди,

Ивазаш шароби хасрат зи чахон чашида модар.

Рахи кас ба суи чаннат шуда сар зи хоки поят,

Сазадо, ки хоки поят бикашам ба дида модар.

Нарасад ба гуши Хушдил на садову на дуоят,

Наравад забон, ки гуям зи чунин падида модар.

(Хушдили Абдулгафур)

Дасти дуо

Гуфтаму гуям зи нав хамду саноят, модарам,

Сачда бинмоям ба гарди хоки поят, модарам.

Хар гахе аз дил ба васфат мекунам харфе бурун,

Пеши ру меоварам дасти дуоят, модарам.

Хома очиз аст, то васфи туро иншо кунад,

Мисрас бо хуни дил гуям бароят, модарам.

Ман чи сон тасвир созам мехри бепоёни ту,

Хам аламхои дили обу адоят, модарам.

Фикри фарзандони худ дори ба сар рузу шабон,

Оламе рангин хамеша аз сафоят, модарам.

Бе бакои ту бакос нест дар бунёди дахр,

3-ин сабаб то човидои хохам бакоят, модарам.

(Нурулло Порзода)

Мехри пок

Оварад мехрат ба дил богу бахор, эй модарам,

Хар кучое бо ту дорам ифтихор, эй модарам.

Мехри ту чушад ба дил чун чашмасорони диёр,

Бахри ман як дидани руят бахор, эй модарам.

 

Такядору сарпаноху гамбарори мо туи,

Бахри мо шабзиндадору бекарори мо туи.

Шахсутуни хонаву току равоки мо туи,

Доимо мушкилкушои рузгори мо туи.

 

Гар шитобад бар замини ташналаб оби равон.

Мешитобам то ба огушат манам пайванди чон.

Хасти дар дунё барои ман азизу мехрубон,

Мехри нокат дар дили ман то абад дорад макон.

(Раънои Сафарзод)

Ба модар

Эй модари як лахзаи ором надиха.

Бар Хак зи кирони кадари мехр расида.

Бо аллаи ширини ту махтоб бихобад.

Чун дуда ба тан тори зар аз нур танида.

Оварда ба чони хама сад рохату шоди,

Бахти хама аз даргахи Яздон талабида.

Истораи афтодаи шаб нусхаи асл аст,

3-он ашки зи мичгони ту аз гусса чакида.

Дил баставу тан хаставу чон дода ба зори,

Чону тани бемори чигарбанд харида.

Аз косаи захробаи фарзанди дидозор

Бо мшшату шукропа шакарвор чашида.

Чашмаи мехр

Модарам, чун ту фидокору вафодор кучосг?

Нурсафо чун дили ту чашмаи анвор кучост?

Сари гахвораи ман бистару болини ту буд,

Ахтаре чун ту дар ин гунбади даввор куыост,

Гарди хоки рахи ту давлату дунёи ман аст.

Бех аз инам шарафу толеи бедор кучост?

Сухти аз гаму андухи ятимон умре,

Чун ту хуниндилу чонсузу чигархор кучост?

Хамаи рохату осоишат аз бахти ман аст,

Бехтар аз ту ба ман икболи сазовор кучост?

Дили Урокиат аз мехри вафо саршор аст?!

(Саидчон Уроки)

Гули модар

Бахорон гашту хамчун армугоне

Гулу гулдаста авардам ба модар.

Худамро гул намудам, ки ба муям

Гулеротбаста овардам ба модар.

 

Магар модар ту то руйи гули ман,

Гулеро ин кадар зебо надиди?

Ки руям дидиюю бетокатона

Ба огушат маро махкам кашиди.

 

Гулам модар, гули уммеду армон

Гулам модар, гули андешаи ту.

Ба домонам бигардам ман шукуфо,

Бисабзам аз мадори решаи ту.

(Мухаррамой Одинаева)

Модарон

Рангубори зиндагони модарон,

Зиндагиро худ нишоне модарон.

Хамнабарди марги худ умрофарин,

Бахти моро шодмони модарон.

Умрро огоз бошадаз шумо,

Бахти моро ноз бошад аз шумо.

Ин замину офтобу осмон

Пур зи созу роз бошад аз шумо.

 

Зиндагисозу саодатофарин,

Офтоби сидраи чархи бврин.

Доимо бошед бо мо, модарон,

Аз Худо уммеди мо бошад хамин.

(Латофат Исломова)

Мехроби ёд

Чахону вакт умре хамканорат буд, эй модар,

Хуруши руд умре созгорат буд, эй модар.

Хамон накше ба уммеди аруси руйи чодар монд,

Якин аз ишк накши мондагорат буд, эй модар.

Хамон рохе, ки чашмат буд суяш интизори ман,

Чу сатри шеъри тифли рахгузорат буд, эй модар.

Дар он айвон, ки дилро менамуди ту нисори ман,

Хамон чо остони гулнисорат буд, эй модар.

Ки дар шохи дарахти дастпарварди гулафшонат,

Гамафшонии айёми бахорат буд, эй модар.

Хамон рузои, ки рузии маро мечустиву аммо,

Надониста бехии рузгорат буд, эй модар.

Замона сахтдил буду ту дил месохти бар ман,

Чу дил мебохтам ман, бахт ёрат буд, эй модар.

Хамин дунё, ки меомухти аз шаш чихат онро,

Зи дардаш ашкхои шашкаторат буд, эй модар.

Диёрат бахри фарзандат чи пешоянд хохад дошт?

Ту медонистаи, зеро диёрат буд, эй модар.

Хамон зоди сафар, к- аз зодгохам бурдаам бо худ,

Зи хони ошёни хоксорат буд, эй модар.

Бех аз сад хайкалу мехробхою маъбади аъло,

Хамин ёдат бехии аз ёдгорат буд, эй модар.

(Парда Хабиб)    

Чоят бихишт бошад!

Модар, маро шикасти, чоят бихишт бошад!

Рахти сафар бибасти, чоят бихишт бошад!

То рузи вонасинат буди маро парастор,

Акнун Худо парасти, чоят бихишт бошад!

Хар чо, ки по гузори, гулзор менамуди,

Хар чои, ки нишасти, чоят бихишт бошад!

Эй шоми бехтар аз чои, ман сарбаланд аз он,

Дар ту набуда пасти, чоят бихишт бошад!

Ин хонаву дар аз ту мерос монда бар ман,

Ман хастаму ту хасти, чоят бихишт бошад!

Бо марги ту Санавбар бедор гашта аз хоб,

Хушёр шуд зи масти, чоят бихишт бошад!

(Санавбар Сохибова)

Дуои зиндаги

Модарам, эй модари чонпарварам,

пеши поят сар нихам, эй сарварам!

Кудакам ман дар нигохат то хануз,

Магузори дасти шафкат бар сарам.

 

Дуст медорам туро, то зиндаам,

Бо хавасхои зиёдам зодай.

Ту бароям номи Зебо мондаи,

Ту ба ман зебоии худ додаи.

 

Рахнамову рахкушои ман туи.

Дар рахи дури умед, эй модарам.

Гашта гесуи сиёхи ту сафед,

То шавад бахтам сафед, эй модарам.

 

Мепарастам ман туро, то зиндаам.

Аз ту мепурсам дуои зиндаги.

Модарам, бодо нигахбонат Худо,

Зинда боши аз барои зиндаги.

(Зебои Хатлони)

Талаби дуои модар

Аё модар, дуохохам,  дуохох,

Дуои хайр бинмоям сахаргох.

Ки то хастам ба рохи зиндагони,

Бувад рохам сафеду соф чун мох.

 

Дуо бинмо, ки бошам хонаобод.

Намоям бар каси мухточ имдод.

Чу гирам дасти мухточе, ятиме,

Худо рози шавад, халки Худо шод.

 

Дуоям дех, ки бошам аз хатар дур,

Битобад бар сари ман хонаи нур.

Бигардад дустдорам халки олам,

Шавам бо некноми шахси машхур.

Дуоям дех, ки бошам рострафтор,

набинад мур зери поям озор.

Ба неки ростонам ёд оранд,

Бибошам ростиро номбардор.

 

Дуоям дех, ки гардад файзам афзун,

Панах ёбам зи бадкирдори малъун.

Ба дасти хеш ризки худ биёбам,

Набошам хеч гах мухточи хар дун.

 

Дуоям дех, набошам номусулмон,

нагардам пойбанди макри шайтон.

Дуоям дех, ки аз фазли дуоят

Шавам ман посдори дину имон.

 

Дуоям дех, ки некандеш бошам.

Агар нушам, хама бенеш бошам.

Зи айби дигарон пушида чашмам,

Пайи ислохи айби хеш бошам.

 

Дуоям дех, ки беозор бошам.

Ба поку порсоён ёр бошам.

Агар посе ба ёди Хак бихобам,

Дигар дар зикри Хак бедор бошам.

 

Дуоям дех, ки илмомуз бошам.

Ба мулку миллатам дилсуз бошам.

Ба носи илм бар як по ситода

Ба шамъи шаб хаме хамсуз бошам.

 

Дуоям дех, аё модар, дуоям,

Шавад то ки дуоят рахнамоям.

Чароги рохи май гардад хама умр,

Бипошад нур бинам пеши поям.

(Яъкуби Хикматуллох)

Ба рузи там иди модар

Рузи тавлидат муборак, модарам,

Модари фархундаю хушманзарам.

Бо дуои мову бо лутфи Худо

Соябон мони ба болои сарам.

Хуштари ту аз хушихои чахон.

Бехтари аз моху шеду ахтарам.

Буду нобудат ба ман бахшидаи,

Нест хамсангат дигар сохибкарам.

Бе гули руят шавад умрам хазон.

Модари хушсурату гулпарварам.

Зери чархи нилгун аз бахти мо

Зиидаву човид мони, модарам.

  • • •

Муборак бод. Модар, рузи мавлуд,

Вучуди ту маро бинмуд мавчуд.

Ба гайр аз ту дар ин дунёи равшан

Надорад неьмати дигар маро суд.

  • • •

Муборак зодрузат, модари чон.

Ба дунё омади фасли бахорон.

Дилам хохад, чу гулхои бахори

Ту умре, модаро, боши шукуфон.

  • • •

Ба тобистон ба олам омади ту,

Ба барги гул чу шабнам омади ту.

Хамеша шод бод, эй модари ман.

Магар бар хурдани гам омади ту?!

  • • •

 

Ало. эй модари ман, шодмон бош,

Ба олам сарбаланду комрон бош.

Ба дунё омади гар тирамохон,

Ба рагми тирамохон бехазон бош.

  • • •

 

Ту. эй модар. чу мохе дар шабистон.

Канори ту маро бошад дабистон.

Бимон сарсабзу хуррам мисли гулхо.

Шуди тавлид агарчи дар зимистон.

 

Ба Рузи модар

Муборак, Рузи модар, модари ман.

Туй хуршеди болои сари ман.

Маро мехрат бихишти накд бошад,

Ду чашми туст хавзи Кавсари ман.

Ту хастию кадамхои ту орад

Хамеша файз бар бому дари ман.

Дуои ту балогарлони рохам,

Бувад хушнудият болу пари ман.

Бихохи бахти фарзандони худро.

Ало, эй модари бахтовари ман.

Бузургии ту дар шеърам нагунчад

Фидои ту шавам, эй модари ман.

Эй модари чон, ид муборак бошад.

Бахти ту чавону лолазорак бошад!

Дар гирди лабат, ки сура мегардони,

Гулхои табассумат каторак бошал!

*   *  *

Фархунда бувад иди саиди модар,

Дунё баумед аз умеди модар.

Хар чо ки равам, намебарояд берун

Аз гуши дилам гуфтушуниди модар.

(Равшани Хамрох)

Дуои модарам

Хар гахе кобам, намеёбам Шуморо, модарам,

Суятон чори кунам хамду саноро, модарам.

Бо хазорон лутфу эхсоне калонам кардаед,

Хамчу хуршедам бипошида шуоро, модарам.

 

Кунчи хона, руйи кат бо ёди фарзандон будед,

Хар нафас дар зиндагони бо лаби хандон будед.

Зеби хона, зеби хавли, чаннати тифлон будед,

Бо табассум, бо такаллум фахри фарзандон будед.

 

Ман сахо омухтам аз он сахои модарам,

Бахтро дарёфтам бо аллахои модарам.

Чаннату-л-фирдавс бодо, эй Худо, уро макон,

Хастии ман дар ду одам ни дуои модарам.

ухроб Гаффори)

Надидам дар чахон, модар

Чу мехрат ганчи нуркиммат надидам дар чахон, модар,

Ба монанди ту бохиммат надидам дар чахон, модар.

Ту мехри дигаре дори, ту сехри дигаре дори,

Ба амсоли ту бошафкат надидам дар чахон, модар.

Хакиму нуктадони ту, азизи хонидони ту,

Ба монанди ту бохикмат надидам дар чахон, модар.

Ту хушруиву хушбуи, дилороиву дилчуи.

Ба мислат хушкаду комат надидам дар чахон, модар.

Ту пуркориву пурбори, зи харфи нек саршори,

Чу ту пуркору пурзахмат надидам дар чахон, модар.

(Гулафза Саиди)

Дар ёди модар

Ба вакти хурдиям, модар, аз ин дунё гузар карди,

Ту моёиро ятим монда парастори падар карди.

Аё модар, фироки ту маро ранчур медорад,

Ба ёдат менарад хобам, маро хуни чигар карди.

Ду чашми ман ба суйи дар, ки шояд боз меои,

Вале хайфо, намсои, ватан чойи дигар карди.

Ас модар, басо мушкил, ки бар ёдам расад мехрат,

Надонам аз кучо ёбам, зи ашкам дида тар карди.

Рубои

Эй кош, ба мисли лолаву сабзаи тар

Аз хок барои, бинамат бори дигар.

Пеши хама ёру ошноён боре

Гуям ба хавас, ки боз омад модар.

(Матлубаи Дустали)

Модарам бошад шод

Ман дар канори модар,

Авчу барори модар.

Дар куча гирам доим

Ба пушгам бори модар.

 

Нагзорам, ки шавад хор,

Гардад ранчуру бемор.

Бо хотири гирифта

Чашмаш ба кас шавад чор.

Мехохам, ки бошад шод,

Чехрааш бошад кушод.

Ману бародарамро

Модар кунад  рахматбод.

(Абдувакил Рачаби)

Ба модарам

Аё модар, ду чашмат дар рахи ман.

Ту дар фикри пагоху бегахи ман.

Намедонам ту холо дар чи холи,

Ба дидорам ту хеле дилкашоли.

Туро ман дуст дорам, модари ман.

Ту хасти хамчу мохе дар сари ман.

Ту эсби хоиадонЯ, молари чон.

Ту хастию чахон бар мо гулистон.

Зи ту дурам пайи тахсили дониш,

Ниходам пой бар майдони санчиш;

Ки номатро кунам машхури олам,

Ту аз дурии ман харгиз махур гам.

(Чумъахон Мирзозода)

Мисли модар

Мисли модар дар чахон гамхор нест,

Дар замину дар замон пуркор нест.

Хар сухан сар мешавад аз «Алла»-аш,

Мисли модар шахси хушгуфтор нест.

Арчманду дилписанди гифлакон.

Нимашаб чун у касе бедор нест.

Бо гули рухсор зеби одаманд,

Мисли онхо гул дар ин гулзор нест.

Модарон хастанд хеле бебахо,

Чинсашон дар хеч як бозор нест.

(Маъмурчон Носири)

Фарзанди кобил

Намак дар комхо ширинтар аз шахду шакар гардад.

Чигархо хун шавад, то як писар мисли падар гардад.

Падар аз шавки дил дар кудаки дасти писар гирад,

Ба уммеде, ки дар пири писар дасти падар гирад.

Сафедори баланд як навдаю сад барги тар дорад,

Писар дар куйи ишк афтад, чи парвои падар дорад.

Агар фарзанди кобил рафта аз холаш хабар гирад,

Вале фарзанди нокобил гиребони падар гирад.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …