Главная / Чамъият / Шартхои пешниходи рухсатии мехнати барои соли аввали кори

Шартхои пешниходи рухсатии мехнати барои соли аввали кори

Моддаи 104-и Кодекси Мехнат. Шартхои пешниходи рухсатии мехнати барои соли аввали кори

  1. Рухсатии мехнати (асоси ва иловаги) барои соли аввали кори на барвакттар аз 11 мохи кори аз чониби корфармо дода мешавад.
  2. То ба итмом расидани 11 мохи кори корфармо ухдадор аст бо хохиши корманд ба у дар холати зерин рухсатии мехнати пешниход намояд:

– ба занон пеш аз рухсатии хомиладори ва таваллуд ё баъд аз он;

– ба кормандони синни то хаждах;

– ба кормандоне, ки бо тартиби гузариш ба кор кабул карда шудаанд;

– ба кормандоне, ки мувофики хулосаи тибби барои табобати санатори -курорти роххат доранд;

– ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) чой кор мекунанд, агар рухсатии мехнатиашон дар чойи кори асоси дар давраи то 11 мохи кори аз руи дар ду (якчанд) чой кор кардан мувофик ояд;

– ба омузгорони муассисахои таълими;

– ба иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онхо баробаркардашуда;

– ба занон ва дигар шахсони дорои ухдадорихои оилави, ки дар тарбияи худ ду ва ё зиёда кудаки синни то чордах ё кудаки маъюби синни то хаждах доранд;

– ба кормандоне, ки аз истехсолот чудо нашуда дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми (шуъбахои шабона), муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби, муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, муассисахои таълимии тахсилоти махсус, муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва аспирантурахо (шуъбахои шабона ва гоибона) таълим мегиранд;

– дар дигар холатхои тибки конунгузории Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи муайяншуда.

  1. Ба хизматчиёни харбие, ки ба эхтиёт чавоб шудаанд ва бо тартиби муташаккилона ба кор фиристода шудаанд, рухсатии мехнати баъд аз гузаштани се мох дода мешавад.
  2. Ба зани (шавхари) хизматчии харби бо хохиши онхо рухсатии мехнати дар як вакт бо рухсатии шавхари (зани) у дода мешавад.
  3. Ба гайр аз холатхои дар сархатхои аз якум то нухуми кисми 2, кисмхои 3 ва 4 моддаи мазкур нишондодашуда рухсати мутаносибан ба рузхои дар давоми сол кор кардашуда, аммо на камтар аз 14 рузи таквими дода мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …