Главная / Ҷамъият / Шартҳои пешниҳоди рухсатии меҳнатӣ барои соли аввали корӣ

Шартҳои пешниҳоди рухсатии меҳнатӣ барои соли аввали корӣ

Моддаи 104-и Кодекси Меҳнат. Шартҳои пешниҳоди рухсатии меҳнатӣ барои соли аввали корӣ

  1. Рухсатии меҳнатӣ (асосӣ ва иловагӣ) барои соли аввали корӣ на барвақттар аз 11 моҳи корӣ аз ҷониби корфармо дода мешавад.
  2. То ба итмом расидани 11 моҳи корӣ корфармо уҳдадор аст бо хоҳиши корманд ба ў дар ҳолати зерин рухсатии меҳнатӣ пешниҳод намояд:

– ба занон пеш аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ё баъд аз он;

– ба кормандони синни то ҳаждаҳ;

– ба кормандоне, ки бо тартиби гузариш ба кор қабул карда шудаанд;

– ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тиббӣ барои табобати санаторӣ -курортӣ роҳхат доранд;

– ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, агар рухсатии меҳнатиашон дар ҷойи кори асосӣ дар давраи то 11 моҳи корӣ аз рўи дар ду (якчанд) ҷой кор кардан мувофиқ ояд;

– ба омўзгорони муассисаҳои таълимӣ;

– ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

– ба занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки дар тарбияи худ ду ва ё зиёда кўдаки синни то чордаҳ ё кўдаки маъюби синни то ҳаждаҳ доранд;

– ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ (шуъбаҳои шабона), муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва аспирантураҳо (шуъбаҳои шабона ва ғоибона) таълим мегиранд;

– дар дигар ҳолатҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайяншуда.

  1. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба эҳтиёт ҷавоб шудаанд ва бо тартиби муташаккилона ба кор фиристода шудаанд, рухсатии меҳнатӣ баъд аз гузаштани се моҳ дода мешавад.
  2. Ба зани (шавҳари) хизматчии ҳарбӣ бо хоҳиши онҳо рухсатии меҳнатӣ дар як вақт бо рухсатии шавҳари (зани) ў дода мешавад.
  3. Ба ғайр аз ҳолатҳои дар сархатҳои аз якум то нуҳуми қисми 2, қисмҳои 3 ва 4 моддаи мазкур нишондодашуда рухсатӣ мутаносибан ба рўзҳои дар давоми сол кор кардашуда, аммо на камтар аз 14 рўзи тақвимӣ дода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …