Главная / Илм / Шалгам ва фоидаи тибби он

Шалгам ва фоидаи тибби он

Шалгам (ба русс. Репа)  — ин растании зироати ба хама маълум аст, ки баргхояш монанди баргхои турб мебошанд. Кисми зеризаминиаш, яъне бехрешаи онро пухта мехуранд. Тухмаш сурхи тираранг аст. Мизочаш дар аввали дарачаи дувум гарм ва дар охири дарачаи якум тар аст.

shalgam Хислатхои шифобахши он: бехрешаи он, яъне кисми зеризаминиашро пухта бихуранд, хамчун гизо пуркувват аст, сурфаро дафъ менамояд, узвхои даруни сина ва шикамро мулоим мекунад, чашмро кави мегардонад, ба таом иштихо меоварад, куввати мардиро бармеангезад, маниро зиёда мекунад, сангхои гурда ва хичакро майда карда, ба воситаи пешоб мерезонад, худи пешобро низ меронад.

  Баргхои нозуки онро пухта бихуранд, агарчи душворхазм аст, вале дар амали рондани пешоб кавитар аз кисми заминиаш мебошад, инчунин шикамро пурбод мекунад. Ин хислати бади он ба воситаи истеъмоли мурч, зира ва ширинихо ислох карда мешавад.

  Решахои борики онро соида, бо асал бихуранд, барои беморихои сипурз ва пешоби бандшударо кушодан давои хубест. Ва агар он решахоро дар об пухта, лат карда, ба варамхо гузошта банданд, онхоро тахдил медихад.

  Хар як кисми растании шалгамро дар об чушонида, он обро бимоланд, чохои аз таъсири сарди кафидаи баданро сихат мебахшад; агар ин обро ба панчахои дасту похо бимоланд, иллати никрис, яъне дард ва варами бугумхои ин аъзоро дафъ мекунад ва хоришеро, ки аз зиёд гаштани моддаи сафро ходис шуда бошад, таскин медихад. Инчунин барг, кисми зеризамини ва тухми онро куфта, гузошта банданд ё бимоланд, барои иллатхои номбаршуда дармон мешавад.

  Шалгамро дар сирко парварда, яъне як шабонаруз дар он тар карда, баъд бихуранд, лазиз мегардад, рутубати гализи баданро ракик, яъне суюк мегардонад ва хамаи узвхои даруни сина ва даруни шикамро кувват мебахшад, иштихо меоварад ва хангоми хурдан боднокиаш бархам мехурад. Хусусан агар бо чизхои тезмаза, яъне бо хардал (горчица) ва мурч таъмашро тунд карда бихуранд, дарунро аз моддахои гайри пок месозад.

  Шалгамро дар магзи хамир гирифта, дар зери оташ пухта бихуранд, куввати пазонандагиаш кам ва оруговар мегардад, вале хислати ба харакат овардани куввати бох, яъне иктидори пушти камар, ки куввати марди мебошад, назар ба он ки дар сирко парварда шудааст, зиёдтар аст. Зеро рутубати кувватбахши он дар зери хамир махфуз мемонад.

  Хамаи кисмхои шалгам хусусияти тарёки дорад, яъне ба одамони захролудшуда ва ба онон, ки чонварони захрнок газида бошанд, шифо мебахшад.

  Мизочи тухмаш дар дарачаи севум гарм ва дар якум тар аст.

  Тухмаш дар бобати афзудани куввати пушти камар кавитар мебошад. Агар инро то буяш баромадан бирён намоянд, дар ин феъл боз хам пуркувваттар мегардад; хурданаш иштихо меоварад, хислати тарёки дорад. Ин дар хама чихат кавитар аз худи шалгам мебошад, вале бинобар гармии баланд доштани мизочаш дар одамони гарммизоч дарди сар меоварад ва бодангез аст. Дар холати ин навъ зарар карданаш сиканчабин, туршихо, гулканд ва шакар бихуранд, зарари расонидаашро ислох мекунад.

  Микдори як бор хурдан аз тухми шалгам дар як руз 7 грамм аст.

  Аз тухми шалгам равган хам мегиранд ба ин тарик. Тухми онро, чи кадар ки хоханд, бигиранду нагз бикубанд. Баъд онро дар об андохта бичушонанд. Хангоми чушидани об равган аз тухм чудо шуда, руйи об бармеояд. Онро бо кошук охиста бармедоранд. Хурдани равгани тухми шалгам бодхои аъзоро тахдил медихад, мондагиро дафъ мекунад ва агар олати таносул суст бошад, ба он бимоланд, онро пуркувват ва мустахкам мегардонад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

haytoliyon

Харитаи Давлати Хайтолиён

Хайтолиён, Хиптолиён ё Хафтолиён (юн.-кад. Εφθαλιται) ё Хунхои сафед — кавме буданд, ки аз иёлати Гонсуи Чин ба худуди Тахористон хучум оварданд. Шуруи кудрати Хайтолиён аз соли …