Шайёд

Шайёде гесувон бофт, ки ман алавиям ва бо кофилаи хичоз ба шахр даромад, ки аз хач хамеоям ва касидае пеши малик бурд, ман гуфтам, неъмати бисёраш фармуд ва икром кард.
Яке аз нудамон хашрати подшох, ки аз сафари дарё омада буд, гуфт:
– Ман уро иди азхо дар Басра дидам, хочи чи гуна бошад?
Дигаре гуфто:
– Падараш насрони буд ва дар Малатия. Писари Шариф чи гунна бошад?
Ва шеърашро ба девони Анвари дарёфтанд.

Малик фармуд, то бизанандаш ва нафи кунанд, то чандин дуруг чаро гуфт.
Гуфт:
– Эй худованди руи замин, як сухани дигар дар хидматат бигуям, агар рост набошад, ба хар укубат, ки фармои, сазоворам.
Гуфт:
– Бигу то он чист?
Гуфт:

Гарибе гарат мост пеш овард,
Ду паймона об асту як чумла дуг.
Гар аз банда лагве шуниди, бубахш
Чахондида бисёр гуяд дуруг.

Маликро ханда гирифт ва гуфт:
– Аз ин ростар сухан дар умри худ нагуфтаи?
Пас фармуд, то он чи маъмули уст, мухайё доранд, то ба хуши биравад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

ХИКМАТ оид ба сулх бо душман

Хар ки бо душманон сулх кунад, сари озори дустон дорад. Бишуй, эй хирадманд, аз он …