Главная / Гуногун / СУГД ДАР АСРХОИ VI-VII

СУГД ДАР АСРХОИ VI-VII

Номи «Сугд» дар маъхазхои гуногунзабон дар муддати мадид дучор мешавад.[1] Мухаккики машхур В. Томашек тахмине пеш ниход, ки калимаи «сугд» аз калимаи умумиэроние бармеояду маънояш «рахшидан», «дурахшидан» ва «сухтан» аст.[2] Дар фархангхои точикию форси калимаи мазкур тамоман дигар хел шарх дода мешавад: «шибарзамин, ё худ пастие, ки дар он чо об кул мешавад».[3] Дар забони хозираи точик алхол «сугд» гуфта чоеро мегуянд, ки шибарзамину ботлок, чои киштбоби шодоб бошад, вале, аз афташ, ин тафсир сонитар пайдо шудааст.

Худуди географии Сугд чи гуна буд? Ба акидаи сайёхи асри VII Сюан-сзан, Сугд кишварест байни дарёи Чу дар шимолу шарк ва Дарвозаи Бойсун дар чанубу гарб. Маълум, ки ин худуд худуди сиёсию географии Сугд не, балки макони зиндагии сугдиён мебошад. Маъхазхои арабу точикзабони даврахои сони (асосан асрхои Х–ХIII) идроки хамонзамонаи масъалаи мазкурро тачассум намуда, ба хар хол, баъзе гапхои кадимаро хам ба инобат гирифтаанд. Аз ин маъхазхо мо вокиф мешавем, ки Сугд ба ду маъно: ба маънои танг ва ба маънои васеъ истифода мешуд. Сугд ба маънои васеъ тамоми водии Зарафшон (баъзан нохияхои болотарини онро истисно мекарданд) ва водии Кашкадарё мебошад. Дар айни хол, тасаввуре низ маъмул буд, ки Сугд танхо нохияи Самарканд мебошад. Муаррихони асрхои миёна дар бораи «Сугди Самарканд» бисёр сухан рондаанд. Инчунин «Сугди Бухоро» ном мафхуме хам буд. Ёкут гуфтааст: «Гуянд ду Сугд хаст – Сугди Самарканд ва Сугди Бухоро».[4] Водии Кашкадарё чузъи Сугд дониста мешуд ва зимнан, баъзе муаллифон, масалан, Яъкуби Кешро пойтахти Сугд гуфтаанд.[5] Хамаи ин маълумотро мухаккикон муфассал тадкик кардаанд.[6]
sogd-oblast-tajikistan-k-300x202

Сюан-сзан ва Хой Чао дар бораи Сугд

Сюан-сзан ба Сугд соли 629 омад. Вай менависад, ки Самокиён ё Самосзан (Самарканд) – мулкест, ки аз шарк ба гарб тул кашидааст. Андозаи пойтахти кишвар баробари Тирмиз будааст. Мулки Самокиён аз чор тараф бо монеахои табии мухофизат шудааст. Мардумаш хеле бисёр. Дар ин мулк аз дигар мамлакатхои хорича молу сарвати нихоят пуркиматтарин бисёр чамъ шуда мемонад. Заминаш хосилхез асту хосили фаровон медихад. Долу дарахт нагз месабзад (вай дарахтхоро бешаги номидааст), гулу мева нихоят зиёд аст. Дар ин кишвар аспхои хушзот хастанд. Мардуми ин кишвар нисбат ба мардуми кишвархои дигар дар санъат ва хунар (мувофики тарчумаи дигар – дар тичорат) пешкадам мебошанд. Иклим нарму муътадил аст. Ахоли  сергайрату пухтакору нотарсу далер мебошад. Ин кишвар дар мобайни кишвархои «барбари» чой гирифтааст. Тамоми халкхои хамсоя дар хушахлоки ва накукори аз сугдиён ибрат мегиранд. Подшох каси часуру бебок аст ва хама нохияхои атроф ба вай итоат доранд. Дар ихтиёри шох лашкари сершумор, аз чумла, сарбозони савора хаст. Сарбозоне, ки сайёх онхоро «чи-киа» номидааст, макоми махсус доштанд. Онхо ба дарачае фидокор буданд, ки хатто бо шоди суи марг мерафтанд. Вакте онхо хамла кунанд, ягон душман истодагари карда наметавонист.

Сипас, Сюан-сзан аз мулкхои Мимокия ё Мимохэ (Моймург), Сзебудан (Кабудон), Сюйшуаннисзя (Кушония), Бухэ (Бухоро), Сзешуанна (Кеш) ва гайра сухан меронад. Инчунин дар бораи андозаи онхо маълумоте оварда, ба хамаи онхо як хел тавсифи мухтасар дода мешавад: «Дар бобати урфу одат ва махсулот ба Самокиён (Самарканд) шабохат дорад».[7]

Хой Чао (соли 726) умуман «кишвари Ху»-ро тасвир намуда, ба хайъати он Ан (Бухоро), Сао (Иштихон), Ши (Кеш), Ши-ло — Ми (Моймург) ва Кан (Самарканд)-ро дохил кардааст. Гарчанде хар яки ин мулкхо малике дошта бошанд хам, хамаи онхо ба арабхо тобеъ мебошанд. Ин мулкхо калон нестанд ва дар хар яки онхо дастаи хурди сарбозон хаст. Аз чорвои ин чо шутур, хачир, гусфанд ва аспро ном бурдан мумкин. Пахта мекоранд. Либоси мардум пахтагин аст, шалвор ва чомахои онхо пашмин. Мардон саллаи сафед мебанданд ва ришу муйсари худро тоза метарошанд. Забони онхо аз забони мардуми мамлакатхои хамсоя фарк дорад. Урфу одати онхо бад аст – хар занеро, хатто модар ва хохари худро хам ба зани мегиранд. Дар Эрон хам, мард хак дошт модарашро ба зани гирад. Дар шаш мулк дини зардуштиро мепарастанд, дини Буддо расм не, факат дар Самарканд як дайри буддои хасту он як рохиб дорад.[8]

Таърихи сиёси

Алхол мадракоти кофи нест, ки таърихи сиёсии Сугд, алалхусус, таърихи сиёсии мулкхои он тартиб дода шавад. Маъхазхо факат маълумотхои берабти алохида-алохида медиханд.

Дар ибтидои асри VII, мувофики хабари солномаи таърихи дар Сугди Самарканд (дар солнома номашро «Кан» гуфтаанд) оли махаллие хукм меронд, ки ба ниёгони йучи нисбат дошт (ё худро ба йучихо мансуб эълон мекард). Чунин акида хаст, ки баъди чулуси худ ин ол бе танаффус кариб, ки аз ибтидои эраи нав хукмрони кардааст. Унвони малик чжаоу буд.[9] Малики сугдиён дар хамон вакт дар «Алуди» ном шахри серодам зиндаги мекард Солнома навиштааст, ки «Кан давлати муктадир аст».[10] Дар натича, хатто хокони Хоконии гарбии туркхо Датои (солхои хукмрониаш аз 575/76 то 603) лозим донистааст, ки бо малики Сугд Тайшепи (Э.Шаванн ва К.Ширатори номи уро чунин хондаанд) хешу акрабо шавад ва духтарашро ба зани додааст.

Шохони Сугд ба авлоди Унаш нисбат доштанд (ин ном дар солномахои муаррихони Хитой зикр шудааст ва дар навиштачоти сугдиён низ вомехурад).[11]

Дар он даврахо ба Кан, яъне ба Сугди Самарканд, Ми (Моймург), Сао ва Хэ (Иштихон ва Кушония), Ани Сагир (нохияе дар сархадди шаркии вохаи Бухоро), Нашебо (Насаф) барин хашт мулк тобеъ буданд.[12] Ба хамин тарик, кариб тамоми мулкхои водии Зарафшон (аз афти кор, факат гайр аз кисми гарбии он) ва инчунин водии Кашкадарё (Насаф) дар зери тасарруфи малики Сугди Самарканд буд. Амалан маълум не, ки ин иттиход кай ба вучуд омад, чи хусусият дошт ва дарачаи итоати мулкхои алохида ба хукумати маркази чи гуна буд.

Дар касри малики Сугди Самарканд «кохи ниёгон хаст, ки мохи шашум дар он чо назр медиханд. Дигар маликон чамъ омада, ба назрдихи ёри мерасонанд».[13] Ин хабарро далели хамин донистан мумкин, ки дар байни маликхои Сугд робитаи хешу таборие буд ва хамаи онхо гуё як ачдоди умумие доштанд (ба ин маъхазхо хам ишорат кардаанд). Албатта, дигар гуна тавзехро хам аз эътибор сокит кардан даркор не, яъне эхтимол меравад, ки фармонбардорони оли хукмрони Самарканд ухдадор буданд, дар маросими назрдихи ширкат намоянд ва бо хамин ба малики худ содик буданашонро нишон диханд. Аз афти кор, имконпазир будани хар ду тавзехро дар назар доштан даркор.

Ба гумон аст, ки хайъат ва худуди географии ин иттиход бетагйир монда бошад. Эхтимол, дар ин ё он давраи мавчудияти вай вохаи Бухоро, ё худ кисми зиёди онро дар бар мегирифт. Инро аз чунин хабари Масъуди фахмидан мумкин, ки девори атрофи вохаи Бухороро дар кадим яке аз подшохони Сугд сохта будааст.[14]

Дар кадом як давраи вучуди Сугд пойтахти он Кеш буд. Ба ин маъхазхои даврахои сонитар хам ишорат мекунанд, дар ин бора муаррихи асри IХ Яъкуби хам хабар медихад.[15] Таквияти мулки Кеш дар чоряки якуми асри VII огоз меёбад.[16] Малик Тичо (мабодо ин талаффузи ачнабии хамон номи эронии Тиш набошад?) малики муктадире хисоб мешуд. Вай ба кадом як давлати хоричи хайъати сафорат фиристод; шахри Ки-шеро сохт, ки одатан худи хамон Кеш мегуянд. Инчунин хабар хаст «Шашепи» ном дигар Малик низ соли 642 бо тухфаю инъоми зиёд хайъати сафорат фиристода буд.[17] Дар маъхазхои таърихи дар бораи вай дигар ягон маълумот нест. Вале ин малик танга мебаровардааст. Дар байни тангахое, ки дар Панчакент ёфт шуд, тангахое хастанд, ки дар руи онхо «ихшид Шашпир» навишта шудааст. Дар тангахо идеограммаи оромии «подшох» хаст, ки дар тангахои сугди унвони хокимони тамоми Сугд–ихшидхоро ифода мекунанд. Дар натичаи мукоисаи ин маълумот маълум мешавад, ки аз хама аниктарин шарху тавзехи он хамин, ки Шашпир ном малик подшохи тамоми Сугд буд.[18] Албатта, ин факат яке аз роххои таъвили масъала мебошад.

Вале хукмронии Кеш дар иттиходи Сугд тул накашид. Инак, мувофики хабари маъхазхо, дере нагузашта, дар байни солхои 656–660 малики нави Кеш Чжаоу Шиагйе (номро Бичурин чунин хондааст; Э.Шаванн мегуяд, ки онро Cho-a-ho хондан даркор) мутеи подшохи Самарканд шуд.[19] Дар омади гап, малики Сугди Самарканд андаке пештар–дар байни солхои 650–655 подшохи тамоми Сугд шуда буд. Аз афти кор, як фурсати муайян лозим шудааст, ки Кеш хукмронии Самаркандро эътироф кунад. Факат тахмин кардан мумкин, ки дар муддати ин панч сол дар байни Самарканду Кеш мубориза рафтааст ва дар натича Шашпир сарнагун шудаасту ба чои вай ба тахти Кеш Шиагйе (Шеахо) баромадааст. Унвони ихшиди Сугд акнун насиби Оли Самарканд шуд, ки ачнабиён онхоро Фухуман[20] мегуянд. Як силсила тангахои сугди хаст, ки хати онхоро, ба акидаи О.И.Смирнова, «ихшид Вархуман» хондан даркор (ба акидаи вай, Фухуман талаффузи ачнабии номи шохи сугдиён Вархуман ё худ аниктараш Авархуман аст)[21]. Номи ин подшох дар катибаи калони сугдии Афросиёб хам зикр шудааст.

Дар баробари подшохони умуми Сугд маликхои махалли хам вучуд доштанд. Малики Кеш, ки акнун тобеи Оли Самарканд буд, «ихрид» ном унвони мероси дошт.[22]

Дар маъхазхои хитои мулки Бухоро Ан, Нэуми, инчунин Бу-хо (Poг-ho) номида мешуд ва унвони малики он чжаоу буд. Насаби маликхои Бухоро ва Самарканд як буд. Дар чоряки дувуми асри VII дар Бухоро Алинга (номи уро Бичурин чунин хондааст; Э.Шаванн таклиф мекунад, ки Ho-ling-kia хонда шавад) ном шахсе малик шуд. Маъхази хитои хабар медихад, ки Оли Бухоро «аз насл ба насл бист пушт хукмрони мекунад»,[23] яъне чанд аср хукмрони кардааст.

Дар нохияи Бухоро тангахои скифатии (яъне фурухамидаи) мисин дар муомилот буд, ки дар руяш ба сугди «шох Асвар» навишта шуда буд. Мувофики мадракоти палеографи ин тангахо ба асрхои IV-V нисбат доштанашон мумкин. Номи шох эронист ва маънояш «аспсавор» аст. Аз руи хати тангахо маликхои Бухоро ду унвон доштаанд, ки маънои яке «шох» ва маънои дигараш «хоким» будааст.[24]

Мулки Панчакент мулки мустакили мухим буд. Ба хайъати он гайр аз нохияи худи Панчакент (он замонхо номаш Панч буд) дар ибтидои асри VIII атрофи болооби Зарафшон хам дохил мешуд. Дар хуччатхои сугдие, ки аз кухи Муг ёфта шуд, Мохиён (ба маънои «Махтоби»), Паргор (яъне «Замини болои кух» — Фалгари хозира), Кштут (Кштути хозира), Мартушкат (Мастчохи хозира) ном бурда мешавад. Дар ин нохия бисёр дехахо буд. Дар ин чо дехахои Мадм ва Кум (алхол бо хамин ном вучуд доранд), Заровадк (Зерободи хозира), Эскотар («Замини болои», Искодари хозира), Хшиканд (Хушекати хозира), Варз («Баланд», Варзи Манори хозира), Курут (Курути хозира), Фатмив (Фатмеви хозира), Пахут (Похути хозира), Эртмаут (Фалмоути хозира), Шавкат («Шахри сиёх», Шватки хозира) зикр гардидаанд. Водии Ягноб хам ба мулки Панчакент дохил мешуд. Аз афти кор, дигар нохияхои Пэтаман  (Бутамони асри миёна), яъне дар ин маврид нохияхои куххои хисор ва Зарафшон хам ба хайъати мулки Панчакент дохил мешуданд ё ба он тобеъ буданд. Масалан, дар хуччатхои Муг дехаи хозираи Анзоб[25] ном бурда шудааст.

Тангахои сершумори Панчакент — Панчро мухаккикон батафсил тадкик мекунанд. Мукаррар шуд, ки дар Панчакент — Панч оли махаллие хукмрони мекард (вале номи намояндагони оли мазкур ба чуз баъзе истиснохо то хол муайян нашудааст). Дар айёми вазнинтарини вучуди Сугд — дар чоряки якуми асри VIII дар натичаи хамлаи арабхо макоми мулки Панчакент хеле боло шуд зеро дар ибтидо вай ба толону торочи арабхо гирифтор нашуда буд. хокими Панчакент — Диваштак, ки худ аз авлоди шохон набуд (дар хуччати В-4 кухи Муг номи падари вай Едхшетака бе унвони «шох» зикр шудааст), ба тахти Самарканд ва ба унвони «шохи Сугду хокими Самарканд Диваштак» иддао дошт ва, аз афти кор, муддате ба ин мартаба хам расида буд.

Дар баробари мулкхои калон мулкхои хурд хам бисёр буданду баъзеи онхо танга хам мебароварданд. Дар «Самитан» ном дехаи Сугд (дар чои Кушонияи кадим, яъне заминхои дехахои имрузаи Метан, Пойарик, Чалак) маркази мулки хурде буд, ки хокими он аз номи худаш тангаи биринчи сикка мезад.[26]

Таквияти баъзе мулкхои алохидаи иттиходи Сугд аз маълумоти маъхазхои таърихи, археологи ва нумизмати бармеояд. хокимияти марказии шохи Сугд суст мешавад, танг мегардад. Дар бораи масохати иттиход аз чанд маъхаз маълумот гирифтан мумкин аст. Соли 712 арабхо ба писари ихшиди Сугд — Гурак ваъда додаанд, ки уро «подшохи Самарканду атрофу нохияхои он, Кеш ва Насафу шахру калъахои он» хоханд кард. Ба хайъати иттиходи Сугд инчунин Ми (Моймург) ва Сао (Кабудон ё Иштихон)[27] ва эхтимол, баъзе дигар мулкхо низ дохил мешуданд. Калонтарин мулки иттиходи Сугд — Бухоро истиклол ёфт ва ба тахти он оли бухорхудотхо[28] нишаст. Дар тангахои намояндагони оли мазкур унвони онхо «Шохи Бухоро» зикр шудааст.[29]

Вилоятхои Сугд бо дигар вилоятхои Осиёи Миёна робитахои дипломати доштанд ва ба дигар вилоятхо хайъати сафорат мефиристоданд ва аз дигар вилоятхо хайъати сафорат кабул мекарданд. Дар сурати Афросиёб, бешубха, омадани яке аз чунин хайъатхои сафорат ва маросими дар Самарканд кабул шудани онхо инъикос ёфтааст. Аз навиштачоти сугдии таги ин сурат порчаи зерин боки мондааст: «Вакте шох Вархуман (зодаи) Унаш назди вай (яъне сафир) омад ва (сафир) лаб кушод: «Манам дапирпати (сардори дабирон.- Б.Г.) Чагониён, номам Букарзод. Аз шохи Чагониён Туронтош омадам, ба Самарканд назди шох барои изхори хурмат ва инак, пеши шох истодаам бо эхтиром. Ва ту (шохо) нанмо шубхае аз ман, на аз худоёни Самарканд ва на аз катибхои Самарканд (шояд ба маънои китобхои дини бошад.- Б.Г). Ман хуб вокифам ва нахохам расонд зиёне ба шохи (Самарканд). Бодо, шохо, давлатат зиёда». Ва шох Вархумон (зодаи) Унаш уро рухсат дод. Он (гох) лаб кушод дапирпати Чоч…»

хуччатхои архиви Муг ривоят мекунанд, ки бо бисёр вилоятхои Осиёи Миёна, аз чумла, бо Чоч, Истаравшан, Фаргона ва г. муносибатхои дипломати амал дошт. Бисёр маъхазхо хикоят мекунанд, ки аз Сугд ба хоричи Осиёи Миёна хайъати сафорат ва аз давлатхои гуногун ба ин чо хайъати сафорат меомад.

Обёри. Хочагии кишлок

Се канали асосии обёри, ки заминхои чануби Самаркандро шодоб мекард, дар асрхои миёна аз Варагсар («Сари даргот») ном махалле (хозир номи ин махал «Работи Хоча») сар мешуд. В.В.Бартолд кайд карда буд, ки аз тавзеху тафсири истилои араб маълум мешавад, ки ин канал пеш аз истилои арабхо, яъне дар асрхои VI-VII вучуд доштааст.[30] Дар худи хамин даврахо канале буд, ки Самаркандро аз об таъмин мекард.[31]

Аз каналхои калони тоисломи канали Норпайро ном бурдан даркор, ки он нохияи Кушонияро обёри менамуд. Дар поёнтари Зарафшон, дар худуди вохаи Бухоро яке аз каналхои дар асрхои миёна калонтарин — канали Шопурком (баъдхо Шофирком шуд) ном дошт ва зимнан ривояте хаст, ки онро Шопур ном кадом як шохзодаи сосони сохтааст.[32] Ин канал заминхои шимолитарини вохаи Бухоро -нохияхои мулки Варзонаро шодоб менамуд, ки хокимони он бо бухорхудотхо ракобат доштанду зидди онхо мечангиданд. Инчунин боз якчанд каналхои  калон мавчуд буд.[33] Дар вохаи Кашкадарё хам шабакаи мукаммали обёри амал мекард.[34]

Вилояти Самарканд ба дарачае ободу шодоб, ба дарачае сердолу дарахти пуру фаровонхосил буд, ки аввалин волиёни араб онро «равзат-ул-амир ал-муъминин», яъне «боги халифа» номида буданд.[35]

Зироат дар Сугд асосан оби буд, вале ин маъно надорад, ки зироати лалми набуд, баръакс, заминхои лалми хам кор фармуда мешуд. Тавсифи умумии хочагии кишлок дар як солномаи хамон даврахо чунин аст: «Иклимаш нарм, барои кишти хамагуна галла мувофик. Мардум дар богдори ва обчакори мохир. Дарахт умуман месабзад. Асп, шутур, хар хаст».[36]

Бозёфтхое, ки хангоми хафриёти кухи Муг ба даст омад, дар бораи анвои зироат маълумоти хеле муфассал медихад. Аз ин чо дону донакхои гуногун ва бокимондахои нихоли пахта ёфт шуд.[37] хуччатхои Муг шаходат медиханд, ки дар нохияи Зарафшони Боло зироати асоси галла ва ангур буд. Инчунин чав, арзан ва нахуд хам мекиштанд.[38] Истилохи сугдии «галла» аз чихати этимология ба маънои «бехта» алокаманд аст.[39]

Галларо дар осиёб мекашиданд. Хуччати В-4-и кухи Муг шартномаест дар бобати аз тарафи Мохиён ном шахсе ичора гирифтани се осиёб «бо тамоми анхору бинову сангхои он»; хакки ичора бо орд дода мешуд.[40] Гарчанде дар бораи осиёбхои он давра мо тасаввуроти мукаммал надорем, вале, ба хар хол, масалан, аз Афросиёб чанд санги калони осиёб ёфт шуд. Дар баробари осиёб дар рузгори мардум дастосхои хурду калон бисёр истифода мешуд.

Дар хуччатхо супоришхои зиёде хаст, ки галла, мева ва шароб дода шавад.

Токдори яке аз сохахои асосии хочагии кишлок буд.

Дар Панчакент чархуште ёфт шуд. Чархушт чукуриест, ки дар тагаш боз новачае дорад. Дар пахлуи чукури боз як хандакча мекананд, ки он бо новае ба чукури пайваста аст. Деворахои чукури ва хандакчаро бо гач андова мекунанд. Мумкин аст дар таги хандакча тахта хам мечиданд, баъд ба болои он янтоки сабз меандохтанд ва ба болои янток ангур рехта, онро фишор медоданд. Оби ангур дар натичаи фишор аз байни янток мегузашту ба воситаи новача ба чукури мерехт. Пас аз он ки оби ангур дар чукури тахшин мегардид, онро гирифта, ба хумхо меандохтанд. Баъзе чархуштхои имрузаи халкии точики хам махз чунин сохт доранд.[41]

Дар солномахои таърихи маълумот хаст, ки дар Сугди Самарканд шароби ангур бисёр буд. Хабар дода мешавад, ки дар хавлихои боён захирахои зиёди он солхо нигох дошта мешуд. Мадракоти археологи ва хуччатхои Муг шаходат медиханд, ки ин хабархо муболига нест. Дар яке аз хуччатхои Муг чунин супориш хаст: «Ба фалони аз он шароби ноб бояд дод, ки канизакхо менушанд ва дар ин таъхир нашояд. Бокии шароб сар ба мухр шавад ва бо хамин минвол махфуз монад». Ин гуна хабархо гуё тасдики ривояти солномахо мебошад. хатто вазифаи «сарсоки» вучуд дошт.[42]

Дар баробари токзорхо бисёр богхо хам буданд. Дар худи хамон хуччатхои Муг унвони «богбон» зикр шудааст. Мевахо нихоят хушсифат будаанд. Масалан, аз Сугди Самарканд шафтолуе меоварданд, ки ачнабиёнро дар хайрат мегузоштааст, зеро «хар яки он мисли тухми мургоби калон буду ранги онхо тиллои метофт ва онро «заршафтолу меномиданд».[43] Олуи сафеду зард хам барои фуруш ба хорича мерафт.[44] хамаи ин тавсиферо, ки Сю-ан-сзан ба хочагии кишлоки Сугд дода буд, пурра тасдик мекунад.

Ба акидаи ачнабиёне, ки аспхои хушзоти Самаркандро мехариданд, ин аспхо ба аспхои Фаргона монанд буданд.[45] Аз Самарканд, Бухоро, Кеш ва Моймург дар солхои 624, 724, 726, 727, 744, 750 ба Хитой барои фуруш галаи аспхои хушзоти сугдиро оварда буданд.[46] Диккати муаллифони хоричиро ин-чунин гусфандони Самарканд, ки «дунбаи бенихоят калон»[47] доштанд, чалб карда буданд, маълум, ки ин хамон гусфандони машхури думбакалон аст;

Дар хуччатхои Муг гову гусфанду буз, аспу хару хачир зикр шудааст.[48] Дар баъзе чойхои хамвор шутур хам истифода бурда мешуд.[49] Шубхае нест, ки дар Сугд кирмакдори хам равнак ёфта буд. Дар асоси ашёи хоми махалли (ва ашёи аз дигар мамлакатхо овардашуда) матоъхои абрешими, пахтаги ва пашми бофта мешуд.

Хунарманди ва тичорат

Куххои атрофи Сугд пур аз маъданиёт аст. Мувофики маъхазхои хатти, баъзеи онхо истихроч карда мешуд. Масалан, маълумоти аник хаст, ки тилло ва навшодир истихроч мешуд.[50] Тилло на факат истихроч мегардид, балки микдори зиёди он аз Сугд, аз чумла, аз Кеш ва Моймург содир хам карда мешуд.[51]

Аз Моймург инчунин хулаи металлие мекашондаанд, ки номи онро «латун», яъне хулаи мису рух тарчума кардаанд.[52] Инчунин намак хам истехсол карда мешуд. Намакро барои хурок ва барои тахияи анчоми зинату ороиш истифода мебурданд. Дар маъхазхо махсусан намаки ранга кайд карда шудааст, ки аз Моймург ва Кеш меовардаанд.[53]

Микдори зиёди истихрочи маъданиёт, пеш аз хама, такозои эхтиёчоти дохили ва факат кисман талаботи содирот буд. Материалхои археологи оид ба ашёи охани хеле гуногун аст. Ин гуна материалхо махсусан аз хафриёти Панчакент фаровон ба даст омад. Яке аз устохонахои охангари дар ин чо дар объекти севум[54] падид омад. Устохона аз ду бинои пайваст иборат аст. Дар яке аз ин бинохо дар суфаи паст хуме чаппа шинонда шудааст, ки он вазифаи кураро адо мекард. Гайр аз ин дигар асбобу анчом хам ёфт шуд. Ду найчаи думила низ ба даст омад. Охангарони Сугд барои хосил шудани харорати баланд ду дамро якбора кор мефармуданд, ки дар натича дар дамидан танаффус намешуд, яъне сикли дамиш анчом пайдо мекард (дар омади гап, халли ин муаммо дар асрхои миёна дар назди инженерони Европаи гарби хам истода буд).[55]

Дар дигар устохонаи охангари (ки он хам аз ду кисм иборат аст) асосан чои кори охангар нагз боки мондааст. Кура дахана ва барои дам додан сурохе дорад. Андаруни кура як туда дажгол. Ба фарши устохона хам порахои охан ва дажгол бисёр рехтааст.[56]

Инчунин белчаи кура, афзори охангари ёфт шуд, ки аз сандон сар карда, то болгаву путку фонаву исканахои калонеро дарбар мегирад.

Махсулоти охангарон гуногун буд. Агар яроку аслихаро ба назар нагирем, анвои он хеле зиёд аст. Ин хам олоти мехнат — белу табару дос ва г; хам масолехи бинокорию дуредгари — мех, кашак, тиргак, халка ва г. буданд. Аз ашёи оханини рузгор кордхои гуногуни охани, сагаки оханию биринчии тасмахо, пулакчакои гуногун, кайчи, калид, шамъдонхои гуногуни биринчию охани, чихози зебу зинат ва гайраро ном бурдан мумкин аст.[57]

Бо охангари истехсоли яроку аслиха зич вобаста буд. Охангарон дар айни хол яроксоз хам буданд, вале аз эхтимол дур не, ки махсус устоёни яроксоз хам вучуд доштанд.

Аслихаи хамлавари сугдиён аз аслихаи дурзану наздикзан иборат буд. Онхо камонхои оддию мураккаб, шофу шамшер, ханчар, гурз, табарзин доштанд. Воситаи мухофизати бадан сипар, зирех, чавшан ва худ хисоб мешуд. Хонандаро ба маълумоти интишоршудаи хафриёт ва асархои махсус[58] хавола карда, факат хаминро кайд менамоем: ёфт шудани худи яроку аслиха (масалан, сипару тир аз кухи Муг, пайкону пулакчаи камон аз Панчакент ва г., инчунин материалхои зиёди иконографи), ахбори маъхазхои хатти далолат мекунанд, ки яроксози сохаи асосии хунарманди буд. Ин микдори азими яроку аслихаро факат шумораи азими устохои яроксоз тайёр карда метавонистанд. Мехнати онхо вазнину пурмашаккат буд, вакти бисёр ва махорати баландро талаб мекард. Барои мисол камони мураккабро гирем. Мувофики мадракоти таърихию этнографи, барои тайёр кардани як дона ин гуна камон аз як то ду сол вакт мерафт. Аз Панчакент ёфт шудани пулакчахои устухонии танаи камон далолат мекунад, ки ин гуна камонхо дар Панчакент хам тайёр карда мешуданд. Аслихаи аъёну ашроф, масалан, шамшер ва ханчархои онхо, эхтимол, хеле зебу ороиш доштанду асари мукаммали баландсифати санъати хунарманди буданд. Дар асоси он нусхахои яроку аслиха, ки дастраси мо гардидааст, метавон гуфт, ки яроксозони Сугд усули тахияи яроку аслихаи шаклан бадеиро аз худ карда будаанд. Дастаи ханчару шамшерхо асари хакикии санъат мешуданд, аз металлхои киматбахо тахия гардида, бо усули хотамкори ва пулакчабанди зинат меёфтанд, ба онхо шакли сари аждахо ва г. дода мешуд. Баъзе сипархо хам ба хамин тарик хеле зебу зинат дода мешуданд.

Афзалияти яроку аслихаи сугдиён на факат дар шакли зебову мукаммали зохирии он буд. Аз ин хам мухимтараш хамин буд, ки яроку аслихаи Сугд корагар буд. Шухрати зиреху чавшани сугдиён дар шарку гарб хеле дур пахн шуда буд. Соли 718 сугдиён чун тухфа ба Хитой зирех оварданд. Яроксозони Хитой дар асоси хамин зирехи сугдиён зирехсозиро ёд гирифтанд ва дере нагузашта дар лашкари хитоиён чунин зиреххо пайдо шуданд.[59]

Сугди Самарканд инчунин макони «ашёи бадеии»[60] баландсифат буд. Номи баъзеи он ашёро мо аз руи маъхазхои хатти медонем. Ин ашё чилимхои киматбахо, атрдонхои хурди ачоиб мебошанд. Аз Самарканд, Моймург, Кеш ба дарбори подшохони ачнаби чун инъом сангхои киматбахо ва ашёи аз сангхои киматбахо сохташуда мебурданд. Масалан, аз Самарканд гулдоне оварда будаанд, ки аз карнелиан сохта шудааст.[61]

Дар расмхои руи девор бисёр ашёи заргари: табакхо, кадаххо, чомхо ва г. тасвир шудаанд. Баъзе ашёе, ки берун аз худуди Осиёи Миёна ёфт шудаанд (масалан, табаки нукрагине, ки дар дехаи Кулагиш собик губернияи Перм ёфташуда, алхол дар Эрмитажи давлати махфуз аст), низ аз чумлаи асархои санъати заргарии сугдиён мебошад[62] ва дар ин табак сахнаи чанги тан ба тан тасвир шудааст. Дигар асари санъати заргарии сугдиён гуфта баъзан хамон табакеро мегуянд, ки дар он саворе тасвир шудаасту ба тарафи шери ба вай хамлакарда тир мепаронад.[63] Вале ин даъво асоси кофи надорад, зеро хати он сугди нест ва дар он равшан номи шахсе навишта шудааст, ки бо супориши вай ин табакро тайёр карда будаанд. Тахлили лингвисти ба акидае меоварад, ки табаки мазкур, эхтимол, дар Эрон, дар даврахои баъди сосониён сохта шудааст.[64]

Ба туфайли хафриёт бисёр ашёи заргари: гушворахои тиллоии оличаноби акиксанги фирузачашми марвориднигин, ангуштаринхои нигинашон аз сангхои киматбахо ва нимкиматбахо ва шаддахои мухталифи рангинкамони рахшону пурнур ёфт шуданд, ки мисли шабнами сахарии руи барги гул партав меафканад.

Дар Сугд хунари бофандаги хеле ривоч ёфта буд. Ба ин бозёфтхои археологи ва хабархои маъхазхои хатти далел аст. Дар Калъаи Муг кариб 150 намунаи матоъ ёфт шуд. Гарчанде ин матоъхо хеле фит гаштааст ва танхо порахои он боки мондааст,[65] ба хар хол имкон медиханд, ки бофти онхо муайян карда шавад. Мувофики хисобу китоби М.П.Винокурова, аз 135 намуд матои Калъаи Муг, ки у тадкик кардааст, 90-тоаш пахтагин, 44-тоаш абрешими ва факат 1-тоаш пашмин аст (И.Б.Бентович навиштааст, ки «дар байни матоъхо матои пашмин нихоят кам мебошад»). Бофти тамоми матоъхои пахтагин бофти оддии мукаррарии катони аст. Худи ресмон суст ресида шудааст, тугуну гиреххои зиёд дорад, гафсиаш хам гуногун аст. Худи матоъ он кадар зич нест: дар як см. кв. аз 8–10 тору 10–12 пуд, то 10–14 тору 20–15 пуд ва зимнан намунахои дурушттарини он ба катони имруза монанд. Умуман аз руи гафсии ресмон, навъи бофт ва зичии матоъ тамоми матоъхои пахтагинро ба чор намуд таксим кардан мумкин. Ягон намуди газвори пахтагини гулдор ёфт нашуд.

Газворхои соф абрешими хам чор намуд доранд. Бофти аксари онхо мураккаби кипери (фаранги) ё репси буда, баъзеи онхо катони ё худ муштараки катонию кипери мебошанд. Газворхои абрешими нисбат ба матоъхои пахтагин зичтар аст: дар як см. мураббаъ то 39-40 пуд ва 39-40 тор дорад. Умуман барои бофтани газворхои абрешими бофанда бояд усулхои мураккаби бофандагиро азхуд мекард. Баъзе газворхои абрешимии Калъаи Муг бо усули бофти матоъхои пахтагин бофта шудаанд ва илова бар ин, намуди газворхои муштараки пахтагину абрешими, ки дар боло зикр намудем, ишорат мекунад, ки бофандахо тадричан аз усулхои бофти матоъхои пахтагин ба усулхои бофти газворхои абрешими мегузаштанд. Ба воситаи ресмонхои гуногунранг дар газвор гул мепартофтанд. Накши газвор аз катори маинчахо иборат буд, ки дар миёнчояш гулбарге дорад (чунин газвори гулдор дар расми руи девори Панчакент хаст). Инчунин накши кунгура хам дида мешавад, ки дар миёнчои хар як тегаи кунгура холе ё тархи дилшакле ба назар мерасад; гайр аз ин накши гули чорбарга, накши рамзии шохаву гулу барг, накшхои мураккаби иборат аз катори доирахо хаст, ки дар дохили доира гулбарге кашида шуда, атрофи онро шохаву баргу гул печонида гирифтааст ва гайраву ва хоказо. Эхтимол, баъзе намудхои газворхои абрешими аз Хитой хам омада бошанд, вале кисми асосии он, бешубха, дар худи Сугд тайёр карда мешуд.

Пораи матои пашмин ранги сурх ва раххои борики кабудчаи фируза дорад.

Албатта, барои бофти ин газворхо дастгоххои махсус мавчуд буд. Яке аз кисмхои дастгохи бофандаги — шонаи он аз Калъаи Муг ёфт шуд (як шонаи бутун ва чанд шикастапорахои он).[66]

Расмхои руи девори Варахша (ва дар омади гап, Панчакент), либоси боён накшу гули нихоят мураккаби рангобаранг дорад — аз катори оддии маинчахою гулбаргхо сар карда, то тархи нихоят печ дар печи доирахо, андаруни онхо расмхои паррандахо ва гурозхо кашида шудааст.[67] Дар расмхои руидевории Панчакенти кадим матоъхое тасвир шудаанд, ки накши онхо аз суратхои шерфил ва парранда иборат буда, гирдогирди онхоро шаддахои марворид гирифтааст. Либоси ашхоси суратхои Афросиёб хам аз газворхои пурнакшу нигор духта шудааст.

Дар музейхои мамлакатхои Европаи гарби намунаи шохихое хастанд, ки дар онхо расми шерхо, гусфандон ва гулбаргхо хастанд. Алхол ин шохихои рангпаридаи зардчаи тиратоб ё зарди паст ё кабуди сиёхча мебошад. Маълум, ки ранги ин шохихо аввал хеле равшану гуё буду бо мурури вакт, гайр аз ранги кабуд, дигар хама рангхо хира шудааст. Масалан, мукаррар гардид, ки замоне ранги ин шохихо сабзи баланд, симоби, гулоби, норинчи ва сафеди тоза буд. Баъзе аз ин шохихо бутун аст ва андозаи хар як порчаи он 1,6х2,41 м буда, имкон медихад, ки андозаи дастгоххои бофандаги хам муайян карда шавад. Ба акидаи мухаккикон накши комил иборат аз катори доирахое буд, ки бо изораи мавчдор фаро гирифта шудааст.

Дар пушти газворе, ки дар шахри Юи (Белгия) махфуз мебошад, бо сиёхи хате навиштаанд, ки В.В.хеннинг онро чунин хондааст: «дарозиаш 61 вачаб занданичи». Мутахассиси номии газворхои кадими Д.Шепард ин гуна матоъхоро дар дигар музейхо хам ёфта, хусусияти онхоро муайян намуд. Вай нишон дод, ки ин газворхо аз шохихои хитои фарки калон доранд ва ин намуд газворхоро газворхои сугди номид. А.М.Беленитский ва И.Б.Бентович бо исботу далелхои иловаги ин акидаро таквият доданд. Дар маъхазхои хитои ва дар маъхазхое, ки вокеахои истилои арабхоро тасвир менамоянд, дар бораи газворхои абрешими бисёр сухан меравад (яке аз намудхои он шохихо «занданичи» ном дошт).[68]

Мо дар болои духти либосхои мардонаву занона, дар бораи намудхои он ва г. таваккуф намекунем. Факат хаминро мегуем, ки аз руи расмхои руи девор хамаи онхоро равшан муайян кардан мумкин аст.[69]

«Сугдиён, — менависад И.Б.Бентович, — чармгариро нагз медонистанд». Мешии хушсифати оличаноб ба чои когаз мерафт. «Масалан, хуччати машхури араби (аз Калъаи Муг.- Б.Г.) махз дар чунин меши навишта шудааст. Чарми зардчатоби тунук рукаши сипари чубин гардидааст. Порахои куттичаи чубин хам бо чарми сиёхи заррингул рукаш шудааст. Сарпуши сабади чоркунча хам як кабат чарми ранга дорад. Музае чолиби диккат аст. Духти он айнан духти хамон муккихоест, ки дар кухистон точикони имруза мепушанд.[70] Маълум, ки гайр аз ашёи чармини дар хуччатхои Муг зикршуда чармгарон афзори аспу ароба, тасма, гилоф барин чизхоро хам тайёр мекарданд. Дар хуччатхои хаттии Калъаи Муг «пусти гусфанд», «пусти барра» ном бурда мешавад, агар гап аз чарм равад, онро боз хам тасниф карда, «пусти оху», «пусти гови кисир», «пусти чавона» гуфтаанд, пусти ранга хам зикр шудааст.[71]

Мухтасар бошад хам, тамоми навъхои хунармандиро тавсиф кардан аз имкон берун аст. Факат хаминро кайд менамоем, ки хунархои устухонтароши, наччорию дуредгари, кулоли ва г. хеле таракки карда буд.

Ривочи хунарманди, алалхусус, ривочи хунарманди дар шахр боиси равнаки хам савдои дохили ва хам савдои хоричи гардид. Якчанд маъхазхо менависанд, ки сугдиён дар тичорат «махорат» доранд. Таълими бача аз панчсолаги сар шуда, аввал савод меомухтанд, сипас, баъди ба синни муайяни балогат расидан ба онхо тичоратро ёд медоданд. Чавонон 20-сола шуда, барои тичорат ба мамлакатхои хорича мерафтанд. Маъхазхо хабар медиханд, ки «аксари мардум ба фоида рагбати зур дорад».[72]

Савдои хоричи бо роххои бисёр ба мамлакатхои шарк ва гарб, инчунин ба ахолии даштхои шимол бурда мешуд. Масалан, робитахои тичоратии Осиёи Миёна ва Византия хеле равнаку ривоч дошт. Як кисми ин тичорат ба воситаи Эрон ва кисми асосии он ба воситаи Кавкази шимоли анчом дода мешуд. Ба Сугд аз Византия шохи меоварданд. Дар Сугд аз руи намунахои онхо шохихои ачоиб мебофтанду боз ба гарб бурда мефурухтанд. Дар сагонаи Мошенная Балка (дар Кавкази шимоли) пораи шохии сугди ёфт шуд, ки таклидан ба шохихои Византия бофта шудааст, вале аз руи бисёр хусусиятхояш маълум, ки шохии сугди мебошад.[73]

Аз «рохи абрешими»-и Кавкази шимоли на факат шохивори, балки бисёр дигар молхо кашонда мешуд. Дар ин бобат табаки византи, ки аз атрофи Кунгур ёфт шуд, чолиби диккат мебошад. Бешакку шубха, тасвироти онро торевтхои византи кандаанд. Византи будани табакро хамин хам тасдик мекунад, ки дар он мухри устои византи хаст. хамоно табак дар Византия дар чоряки дувуми асри VI сохта шудааст. Сарфи назар ба хамаи ин дар табак бо хатти сугдии бухорои «подшохи Бухоро фалони» канда шудааст. Мувофики тахлили палеографи, хат ба охири асри VI ва аввали асри VII тааллук дорад. Пас маълум мешавад, ки махсули устохои византи баъди тайёр шудан дере нагузашта то ба Сугди Бухоро расидааст[74].

Бисёр молхои сугди — аз сангхои киматбахову ашёи он сар карда, то матову газворхои ачоиб ба Осиёи Маркази ва ба Хитой бурда фурухта мешуд.

Хуллас, хачми савдои беруни хеле калон буд. Дар баробари он савдои дохили хам ривоч меёбад. Дар ин бора хеле бисёр сикка зада шудани тангахои мисин, алалхусус, тангахои биринчи шаходат медихад.

Муомилоти пул дар асрхои V–VII Сугд дуруст тадкик нашудааст. Бисёр тангахо, масалан, тангахои димнаи Варахша то ба хол нашр нагардидааст. Аз асри V сар карда, дар Осиёи Миёна тангахои нукрагине бароварда мешуд, ки он таклид ба тангахои сосонии Пирузи I (солхои 459–484) буд. Дар водии Зарафшон чанд ганчинаи ин тангахо ёфт шуд (дар хар як ганчина садхо дона танга буд). Гайр аз ин тангахое буданд, ки таклидан ба тангахои сосонии Варахрани V (солхои 420–438) бароварда мешуданд. Сонитар ин тангахо дар Сугди Бухоро воситаи асосии муомилот мешаванд. Ин тангахоро одамон «дирамхои бухорхудоти» ё «тангахои бухорхудоти» меномиданд. Шаркши-носи рус П.И.Лерх[75] оид ба ин тангахо махсус асар навиштааст. Сипас, онхоро бисёр нумизматхо, аз чумла Д.Уокер[76] ва Р.Фрай[77] тадкик карданд. Забоншиносон ба кушодани рамзи хати руи тангахо машгул шуданд. Ба акидаи хеннинг, дар руи тангахо «Шохи Бухоро» навишта шудааст.[78] Нумизматхо мувофики санаи сикка тангахоро ба гуруххо тасниф намуданд; дар бораи макони сикка зада шудани онхо тахминхо хаст, вале алхол ягон карори катъи нест.

Масалан, дар Сугди Самарканд дар муомилот тангахои махаллии биринчи буданд, ки хати сугди ва дар руи худ расми ду одамро доранд. Вале пули асоси ин тангахо не, балки тангахое буданд, ки дар миёна сурохи чоркунчае доранд ва аз чоряки дувуми асри VII сикка зада мешуданд. Чи кадар бисёр будани ин тангахоро хамин факт равшан мекунад, ки аз як худи хафриёти Панчакент чандин хазор ин гуна танга ёфта шуд. Дар руи танга ду аломат хаст, ки гуё «герб»-и подшохиро ташкил медиханд ва дар пушти танга номи подшох ва унвони вай сабт шудааст. Аз руи гуногун будани вазну андозаи ин тангахо, ки дар даврахои гуногун хар хел мешуд, гуфтан мумкин, ки тангахои мазкур чанд кимат дошт.

Тангаи тилло, аз руи ахбори маъхазхои хатти, дар муомилот иштирок надошт, гарчанде дар катибахои сугди «динор» ном истилохе дучор мешавад, ки ба маънои «тангаи тилло» омадаасту чун меъёри бахои ин ё он чиз хизмат мекард.

Дар хуччатхои Калъаи Муг аксаран тангахои нукрагин — дирхамхо зикр шудаанду танхо як бор тангаи мисро ном бурдаанд.

Ин холат ба таркиби тангахои аз Панчакент ёфтшуда хеч мувофик намеояд, зеро дар Панчакент аз хама бештар тангахои биринчи ёфт шудаанд. Аз афти кор, дар рузгори рузмарра ва харидуфуруши бозор асосан тангахои биринчиро кор мефармуданд, ки ин аз равнаки муомилоти пули далолат мекунад; агар пули доду гирифту харидуфуруш хеле калон бошад ва ё арзиши харидуфурушро дар хуччат кайд кардани шаванд, дар ин сурат арзишро бо тангахои нукра – дирхамхо ифода мекарданд.

Ба кудрати иктисодии Сугд хамин чиз далолат мекунад, ки тангахои ихшидхои Сугд дар чойхои хеле дур аз Сугд ёфт шудаанд.

[1] Мачмуи маълумотро ниг.: Tomaschуk W., 1877, s. 74.

[2] Дар хамон чо, 74–75.

[3] Мачмуи мадракотро ниг.: Смирнова О.И., 1963, с. 24–25.

[4] Ёкут, III, s. 394.

[5] Яъкуби 1892 p. 299.

[6] Масалан, ниг.:Бартольд В.В., с. 477-478.

[7] Beal S., 1906, p.32-36.

[8] Fuchs W., 1938, s. 451-452.

[9] Оид ба ин унвон ду аrида хаст. Баъзе олимон (масалан, В.Радлов ва И.Маркварт) онро турки мегуянд (оид ба охирин тавзехоти ин даво ниг.:Haussig H. W., 1956), дигар гурух олимон онро эрони мегуянд (аз даврахои Ремюз: Аиеl Remusat, 1829, р. 227, п. 2). Аз тарафдорони эрони будани унвони мазкур В.Томашек, С.Конов, Х.Шедер ва дигаронро номбар кардан мумкин.

[10] Бичурин, II, с. 280–281.

[11] Альбаум Л. И., 1975, с. 54–55.

[12] Бичурин, II, с. 281.

[13] Дар хамон чо.

[14] Масъуди, 1894, с. 65.

[15] Яъкуби, 1892, с. 299.

[16] Умуман дар он чо хеле пештар аз ин оли мустаrиле буд. Дар асрхои V– VI шохони Кеш тангае мебароварданд, ки дар руи он расм хаст ва дар пушти танга сурати хокимест, ки шер ё махлуrи шермонанди ба пои rафояш истодаро бо шамшер мезанад. Таклиф кардаанд, ки хати суuдии ин навъ тангахоро «Подшохи Кеш (?)» хондан даркор (Кабанов С.К., 1961, с.137 ва мобаъд; Лившиц В.А., Луконин В.Г., 1964, с. 170, эзохи 110).

[17] Бичурин II, с. 316; Chavannуs У, 1903, р. 146.

[18] Смирнова О.И., 1963, с.140-141, 62-63.

[19] Бичурин II, с. 316; Chavannуs У, 1903, р. 146.

[20] Бичурин, II, с. 317; Chavannуs Е., 1906, р. 135.

[21] Смирнова О.И., 1963, с. 28.

[22] О.И. Смирнова чадвали хронологии маликхои Кешро тартиб додааст (1962, с. 68).

[23] Бичурин, II, с. 282.

[24] Лившиц В.А., Луконин В.Г., 1964, с. 169-170.

[25] Смирнова О.И., 1960.

[26] Смирнова О.И., 1967, с. 36–39.

[27] Бичурин, II, с. 311.

[28] Дурусттараш бухорхудо бояд бошад, ниг.: Наршахи. Thу History of Иukhara, 1954, р.108.

[29] Лившиц В.А., Луконин В.Г., 1964, с. 170.

[30] Бартольд В.В., 1965, а. с. 186-187.

[31] Дар хамон чо, с. 188.

[32] Дар хамон чо, с. 198-199.

[33] Оид ба тавсифи шабакаи rадимии обёрии вохаи Бухоро ниг.: Шишкин В.А., 1963, с. 22-25.

[34] Кабанов С.К., 1956 а, с. 164.

[35] Бартолд В.В., 1965 а, с. 146.

[36] Бичурин, II, с. 281.

[37] Данилевский В. В. ва диг., 1940.

[38] Смирнова О.И., 1963, с. 12-20; Смирнова О.И. ва Боголюбов М.Н.,1963.

[39] Лившиц В.А., 1962 б, с. 136.

[40] Дар хамон чо, с. 57.

[41] Дар ин бора ниг.: Болшаков О.Г. ва Неъматов Н.Н., 1958, с. 187-188.

[42] Лившиц В.А., 1962, с. 140.

[43] Schafer Е.Н., 1963, р. 1, 117.

[44] Бичурин, II, с. 311.

[45] Schafer Е.Н., 1963, р. 147.

[46] Дар хамон чо, р. 61.

[47] Дар хамон чо, р. 64, 296.

[48] Смирнова О.И., 1963, с. 20.

[49] Бичурин, II, с. 281.

[50] Дар хамон чо.

[51] Schafуr Е.Н., 1963, р. 754.

[52] Дар хамон чо, р. 257.

[53] Дар хамон чо, р. 217.

[54] Беленицкий А. М., 1958, с. 117-119.

[55] A History of Tуchnology, 1957, р. 643.

[56] Беленицкий А.М., 1961 а, с. 82.

[57] Беленицкий А.М., 1958, с. 135-140; 1901, с. 84-85; 1961 б, с. 88-90.

[58] Масалан, ниг.: Чалилов А., 1958, с. 81-95 (тафсири муфид, вале нихоят ноrис).

[59] Schafer Е.Н., 1963, р. 261.

[60] Бичурин, II, 1963, р. 259.

[61] Schafer Е.Н., 1963, р. 310.

[62] Дар бораи суuди будани ин ашё М.М. Дьяконов ва А.М. Беленитский навиштаанд. Номгуи ашёи торевтикаи суuдиро Б.И. Маршак тартиб додааст.

[63] Забелина Н.Н. ва Ремпел Л., 1948; Пугаченкова Г.А., Ремпел Л.И., 1965, с. 149-150.

[64] Лившиц В.А., Луконин В.Г., 1964, с. 162-163.

[65] Бентович И.Б., 1958, с. 362.

[66] Винокурова М.П., 1957, с. 17-32.

[67] Шишкин В.А., 1963, с. 158-159, 220-221.

[68] Беленицкий А.М., Бентович И.Б., Беленицкий А.М. ва дигарон, 1963.

[69] Сюан-сзан дар бораи Суuд навиштааст: «Кас хар кадар бойтар бошад, хамон кадар бештар уро хурмат мекунанд, вале зохиран бой аз камбаuал фарr надорад, хатто бойтарин одамон бо rаноат мехуранду бо rаноат либос мепушанд» (Веа1s., 1906, I, р. 27). Вале ин «демократизм» танхо зодаи хаёлоти Сюан-сзан аст, зеро мадракоти археологи ва материалхои археологи оид ба сарулибос ин гапхои уро тасдиr намекунанд.

[70] Бентович И.Б., 1958, с. 362-371-372. Инчунин ниг.: Иванов С.В., 1952,с. 49 52.

[71] Смирнова О.И. ва Боголюбов М.Н., 1963, с. 11.

[72] Бичурин, II, с. 310; Chavannуs У., 1903, р. 133, п.

[73] Иерусалимская А.А., 1967 а; 1967 б

[74] Лившиц В.А., Луконин В.Г., 1964, с. 165-167.

[75] Лерх П.И., 1875–1909.

[76] Walker S., 1941.

[77] Uгуе R.N., 1949, р. 24–31.

[78] Сhуnning W.В., apud Uгуе R.N., 1949, р. 28–29.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

3_zheleznaya_loshad

Техника дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX

Дар ИМА солхои 60-70-ум дар коркарди гушт, ордкунии галла ва маъданистехсолкуни конвейер истифода бурда шуд. …