Главная / Гуногун / СУДОНРО ИСТИЛО КАРДАНИ АНГЛИЯ

СУДОНРО ИСТИЛО КАРДАНИ АНГЛИЯ

Ба Судон cap даровардани точирони европави ба солхои 30- юми асри XIX рост меояд. Онхо ба ин чо молхои саноатии англиси оварда мефурухтанд ва аз ин чо гуломонро харида, дар киштихо бор карда, барои фурухтан тавассути Нил аз Хартум ба Кохира мефиристоданд. Соли 1857 хукумати Миср гуломфуруширо мамнуъ эълон кард, аммо гуломфурушон рохи гайриконунии гуломфуруширо ёфта, ин машгулияти тичоратии худро давом медоданд. Вале аз охирхои солхои 60-ум муносибати Англия нисбат ба Судон тагйир ёфт. Он аз тичорат ба забти ин давлат гузашт. Акнун гуломчаллобони европави ба даромад аз гуломфуруши конеъ нашуда, мехостанд, ки Судонро пурра забт кунанд. Захирахои ашёи хоми ин мамлакат, имконияти горат кардани ахолии он, аз хама мухимаш ахамияти стратегии Судон Англияро ба огоз намудани ин кор хавасманд менамуд. Судон дар хавзаи дарёи Нил ва дар сари рохи Африкаи Маркази вокеъ буд. Инчунин болооби дарёи Нилро ишгол карда, Англия ба Миср фишор оварда метавонист.

tomswallpapers-com-12349-e1503687672901

Соли 1869 Англия дар зери парчами Миср ба Судон экспедитсияи харби ташкил намуд. Рохбари экспедитсия англис Бейкер губернатори вилоятхои забт кардашуда таъйин гардид. Ин вилоятхо якчоя Экватория ном гирифтанд. Соли 1874 полковники англис Гордон Бейкерро дар ин вазифа иваз намуд. Ин шахс иштирокчии пахш кардани шуриши Тайпинхо буд. Ба Гордон муяссар гардид, ки заминхои зиёдро аз сарчашмаи Нил cap карда то кули Виктория забт намуда, инчунин, пуштибонии Англияро бар шохигарии Уганда мукаррар намояд. Вакте ки соли 1877 мамлакатхои Европа Мисрро ба зери назорати молиявии худ дароварданд, Гордон генерал-губернатори тамоми Судон таъйин карда мешавад. Афсархои ситоди у низ губернатори музофотхои гуногуни Судон таъйин гардиданд. Баъди истилои Судон горати хаматарафаи ин давлат огоз ёфт. Дар натича аз сиёсати мустамликадорон норозигии ахолии махалли руз то руз афзуда, ба шуриш мубаддал гардид. Соли 1879 Гордон шуришхои дар вилоятхои Бахр, Алгазал ва Дарфур баамаломадаро пахш намуда, баъд Судонро тарк кард. Ба чои у генерал-губернатори Судон шахси мисрие таъйин мегардад. Вале дар музофотхои Судон мисли пештара европавиён губернатор буданд. Соли 1881 тамоми Судонро шуриш фаро гирифт. Ба харакати озодихохии зиддианглиси ва золимони махалли Мухаммад Ахмад ном дарвеше, ки тирамохи соли 1881 худро Махди номида буд, рохбари мекард. У мардумро бар зидди хоричиён ва кофирон (хокимияти хидевро кофир меномид) ба чиход даъват намуд.

Кароргохи Махди аввал дар яке аз чазирахои Нил – чанубтари Хартум вокеъ буд. Аз ин чо у ба воситаи воизон таълимоти худро ба тамоми гушаю канори мамлакат пахн менамуд. Барои дар мархалаи тавлидаш пахш кардани ин харакат охирхои соли 1881 хокимони Хартум ба он чо дастаи чазодихандаи худро фиристоданд. Ин даста аз тарафи чонибдорони Мухаммад Ахмад пурра торумор карда шуд. Баъди ин Мухаммад Ахмад кароргохи худро ба чанубу шаркии мамлакат кучонд. Аз ин чо ва аз чойхои дигари мамлакат даххо хазор кишоварзон ва кучманчиён омада, ба дастахои фидоиёни Махди дохил мешуданд. Онхо дастахои ба мукобилашон махдичиён равонкардаро торумор мекарданд. То огози соли 1883 онхоро Кордофанро озод карда, охирхои соли 1883 артиши хидевро, ки ба он генерали англис Хикс рохбари мекард, торумор карда, вилояти Дарфурро пурра ишгол карда, баъд дар сохилхои Бахри Сурх чанги чирикиро вусъат доданд.

Дар ин шароит Англия дар Судон усули забткунии худро тагйир дод. Огози соли 1884 Гордон аз нав ба Хартум, ин дафъа ба сифати генерал-губернатор ва намояндаи расмии хукумати Британия омад. Ба вай супориш дода шуда буд, ки чудошавии Судонро аз Миср эълон карда, артиши хидевро аз Судон бароварда, хукумати пуркувватеро ташкил намуда, баъд ба феодалхои махалли такя карда, шуриши Махдиро пахш кунад. Мувофики накша Гордон мебоист султонхоро, ки то аз тарафи Мухаммад Али забт кардани Судон дар ин мамлакат хукмрони мекарданд, аз нав ба сари кудрат оварда, Судонро тавассути фидоиёни онхо идора мекард. Лекин ин накша пурра шикаст хурд.

Барои бархам додани шуриши махдичиён Гордон хилаю найранги зиёди дигарро низ ба кор бурд, вале хамаи онхо бенатича баромаданд.

Огози соли 1885 баъди мухосираи дуру дароз шуришгарон Хартумро ба даст дароварда, Гордонро катл карданд. Гайр аз баъзе махалхо Судон ба дасти махдичиён гузашт. Дар ин чо давлати дини ташкил ёфт. Дар мамлакат ба сари кудрат омада, махдичиён муносибатхои чамъияти, муносибат ба моликият, сохти системаи сиёси ва сиёсати хоричии худро ба манфиатхои миллии мамлакат ва ислом тагйир доданд.

Англия ва Миср аз касди чадидан истило кардани Судон даст накашида буданд. Дар охири асри XIX мубориза барои ба даст даровардани Судон ва болооби Нил ба мархалаи нав дохил гардид. Фаронса забти Судони Шаркиро огоз кард. Артиши Англия ва Миср тавассути Нил ба боло харакат карда, соли 1898 пойтахти Судон – шахри Омдурманро ишгол карда, тавассути пулемётхои навакак ихтироъ ва истехсолкардаи англиси даххо хазор махдичиёнро кир карданд. Давлати ташкилкардаи Махди махв шуд. Англисхо макбараи уро ба хок яксон карданд. Фаронса бошад, аз забти Судон бенасиб монд. Аз соли 1899 cap карда Судон ба зери хокимияти якчояи Англия ва Миср дароварда шуд. Вале иштироки Миср дар идораи Судон бо ном вучуд дошт. Тамоми хокимият дар дасти англисхо буд. Хамин тарик, Судон ба ниммустамликаи Англия табдил меёбад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …