Главная / Гуногун / СУДОНРО ИСТИЛО КАРДАНИ АНГЛИЯ

СУДОНРО ИСТИЛО КАРДАНИ АНГЛИЯ

Ба Судон cap даровардани тоҷирони европавӣ ба солҳои 30- юми асри XIX рост меояд. Онҳо ба ин ҷо молҳои саноатии англисӣ оварда мефурӯхтанд ва аз ин ҷо ғуломонро харида, дар киштиҳо бор карда, барои фурӯхтан тавассути Нил аз Хартум ба Қоҳира мефиристоданд. Соли 1857 ҳукумати Миср ғуломфурӯширо мамнӯъ эълон кард, аммо ғуломфурӯшон роҳи ғайриқонунии ғуломфурӯширо ёфта, ин машғулияти тиҷоратии худро давом медоданд. Вале аз охирҳои солҳои 60-ум муносибати Англия нисбат ба Судон тағйир ёфт. Он аз тиҷорат ба забти ин давлат гузашт. Акнун ғуломҷаллобони европавӣ ба даромад аз ғуломфурӯшӣ қонеъ нашуда, мехостанд, ки Судонро пурра забт кунанд. Захираҳои ашёи хоми ин мамлакат, имконияти ғорат кардани аҳолии он, аз ҳама муҳимаш аҳамияти стратегии Судон Англияро ба оғоз намудани ин кор ҳавасманд менамуд. Судон дар ҳавзаи дарёи Нил ва дар сари роҳи Африкаи Марказӣ воқеъ буд. Инчунин болооби дарёи Нилро ишғол карда, Англия ба Миср фишор оварда метавонист.

tomswallpapers-com-12349-e1503687672901

Соли 1869 Англия дар зери парчами Миср ба Судон экспедитсияи ҳарбӣ ташкил намуд. Роҳбари экспедитсия англис Бейкер губернатори вилоятҳои забт кардашуда таъйин гардид. Ин вилоятҳо якҷоя Экватория ном гирифтанд. Соли 1874 полковники англис Гордон Бейкерро дар ин вазифа иваз намуд. Ин шахс иштирокчии пахш кардани шӯриши Тайпинҳо буд. Ба Гордон муяссар гардид, ки заминҳои зиёдро аз сарчашмаи Нил cap карда то кӯли Виктория забт намуда, инчунин, пуштибонии Англияро бар шоҳигарии Уганда муқаррар намояд. Вақте ки соли 1877 мамлакатҳои Европа Мисрро ба зери назорати молиявии худ дароварданд, Гордон генерал-губернатори тамоми Судон таъйин карда мешавад. Афсарҳои ситоди ӯ низ губернатори музофотҳои гуногуни Судон таъйин гардиданд. Баъди истилои Судон ғорати ҳаматарафаи ин давлат оғоз ёфт. Дар натиҷа аз сиёсати мустамликадорон норозигии аҳолии маҳаллӣ рӯз то рӯз афзуда, ба шӯриш мубаддал гардид. Соли 1879 Гордон шӯришҳои дар вилоятҳои Баҳр, Алгазал ва Дарфур баамаломадаро пахш намуда, баъд Судонро тарк кард. Ба ҷои ӯ генерал-губернатори Судон шахси мисрие таъйин мегардад. Вале дар музофотҳои Судон мисли пештара европавиён губернатор буданд. Соли 1881 тамоми Судонро шӯриш фаро гирифт. Ба ҳаракати озодихоҳии зиддианглисӣ ва золимони маҳаллӣ Муҳаммад Аҳмад ном дарвеше, ки тирамоҳи соли 1881 худро Маҳдӣ номида буд, роҳбари мекард. Ӯ мардумро бар зидди хориҷиён ва кофирон (ҳокимияти хидевро кофир меномид) ба ҷиход даъват намуд.

Қароргоҳи Маҳдӣ аввал дар яке аз ҷазираҳои Нил – ҷанубтари Хартум воқеъ буд. Аз ин ҷо ӯ ба воситаи воизон таълимоти худро ба тамоми гӯшаю канори мамлакат паҳн менамуд. Барои дар марҳалаи тавлидаш пахш кардани ин ҳаракат охирҳои соли 1881 ҳокимони Хартум ба он ҷо дастаи ҷазодиҳандаи худро фиристоданд. Ин даста аз тарафи ҷонибдорони Муҳаммад Аҳмад пурра торумор карда шуд. Баъди ин Муҳаммад Аҳмад қароргоҳи худро ба ҷанубу шарқии мамлакат кӯчонд. Аз ин ҷо ва аз ҷойҳои дигари мамлакат дахҳо ҳазор кишоварзон ва кӯчманчиён омада, ба дастаҳои фидоиёни Маҳдӣ дохил мешуданд. Онҳо дастаҳои ба муқобилашон маҳдичиён равонкардаро торумор мекарданд. То оғози соли 1883 онҳоро Кордофанро озод карда, охирҳои соли 1883 артиши хидевро, ки ба он генерали англис Хикс роҳбарӣ мекард, торумор карда, вилояти Дарфурро пурра ишғол карда, баъд дар соҳилҳои Баҳри Сурх ҷанги чирикиро вусъат доданд.

Дар ин шароит Англия дар Судон усули забткунии худро тағйир дод. Оғози соли 1884 Гордон аз нав ба Хартум, ин дафъа ба сифати генерал-губернатор ва намояндаи расмии ҳукумати Британия омад. Ба вай супориш дода шуда буд, ки ҷудошавии Судонро аз Миср эълон карда, артиши хидевро аз Судон бароварда, ҳукумати пурқувватеро ташкил намуда, баъд ба феодалҳои маҳаллӣ такя карда, шӯриши Маҳдиро пахш кунад. Мувофиқи нақша Гордон мебоист султонҳоро, ки то аз тарафи Муҳаммад Алӣ забт кардани Судон дар ин мамлакат ҳукмронӣ мекарданд, аз нав ба сари қудрат оварда, Судонро тавассути фидоиёни онҳо идора мекард. Лекин ин нақша пурра шикаст хӯрд.

Барои барҳам додани шӯриши маҳдичиён Гордон ҳилаю найранги зиёди дигарро низ ба кор бурд, вале ҳамаи онҳо бенатиҷа баромаданд.

Оғози соли 1885 баъди муҳосираи дуру дароз шӯришгарон Хартумро ба даст дароварда, Гордонро қатл карданд. Ғайр аз баъзе маҳалҳо Судон ба дасти маҳдичиён гузашт. Дар ин ҷо давлати динӣ ташкил ёфт. Дар мамлакат ба сари қудрат омада, маҳдичиён муносибатҳои ҷамъиятӣ, муносибат ба моликият, сохти системаи сиёсӣ ва сиёсати хориҷии худро ба манфиатҳои миллии мамлакат ва ислом тағйир доданд.

Англия ва Миср аз қасди ҷадидан истило кардани Судон даст накашида буданд. Дар охири асри XIX мубориза барои ба даст даровардани Судон ва болооби Нил ба марҳалаи нав дохил гардид. Фаронса забти Судони Шарқиро оғоз кард. Артиши Англия ва Миср тавассути Нил ба боло ҳаракат карда, соли 1898 пойтахти Судон – шаҳри Омдурманро ишғол карда, тавассути пулемётҳои навакак ихтироъ ва истеҳсолкардаи англисӣ даҳҳо ҳазор маҳдичиёнро қир карданд. Давлати ташкилкардаи Маҳдӣ маҳв шуд. Англисҳо мақбараи ӯро ба хок яксон карданд. Фаронса бошад, аз забти Судон бенасиб монд. Аз соли 1899 cap карда Судон ба зери ҳокимияти якҷояи Англия ва Миср дароварда шуд. Вале иштироки Миср дар идораи Судон бо ном вуҷуд дошт. Тамоми ҳокимият дар дасти англисҳо буд. Ҳамин тариқ, Судон ба ниммустамликаи Англия табдил меёбад.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

42_ethiopia-history10e

Рақобат барои ҳукмронӣ дар Ҳабашистон

Мубориза барои дар Ҳабашистон ҳукмрони кардан дар байни ҳокимони се вилоят сурат гирифт. Яке аз …