Главная / Чамъият / ШАХРВАНДИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН -КОНУН

ШАХРВАНДИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН -КОНУН

Конуни конститутсионии мазкур муносибатхо оид ба шахрвандии Чумхурии Точикистонро ба танзим дароварда, асосхо, принсипхо, шартхо ва тартиби сохиб шудан ва катъ намудани шахрвандии Чумхурии Точикистонро муайян менамояд.

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2015, №7-9, мод. 696)

БОБИ 1. 
МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси 

Мафхумхои асосие, ки дар Конуни конститутсионии мазкур истифода мешаванд:

шахрванди Чумхурии Точикистон –шахсе, ки дар рузи кабули Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон шахрванди Чумхурии Точикистон буд ё мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномахои байналмилалии Точикистон шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб шуда бошад;

шахрвандии Чумхурии Точикистон –робитаи устувори сиёсию хукукии шахс бо Чумхурии Точикистон буда, мачмуи хукук ва ухдадорихои мутакобилаи тарафхоро дар бар мегирад;

шахрванди хоричи –шахсе, ки шахрвандии Чумхурии Точикистонро надошта, шахрванди давлати хоричи мебошад;

шахси бешахрванд – шахсе, ки тибки конунгузории ягон давлат шахрванди он хисобида намешавад;

душахрванди – дорои шахрвандии давлати хоричи будани шахрванди Чумхурии Точикистон ва дорои шахрвандии Чумхурии Точикистон будани шахрванди хоричи мутобики шартномахои байналмилалии Точикистон;

кудак –шахсе, ки ба синни хаждах нарасидааст;

истикомат кардан– сукунати шахс бо асосхои конуни дар худуди Чумхурии Точикистон ё берун аз он;

истикомати доими– истикомати бефосилаи шахрванди хоричи ё шaчcи бешахрванд аз руи гувохномаи икомат дар худуди Чумхурии Точикистон;

гувохномаи икомат–хуччати тасдиккунандаи шахсияти шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд дар худуди Чумхурии Точикистон ва собиткунандаи гирифтани ичозат барои истикомати доими дар Точикистон.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи шахрвандии Чумхурии Точикистон

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи шахрвандии Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни конститутсионии мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин, санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Татбики шартномахои байналмилали оид ба шахрванди

Хангоми халли масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон Конуни конститутсионии мазкур ва шартномахои байналмилалии Точикистон татбик мегарданд.

Моддаи 4. Принсипхои шахрвандии Чумхурии Точикистон

Шахрвандии Чумхурии Точикистон ба принсипхои зерин асос меёбад:

– хукуки хар шахс ба шахрванди;

– баробархукукии шахрвандон новобаста ба асосхои сохиб шудан ба шахрванди;

– мусоидат ба пешгирии бешахрванди;

– нигох доштани шахрвандии Чумхурии Точикистон, новобаста аз чои истикомат, бастан ва бекор кардани акди никох.

Моддаи 5. Манъи  ба давлати хоричи супоридани шахрванди Чумхурии Точикистон

  1. Шахрванди Чумхурии Точикистонро ба давлати хоричи супоридан манъ аст.
  2. Супоридани шахсе, ки чиноят содир кардааст, ба давлати хоричи дар асоси шартномахои байналмилалии Точикистон хал карда мешавад.

Моддаи 6. Мусоидат ба пешгирии бешахрванди

Чумхурии Точикистон ба шахрвандии  Чумхурии Точикистон сохиб шудани шахси бешахрвандро дастгири намуда, барои ба шахрвандии давлати дигар сохиб шудани у монеъ намешавад.

Моддаи 7. Нигох доштани шахрвандии Чумхурии Точикистон хангоми бастан ва (ё) бекор кардани акди никох

  1. Бастани акди никох ва (ё) бекор кардани он байни шахрванди Чумхурии Точикистон ва шахсе, ки шахрванди Чумхурии Точикистон намебошад, боиси тагйир додани шахрвандии онхо намегардад.
  2. Дигар кардани шахрвандии яке аз хамсарон боиси тагйир додани шахрвандии хамсари дигар намегардад.
  3. Бекор кардани акди никох боиси тагйир додани шахрвандии кудакони аз хамин никох таваллудшуда ё фарзандхондшудаи хамсарон намегардад.

Моддаи 8. Сохиб шудан ба душахрванди

  1. Шахрванди Чумхурии Точикистон, ки шахрвандии дигар давлатро низ дорад, аз чониби Чумхурии Точикистон танхо чун шахрванди Чумхурии Точикистон дониста мешавад, ба истиснои холатхое, ки дар шартномахои байналмилалии Точикистон нишон дода шудаанд.
  2. Сохиб шудан ба душахрванди мутобики шартномахои байналмилалии Точикистон амали карда мешавад.

Моддаи 9. Шахрванди фахрии Чумхурии Точикистон

  1. Ба шахсе, ки шахрванди Чумхурии Точикистон набуда, барои Чумхурии Точикистон ё чомеаи чахони хизматхои шоён кардааст, мумкин аст бо розигии у шахрвандии фахрии Чумхурии Точикистон дода шавад.
  2. Тартиби додани шахрвандии фахрии Чумхурии Точикистонро низомномаи шахрванди фахрии Чумхурии Точикистон, ки  аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад, муайян менамояд.

Моддаи 10. Хуччатхои тасдиккунандаи шахрвандии Чумхурии Точикистон

  1. Хуччати тасдиккунандаи шахрвандии Чумхурии Точикистон хуччати расмие мебошад, ки дар он шахрвандии шахс нишон дода мешавад.
  2. Номгуи хуччатхои тасдиккунандаи шахрвандии Чумхурии Точикистонро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 11. Химоя ва пуштибонии шахрванди Чумхурии Точикистон, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон карор дорад

  1. Шахрванди Чумхурии Точикистон, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон карор дорад, аз химоя ва пуштибонии Чумхурии Точикистон бархурдор мебошад.
  2. Макомоти давлатии Чумхурии Точикистон, намояндагихои дипломати, муассисахои консули ва намояндагихои дигари расмии Чумхурии Точикистон ухдадоранд, ки ба шахрванди Чумхурии Точикистон барои пурра истифода бурдан аз тамоми хукукхои мукарраркардаи конунгузори дар давлати истикомат ё давлате, ки дар он карор дорад, мусоидат намуда, хукук ва манфиатхои конунии уро химоя намоянд.

БОБИ 2.
СОХИБ ШУДАН БА ШАХРВАНДИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Моддаи 12. Асосхои сохиб шудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон

Шахрвандии Чумхурии Точикистон бо асосхои зерин ба даст оварда мешавад:

– аз руи таваллуд;

– дар натичаи кабул намудан ба шахрванди;

– дар натичаи баркарор намудан ба шахрванди;

– бо рохи интихоби шахрвандии Чумхурии Точикистон дар сурати тагйир ёфтани Сархади давлатии Чумхурии Точикистон.

Моддаи 13. Сохиб шудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон аз руи таваллуд

  1. Кудаке, ки падару модари у ё падар ё модари ягонаи у хангоми таваллуд шуданаш шахрванди Чумхурии Точикистон мебошанд, новобаста аз чои таваллуд, шахрванди Чумхурии Точикистон дониста мешавад.
  2. Хангоми гуногун будани шахрвандии падару модар, ки яке аз онхо дар вакти таваллуди кудак шахрванди Чумхурии Точикистон мебошад, кудак шахрвандии Чумхурии Точикистонро доро мешавад, агар у:

– дар худуди Чумхурии Точикистон таваллуд шуда бошад;

– берун аз худуди Чумхурии Точикистон таваллуд шуда, падару модари у ё яке аз онхо дар ин вакт дар худуди Чумхурии Точикистон истикомати доими дошта бошанд.

  1. Дар сурати гуногун будани шахрвандии падару модар, ки яке аз онхо дар лахзаи таваллуди кудак шахрванди Чумхурии Точикистон буда, дигаре шахрванди хоричи бошад, дар ин вакт онхо берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикомати доими дошта бошанд, шахрвандии кудаки берун аз худуди Чумхурии Точикистон таваллудёфта аз руи розигии хаттии падару модар муайян карда мешавад. Дар сурати ба мувофика наомадани падару модар дар давоми то се мох аз лахзаи таваллуди кудак, агар тибки конунгузории давлати чои таваллуд ба у шахрвандии хамон давлат дода нашуда бошад, кудак шахрванди Чумхурии Точикистон хисобида мешавад.
  2. Кудаке, ки яке аз падар ё модари у дар лахзаи таваллуд шуданаш шахрванди Чумхурии Точикистон ва дигаре шахси бешахрванд ё шахси номаълум бошад, новобаста аз чои таваллуди кудак, шахрванди Чумхурии Точикистон хисобида мешавад.
  3. Дар холати мукаррар намудани падарии кудаке, ки модараш шахси бешахрванд буда, падараш шахрванди Чумхурии Точикистон мебошад, кудак, новобаста аз чои таваллуд, шахрванди Чумхурии Точикистон дониста мешавад.
  4. Дар мавриди мукаррар намудани холати таваллуди кудак аз зане, ки шахрванди Чумхурии Точикистон буда, падараш шахси бешахрванд мебошад, кудак, новобаста аз чои таваллуд, шахрванди Чумхурии Точикистон дониста мешавад.
  5. Кудаке, ки дар худуди Чумхурии Точикистон аз шахсони бешахрванде, ки хар ду ё яке аз онхо дар Чумхурии Точикистон истикомати доими доранд, таваллуд шудааст, шахрванди Чумхурии Точикистон дониста мешавад.
  6. Кудаке, ки дар худуди Чумхурии Точикистон таваллуд шуда, падару модари у номаълуманд, шахрвандии Чумхурии Точикистонро доро мегардад.
  7. Кудаки дар худуди Чумхурии Точикистон таваллудшуда, ки падару модари у шахрвандони хоричи мебошанд ё яке аз онхо шахрванди хоричи, дигараш шахси бешахрванд ва ё номаълум бошад, шахрванди Чумхурии Точикистон хисобида мешавад, агар мутобики конунгузории он давлатхо ба у шахрванди дода нашуда бошад.

Моддаи 14. Кабул намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон

  1. Шахрванди хоричи ва шахси бешахрвандро дар асоси дархости онхо мутобики Конуни конститутсионии мазкур ба шахрвандии Чумхурии Точикистон кабул намудан мумкин аст.
  2. Шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд, ки ба синни хаждах расидаанд, новобаста аз миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, тахсил, вазъи ичтимои ва (ё) модди, хукук доранд дар бораи кабул намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон дархост пешниход намоянд.

Моддаи 15. Шартхои умумии кабул намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон 

Шартхои умумии кабул намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон аз инхо иборатанд:

– истикомати доимии бефосилаи шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд дар худуди Чумхурии Точикистон дар мухлати панч сол аз рузи гирифтани гувохномаи икомат то мурочиат намудан бо дархост оид ба кабул намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон, агар берун баромадани якдафъаинаи у аз худуди Чумхурии Точикистон дар давоми сол на зиёда аз се мохро ташкил намояд, ба истиснои тахсил, муолича ва сафари хизмати;

– донистани забони давлати дар сатхи муошират;

– тахти таъкиби чинояти карор надоштан.

Моддаи 16. Кабул намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон  бо тартиби содакардашуда

  1. Бо дархост оид ба кабул намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон бо тартиби содакардашуда бе риоя намудани шартхои дар сархатхои якум ва дуюми моддаи 15 Конуни конститутсионии мазкур пешбинигардида ва бе пешниходи гувохномаи икомат шахрванди хоричи ва шахси бешахрванди зерин метавонанд мурочиат намоянд:

– шахсе, ки дастовардхои оли дар сохаи илму техника, тандурусти ва варзиш, хизмати шоиста дар рушди иктисоди, ичтимои ва фархангии Чумхурии Точикистон ва амалигардонии арзишхои умумибашари дошта бошад;

– ветеранхои Чанги Бузурги Ватани, ки шахрвандии собик Иттиходи Чумхурихои Шуравии Сотсиалистиро доштанд ва дар худуди Чумхурии Точикистон истикомат доранд;

–  кудак ё шахси гайри кобили амал, ки тахти васоят ё парастории шахрванди Чумхурии Точикистон карор дорад;

– кудак ё шахси гайри кобили амал, ки тахти парастории пурраи давлат дар муассисаи тарбияви ё табобати, муассисаи хифзи ичтимоии ахоли ё муассисаи дигари ба ин монанди Чумхурии Точикистон карор дорад;

– шахсе, ки дар Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон таваллуд шуда, шахрвандии собик Иттиходи Чумхурихои Шуравии Сотсиалистиро дошта, дар давлатхое, ки ба хайати Иттиходи Чумхурихои Шуравии Сотсиалисти шомил буданд, истикомат мекард ё мекунад, вале шахрвандии ин давлатхоро нагирифта, дар натича, шахси бешахрванд гаштааст.

  1. Бо дархост оид ба кабул намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон бо кам намудани нисфи мухлати истикомати доими, ки дар сархати якуми моддаи 15 Конуни конститутсионии мазкур пешбини гардидааст, шахсони зерин метавонанд мурочиат намоянд:

– шахси бешахрванд, ба истиснои шахсони дар сархати панчуми кисми 1 моддаи мазкур зикршуда;

– шахрванди хоричие, ки хангоми таваллуд падар ё модари у шахрванди Чумхурии Точикистон буда, шахрвандии давлати хоричиро аз руи таваллуд сохиб шуда бошад, дар давоми панч соли баъди расидан ба синни хаждах;

– шахрванди хоричие, ки падар ё модари у шахрванди Чумхурии Точикистон мебошад;

– шахсе, ки дар худуди Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон таваллуд шуда, шахрвандии собик Иттиходи Чумхурихои Шуравии Сотсиалистиро дошт.

  1. Президенти Чумхурии Точикистон метавонад бе риоя намудани шартхои дар моддаи 15 Конуни конститутсионии мазкур пешбинигардида масъалаи кабул намудани шахрванди хоричи ва шахси бешахрвандро ба шахрвандии Чумхурии Точикистон барраси намояд.

Моддаи 17. Баркарор намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон

  1. Шахсоне, ки бо сабаби тагйир ёфтани шахрвандии падару модар аз шахрвандии Чумхурии Точикистон баромадаанд, метавонанд  тибки дархосташон дар муддати панч соли баъди расидан ба синни хаждах ба шахрвандии Чумхурии Точикистон баркарор карда шаванд.
  2. Шахсоне, ки бо сабаби фарзандхонди аз шахрвандии Чумхурии Точикистон баромадаанд, метавонанд тибки дархосташон ба шахрвандии Чумхурии Точикистон баркарор карда шаванд.
  3. Шахрвандони собики Чумхурии Точикистон метавонанд  тибки дархосташон ба шахрвандии Чумхурии Точикистон баркарор карда шаванд.

Моддаи 18. Асосхои рад кардани кабул намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон ва баркарор намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон

Дархости кабул намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон ва баркарор намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон рад карда мешавад, агар дархостдиханда:

– маълумоти бардуруг ва хуччатхои калбаки пешниход карда бошад;

– бо кирдори худ ба амнияти миллии Чумхурии Точикистон тахдид намояд;

– узви хизб ва ташкилотхои дигаре бошад, ки фаъолияти онхо расман дар худуди Чумхурии Точикистон манъ карда шудааст;

– барои содир кардани чиноятхои вазнин ва махсусан вазнин махкум шуда бошад;

– тахти таъкиби чинояти карор дошта бошад;

– чазоро дар шакли махрум сохтан аз озоди адо карда истода бошад;

– шахрванди давлати хоричие бошад, ки Чумхурии Точикистон бо он шартномаи байнидавлати дар бораи душахрванди надошта бошад.

Моддаи 19. Интихоби шахрвандии Чумхурии Точикистон дар сурати тагйир ёфтани Сархади давлатии Чумхурии Точикистон

Хангоми тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тагйир ёфтани Сархади давлатии Чумхурии Точикистон шахсоне, ки дар худуди мансубияти давлатиаш тагйирёфта зиндаги мекунанд, хукук доранд тибки тартиб ва мухлати пешбининамудаи шартномаи байналмилалии Точикистон шахрвандии Чумхурии Точикистонро интихоб намоянд.

БОБИ 3. 
КАТЪ НАМУДАНИ ШАХРВАНДИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Моддаи 20. Асосхои катъ намудани шахрвандии Чумхурии Точикистон

Шахрвандии Чумхурии Точикистон дар холатхои зерин катъ мегардад:

– баромадан аз шахрвандии Чумхурии Точикистон;

– аз даст додани шахрвандии Чумхурии Точикистон;

– бекор кардани карор оид ба кабул намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон;

– бо рохи интихоб намудани шахрвандии давлати дигар дар сурати тагйир ёфтани Сархади давлатии Чумхурии Точикистон.

Моддаи 21. Баромадан аз шахрвандии Чумхурии Точикистон

  1. Шахрванди Чумхурии Точикистон хукук дорад аз шахрвандии Чумхурии Точикистон барояд, ба истиснои холатхое, ки дар моддаи 22 Конуни конститутсионии мазкур пешбини гардидаанд.
  2. Баромадан аз шахрвандии Чумхурии Точикистон дар асоси дархости шахрванди Чумхурии Точикистон амали мегардад.
  3. Агар дар шартномахои байналмилалии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад, аз шахрвандии Чумхурии Точикистон баромадани кудаки то синни чордахе, ки яке аз падар ё модари у шахрванди Чумхурии Точикистон буда, дигаре шахрванди хоричи мебошад ё ин ки падар ё модари ягонаи у шахрванди хоричи мебошад, аз руи дархости падару модар ва ё падар ё модари ягонаи у амали мегардад.

 

Моддаи 22. Асосхои рад намудан барои аз шахрвандии Чумхурии Точикистон баромадан

 

Асосхои рад намудан барои аз шахрвандии Чумхурии Точикистон баромадан инхоянд:

– гирифтани даъватнома ба хизмати харбии хатми (то ба анчом расидани он);

– тахти таъкиби чинояти карор доштан;

– дар назди давлат ухдадории тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайянгардидаи ичронашуда доштан;

– мавчуд будани хукми айбдоркунандаи эътибори конуни пайдокардаи суд, ки бояд ичро гардад;

– шахрвандии давлати хоричи ва ё кафолати ба даст овардани онро надоштан;

– мавчуд будани хатар барои амнияти давлати хангоми баромадан аз шахрвандии Чумхурии Точикистон.

Моддаи 23. Аз даст додани шахрвандии Чумхурии Точикистон

  1. Шахрванди Чумхурии Точикистон, ки дар давлати хоричи ба хизмати харби, макомоти амният, макомоти адлия, хифзи хукук ва ё макомоти дигари хокимияти давлати дохил ё ба кор кабул шудааст, шахрвандии Чумхурии Точикистонро аз даст медихад, агар дар шартномахои байналмилалии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
  2. Шахрванди Чумхурии Точикистон хангоми ихтиёран кабул намудани шахрвандии давлати дигар, ки Чумхурии Точикистон бо он шартнома дар бораи душахрванди надорад, шахрвандии Чумхурии Точикистонро аз даст медихад.

Моддаи 24. Бекор кардани карор оид ба кабул намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон 

  1. Карор оид ба кабул намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон нисбат ба шахсе бекор карда мешавад, ки у дар асоси маълумоти бардуруг ва хуччатхои калбаки шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб шудааст. Далели пешниходи маълумоти бардуруг ва хуччатхои калбаки бо тартиби суди мукаррар карда мешавад.
  2. Бекор карда  шудани карор оид ба кабул намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон  шахси мазкурро аз чавобгарии мукаррарнамудаи конунгузори озод намекунад.
  3. Карори ба шахрвандии Чумхурии Точикистон кабул намуданро дар давоми панч сол аз рузи  кабул шудани он бекор рдан мумкин аст.

Моддаи 25. Интихоби шахрвандии давлати дигар (оптатсия) дар сурати тагйир ёфтани Сархади давлатии Чумхурии Точикистон

Хангоми тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тагйир ёфтани Сархади давлатии Чумхурии Точикистон шахсоне, ки дар худуди вохиди марзиву маъмурии мансубияти давлатиаш тагйирёфта зиндаги мекунанд, хукук доранд тибки тартиби пешбининамудаи шартномаи байналмилалии Точикистон шахрвандии давлати дигарро интихоб намоянд.

БОБИ 4. 
ШАХРВАНДИИ КУДАК ХАНГОМИ ТАГЙИР ЁФТАНИ ШАХРВАНДИИ ПАДАРУ МОДАР, ВАСИЮ ПАРАСТОРОН. ШАХРВАНДИИ ШАХСОНИ ГАЙРИ КОБИЛИ АМАЛ

Моддаи 26. Тагйирёбии шахрвандии кудак хангоми тагйир ёфтани шахрвандии падару модар

  1. Агар падару модар ё падар ё модари ягонаи кудак шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб шавад, кудак низ шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб мегардад.
  2. Шахрванди Чумхурии Точикистон будани кудак дар сурати катъ гардидани шахрванди Чумхурии Точикистон будани падару модар ё падар ё модари ягонаи кудак катъ мегардад, агар дар натича кудак шахси бешахрванд нагардад.
  3. Барои сохиб шудан ё катъ намудани шахрвандии Чумхурии Точикистон аз чониби кудаки синни аз чордах то хаждах розигии у гирифта мешавад.
  4. Шахрвандии кудак хангоми тагйир ёфтани шахрвандии падару модари у, ки аз хукуки падару модари махрум гаштаанд, тагйир намеёбад.

Моддаи 27. Шахрвандии кудак хангоми сохиб шудан ё катъ намудани шахрвандии  падар ё модар

  1. Агар падар ё модари кудак, ки шахрванди хоричи буда, шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб шавад, кудаки онхо, ки дар худуди Чумхурии Точикистон истикомат мекунад, бо дархости падар ё модаре, ки шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб мешавад, шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб мегардад.
  2. Агар падар ё модаре, ки шахрванди хоричи буда, шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб шавад, кудаки онхо, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикомат мекунад, метавонад бо дархости падару модар шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб гардад.
  3. Агар яке аз падар ё модари кудак, ки шахрванди хоричи буда, шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб шавад ва дигаре шахси бешахрванд бошад, кудаки онхо метавонад бо дархости падар ё модаре, ки шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб гардидааст, шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб гардад.
  4. Агар яке аз падар ё модаре, ки хохиши сохиб шудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистонро дорад, шахси бешахрванд ва дигаре шахрванди хоричи бошад, кудаки онхо бо дархости падару модар метавонад шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб шавад.
  5. Агар шахрванди Чумхурии Точикистон будани яке аз падар ё модар катъ гардад ва дигаре шахрванди Чумхурии Точикистон боки монад, кудаки онхо шахрвандии Чумхурии Точикистонро нигох медорад. Бо дархости падар ё модаре, ки шахрвандиаш катъ ёфтааст ва мувофики розигии хаттии падар ё модаре, ки шахрванди Чумхурии Точикистон мебошад, шахрванди Чумхурии Точикистон будани кудаки онхо ба шарте катъ меёбад, ки вай шахси бешахрванд нашавад.

Моддаи 28. Шахрвандии кудак хангоми фарзандхонди

  1. Кудаке, ки аз чониби шахрванди Чумхурии Точикистон ё хамсароне, ки шахрвандони Чумхурии Точикистон мебошанд ё хамсароне, ки яке аз онхо шахрванди Чумхурии Точикистон буда, дигаре шахси бешахрванд аст, фарзандхонд мешавад, аз рузи фарзандхонди, новобаста аз чои истикомат, бо дархости фарзандхондкунанда, ки шахрванди Чумхурии Точикистон мебошад, шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб мешавад.
  2. Дар мавриди фарзандхонд шудани кудак аз чониби хамсароне, ки яке шахрванди Чумхурии Точикистон ва дигаре шахрванди хоричи мебошад, дар асоси дархости онхо кудак, новобаста аз чои истикоматаш, шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб мешавад. Агар дар давоми як сол аз рузи фарзандхонди аз чониби фарзандхондкунандагон дархост оид ба шахрвандии кудаки фарзандхондшуда ворид нагардад, кудак шахрвандии Точикистонро сохиб мешавад, агар у дар Чумхурии Точикистон истикомат намояд.

Моддаи 29. Шахрвандии кудак ва шахси гайри кобили амал, ки тахти васоят ва парастори карор доранд

  1. Кудак ё шахси гайри кобили амал, ки шахси бешахрванд буда, тахти васоят ва парастории шахрванди Чумхурии Точикистон карор дорад, тибки сархати сеюми кисми 1 моддаи 16 Конуни конститутсионии мазкур бо дархости васи ё парастор шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб мешавад.
  2. Кудак ё шахси гайри кобили амал, ки шахси бешахрванд буда, тахти парастории пурраи давлат дар муассисаи тарбияви ё табобати, муассисаи хифзи ичтимоии ахоли ё муассисаи дигари ба ин монанди Чумхурии Точикистон карор дорад, тибки сархати чоруми кисми 1 моддаи 16 Конуни конститутсионии мазкур бо дархости рохбари муассиса, ки дар он кудак ё шахси гайри кобили амал карор дорад,  шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб мешавад.
  3. Кудак ё шахси гайри кобили амал, ки шахси бешахрванд буда, тахти васоят ё парастории шахрванди хоричии шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохибшаванда карор дорад, хамзамон, бо дархости васи (парастор) шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб мешавад.
  4. Кудак ё шахси гайри кобили амал, ки шахрванди Чумхурии Точикистон мебошад ва тахти васоят ё парастории шахрванди хоричи карор дорад, шахрвандии Чумхурии Точикистонро нигох медорад.
  5. Бахсхо байни падару модар, инчунин падару модар бо васи ё парастор дар бораи шахрвандии кудак ва шахси гайри кобили амал бо тартиби суди бо назардошти манфиатхои кудак ва шахси гайри кобили амал барраси карда мешаванд.

 

БОБИ 5. 
МАКОМОТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА МАСЪАЛАХОИ ШАХРВАНДИ 
ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Моддаи 30. Макомоти ваколатдор оид ба масъалахои шахрванди дар Чумхурии Точикистон

Ба макомоти ваколатдор, ки масъалахои шахрвандиро барраси менамоянд, дохил мешаванд:

– Президенти Чумхурии Точикистон;

– комиссия оид ба масъалахои шахрвандии назди Президенти Чумхурии Точикистон;

– макомоти корхои дохили;

– макомоти корхои хоричи.

Моддаи 31. Салохияти Президенти Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон

  1. Президенти Чумхурии Точикистон:

– масъалахои сохиб шудан ва катъ намудани шахрвандии Чумхурии Точикистонро барраси менамояд;

– карор оид ба кабул намудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистонро бекор мекунад;

– низомнома дар бораи тартиби баррасии масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистонро тасдик менамояд;

– низомнома дар бораи шахрванди фахрии Чумхурии Точикистонро тасдик менамояд;

– барои баррасии пешакии масъалахои шахрванди комиссия оид ба масъалахои шахрвандиро таъсис медихад ва низомномаи онро тасдик менамояд;

– тартиби фаъолият ва хамкорихои макомоти ваколатдорро, ки масъалахо оид ба шахрвандии Чумхурии Точикистонро барраси мекунанд, муайян менамояд;

– масъалахои кабул намудани шахрванди хоричи ва шахси бешахрвандро ба шахрвандии Чумхурии Точикистон бе риоя намудани шартхои дар моддаи 15 Конуни конститутсионии мазкур пешбинигардида барраси менамояд;

– тартиби баррасии масъалахо оид ба сохиб шудан ва катъ намудани шахрвандии Чумхурии Точикистонро муайян мекунад;

– тибки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дигар салохиятро оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон амали менамояд.

  1. Оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон фармон бароварда мешавад.

Моддаи 32. Ваколатхои комиссия оид ба масъалахои шахрвандии назди Президенти Чумхурии Точикистон

Ваколатхои комиссия оид ба масъалахои шахрвандии назди Президенти Чумхурии Точикистон мутобики низомномаи комиссияи мазкур, ки аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда шудааст, муайян карда мешаванд.

Моддаи 33. Ваколатхои макомоти корхои дохили оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон

Макомоти корхои дохили ваколатхои зеринро оид ба масъалахои шахрванди амали мегардонанд:

– мансубияти шахсони дар Чумхурии Точикистон истикоматкунандаро ба шахрвандии Чумхурии Точикистон муайян мекунанд;

– дархостхои шахсони дар Чумхурии Точикистон истикоматкунандаро оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон кабул мекунанд;

– далел ва хуччатхои асосноккунии  дархостхои пешниходшударо месанчанд ва дар холатхои зарури аз макомоти дахлдри давлати маълумоти иловаги талаб мекунанд;

– ба Президенти Чумхурии Точикистон дархостхо оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон, пешниход дар хусуси аз даст додани шахрвандии Чумхурии Точикистон, хулоса ва хуччатхои вобаста ба асосхои мушаххаси сохиб шудан ва катъ намудани шахрвандии Чумхурии Точикистон пешниходшуда, инчунин маводи дигарро ирсол менамоянд;

– карорхои кабулнамудаи Президенти Чумхурии Точикистонро оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон нисбат ба шахсоне, ки дар худуди Чумхурии Точикистон истикомат менамоянд, ичро мекунанд;

– дар доираи ваколатхои худ хуччатхои дахлдорро оид ба масъалахои шахрванди ба расмият медароранд.

Моддаи 34. Ваколатхои макомоти корхои хоричи оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон 

Макомоти корхои хоричи ваколатхои зеринро оид ба масъалахои шахрванди амали мегардонанд:

– мансубияти шахсони берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикоматкунандаро ба шахрвандии Чумхурии Точикистон муайян мекунанд;

– дархостхои шахсони берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикоматкунандаро оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон кабул мекунанд;

– далел ва хуччатхои асосноккунии дархостхои пешниходшударо месанчанд ва дар холатхои зарури аз макомоти дахлдори давлати маълумоти иловаги талаб мекунанд;

– ба Президенти Чумхурии Точикистон дархостхо оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон, пешниход дар хусуси аз даст додани шахрвандии Чумхурии Точикистон, хулоса ва хуччатхои вобаста ба асосхои мушаххаси сохиб шудан ва катъ намудани шахрвандии Чумхурии Точикистон пешниходшуда, инчунин маводи дигарро ирсол менамоянд;

– карорхои кабулнамудаи Президенти Чумхурии Точикистонро оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон нисбат ба шахсоне, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикомат менамоянд, ичро мекунанд;

– дар доираи ваколатхои худ хуччатхои дахлдорро оид ба масъалахои шахрванди ба расмият медароранд;

– бахисобгирии шахрвандони Чумхурии Точикистонро, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикомат мекунанд ва бакайдгирии аз даст додани шахрвандии онхоро амали менамоянд.

 

БОБИ 6.
ТАРТИБИ БАРРАСИИ ДАРХОСТХО ВА ХАЛЛИ МАСЪАЛАХОИ ШАХРВАНДИИ 
ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Моддаи 35. Тартиби пешниход кардани дархостхо оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон

  1. Дархост оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон ба номи Президенти Чумхурии Точикистон аз чониби шахсе, ки дар Чумхурии Точикистон истикомат мекунад, ба макомоти корхои дохилии махалли зисти у ва аз чониби шахсе, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикомат  мекунад, ба макомоти корхои хоричи пешниход карда мешавад.
  2. Дархост аз чониби дархостдиханда шахсан пешниход карда мешавад. Агар дархостдиханда имконияти шахсан пешниход кардани дархостро надошта бошад, метавонад дархост ва хуччатхои барои барраси заруриро ба воситаи шахси аз чониби у ваколатдоршуда пешниход намояд ва ё тавассути почта фиристад. Дар чунин холат аслияти имзои шахси дархостдиханда ва дурустии нусхахои хуччатхои зарури, ки ба дархост замима мешаванд, аз чониби нотариус бояд тасдик карда шаванд.
  3. Дархост дар бораи тагйир додани шахрвандии кудак ё шахси гайри кобили амал аз чониби падару модар ё намояндагони конунии онхо аз руи махалли зисти дархостдиханда ё махалли зисти кудак ё шахси гайри кобили амал пешниход карда мешавад.
  4. Шакли дархост ва номгуи маълумоти ба дархост замимашаванда, инчунин номгуи хуччатхои зарури вобаста ба асосхои мушаххаси сохиб шудан ё катъ намудани шахрвандии Чумхурии Точикистон дар низомнома дар бораи тартиби баррасии масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 36. Ситонидани бочи давлати ва хирочи консули

Барои барраси ва додани хуччатхои сохиб шудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон ва катъ намудани шахрвандии Чумхурии Точикистон бо андоза ва тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бочи давлати ва хирочи консули ситонида мешаванд.

Моддаи 37. Мухлати баррасии дархостхо оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон

Мухлати баррасии дархостхо ва пешниходхо оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон, кабули карор дар бораи сохиб шудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон ва катъ гардидани шахрвандии Чумхурии Точикистон наметавонад аз як сол аз рузи пешниходи дархост, манзур намудани пешниход ва тамоми хуччатхои зарурии ба таври дахлдор барасмиятдаровардашуда зиёд бошад.

Моддаи 38. Кабул намудани дархостхои такрори оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон

  1. Пешниходи дархостхои такрори дар бораи сохиб шудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон ё катъ намудани шахрвандии Чумхурии Точикистон чихати барраси бо гузаштани на камтар аз як сол пас аз кабули карори кабли имконпазир аст.
  2. Хангоми ошкор шудани холатхои каблан номаълум дархостхои такрори мумкин аст барои барраси бе риояи мухлати дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда кабул карда шаванд.

Моддаи 39. Санаи сохиб шудан ё катъ намудани шахрвандии Чумхурии Точикистон

  1. Шахрвандии Чумхурии Точикистон ба даст оварда мешавад:

– аз рузи таваллуди кудак – мутобики моддаи 13 Конуни конститутсионии мазкур;

– аз рузи фарзандхондии  кудак – мутобики кисмхои 1 ва 2 моддаи 28 Конуни конститутсионии мазкур;

– дар холатхои дигар – аз рузи баровардани фармони дахлдори Президенти Чумхурии Точикистон.

  1. Шахрвандии Чумхурии Точикистон аз рузи баровардани фармони дахлдори Президенти Чумхурии Точикистон катъ карда мешавад.

Моддаи 40. Хуччатхое, ки дар робита ба шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб шудан ё катъ намудан дода мешаванд

  1. Ба шахсоне, ки дар худуди Чумхурии Точикистон истикомат намуда, бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни конститутсионии мазкур  шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб шудаанд, аз чониби макомоти корхои дохили шиносномаи шахрванди Чумхурии Точикистон дода мешавад. Дар хуччатхои кудаконе, ки ба синни шонздах нарасидаанд, дар бораи мансубияти онхо ба шахрвандии Чумхурии Точикистон кайд гузошта мешавад. Дар сурати гайриимкон будани гузоштани кайд дар хуччатхои кудакон, ба онхо маълумотнома дода мешавад, ки мансубияти онхоро ба шахрвандии Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.
  2. Ба шахсоне, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикомат намуда, бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни конститутсионии мазкур  шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб шудаанд, аз чониби макомоти корхои хоричи шиносномаи умумишахрвандии хоричии шахрванди Чумхурии Точикистон ё шаходатномаи бозгашт ба Чумхурии Точикистон дода мешавад.
  3. Ба шахсоне, ки дар худуди Чумхурии Точикистон истикомат намуда, шахрвандии Чумхурии Точикистон доштанашон бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни конститутсионии мазкур катъ гардида,  шахрванди давлати хоричи нестанд, макомоти корхои дохили гувохномаи икомат баpoи шахсони бешахрванд медиханд ва хуччатхое, ки шахрвандии онхоро тасдик мекунанд, гирифта мешаванд. Барои аз худуди Чумхурии Точикистон баромадани шахси бешахрванд аз чониби макомоти корхои дохили хуччати дахлдор  дода мешавад.
  4. Ба шахсоне, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикомат дошта, шахрвандии Чумхурии Точикистон доштанашон бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни конститутсионии мазкур катъ ёфта,  шахрванди давлати хоричи нестанд, макомоти корхои хоричи шаходатнома баpoи шахсони бешахрванд медиханд, ки аз чониби макомоти корхои дохили ба расмият дароварда шудааст  ва хуччатхое, ки шахрвандии онхоро тасдик мекунанд, гирифта мешаванд.

БОБИ 7. 
МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 41. Шикоят нисбат ба карори макомот ва амалхои шахсони мансабдор оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон 

Нисбат ба карори макомот ва амалхои шахсони мансабдор оид ба масъалахои аз чониби онхо беасос рад кардани кабули дархостхо оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон, риоя накардани мухлат ва тартиби баррасии дархостхо, тартиби сохиб шудан ва катъ намудани шахрвандии Чумхурии Точикистон, ичрои карорхо оид ба масъалахои шахрвандии Чумхурии Точикистон ба макомоти болои ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 42. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни конститутсионии мазкур 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни конститутсионии мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 43. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи шахрвандии Чумхурии Точикистон»

Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи шахрвандии Чумхурии Точикистон» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.1995, №21, мод. 243; с.2008, №10, мод.793) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 44. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни конститутсионии мазкур 

Конуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти  Чумхурии Точикистон   Эмомали РАХМОН

ш. Душанбе, 8 августи соли 2015, № 1208

 

 

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …