Главная / Илм / САБЗИ дар Канзи Шифо (Китоб)

САБЗИ дар Канзи Шифо (Китоб)

morkov-638x330Инро дар баъзе махалхо точикон зардак хам меноманд. Ин кисми зеризаминии растани буда, бустони, ки зироати ва сахрои, ки гайрикорам аст, меруяд. Мо ин чо дар навбати аввал дар хусуси сабзии бустони сухан меронем. Бехтарини он сурх ва ширини он аст. Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва дар хамон дарача тар аст. Ба кавли баъзехо дар дарачаи якум гарм ва тар аст.

Хислатхои шифобахши он: хурдани сабзии бустони мулоимкунандаи узвхои дохили мебошад, гирехи чигарро мекушояд, меъдаро кувват медихад, дарунро мулоим мекунад, бох (пушти камар)-ро кави мегардонад, моддаи маниро зиёда месозад; барои кандани балгам, дафъи сурфа, дарди узвхои даруни сина, меъда ва чигар даво мешавад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, пешобро меронад.

Сабзиро ба хар тарик, ки бихуранд, барои варами пардахои даруни сина, сурфаи кухна шифо мебахшад. Агарчи хомаш душворхазм аст, вале аз он мураббо тайёр карда бихуранд, зудхазм мегардад ва барои иллати истиско (водянка) фоидабахш аст; дарди рудахоро таскин медихад, пешобро меронад, хусусан сахроии он. Сабзии бустониро баргаш хам барангезандаи куввати бох аст.

Барги сабзии бустониро куфта, занхо аз таг бардоранд ва тухмашро бихуранд, душвар зоиданро осон мекунад. Чун барг ва бехрешаи сабзиро дар об чушонида, бо он об дасту похои тифлонро бишуянд, хуни аз хунуки дар ин узвхои онон шахшударо тахлил медихад.

Сабзиро бо асал мураббо пухта бихуранд, барои барангехтани куввати бох багоят фоида дорад, узвхои даруни шикам ва даруни синаро кувват мебахшад, аз чумла бачадонро хам кави мегардонад: узвхои хозимаро, ки меъда, чигар, рудахо ва сипурз мебошанд, мустахкам мекунад. Ин мурабборо бо дорчини ё бо занчабил ва ё бо каранфули гардан бихуранд, чигари сардмизочро кувват медихад, рутубатхои зиёдатии меъдаро нест мекунад, куввати бохро зиёда мегардонад.

Сабзиро як шабонаруз дар сирко тар карда бихуранд, барои иллати гудохтагии сипурз давои бехамто мебошад, меъда ва чигари сардмизочро кувват мебахшад. Сабзиро куфта ё бо дигар усул оби онро гирифта, бо шакар ширин карда биёшоманд, таъсираш хамчун даво кариб ба мураббои он аст, вале аз он сабуктару латифтар ва кавитар мебошад. Барги сабзиро куфта, ба решхои хуранда гузошта банданд, нафъ дорад.Хурдани сабзии хом бадхазм, боднок ва ба одамони гарммизоч зарар дорад. Дар ин холат давохои сардмизоч ва ошхои суюки дугдор бихуранд, зиёнаш ислох меёбад. Сабзиро бо гушти бузгола пухта бихуранд, дар бадан моддаи солим пайдо мекунад.

Микдори як бор хурдан аз сабзи дар як руз то ним килограмм аст, аз мураббои он 50 то 100 грамм хурдан равост. Хурдани тухми сабзи куввати бохро ба харакат меоварад ва дар ин бобат аз кисми заминии он кавитар аст, занхои ба душвори хомилашавандаро нафъ дорад, дарди рудахоро манъ мекунад. Дар дигар хислатхо монанди худи сабзи мебошад.

Агар як микдор тухми сабзи ва хамон микдор тухми шалгам гирифта, як турбро дарунковок намуда, он тухмхоро дар ковоки он пур кунанду сурохашро бо порчаи турб махкам карда ва баъд дар зери оташ бипазанд, сони он тухмхоро бароварда бихуранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, барои занони ба душвори хомилашаванда бисёр фоидабахш аст.

3,5 грамм тухми сабзиро куфта, бо 3,5 грамм шакар бихуранд, барои дарди соки по дармон мешавад. Тухм ва барги сабзиро бо хам куфта, ба решхои хуранда гузошта банданд, шифо мебахшад. Микдори як бор хурдан дар як руз аз тухми сабзи то 7 грамм аст. Ба чойи ин тухми сабзии сахроиро истеъмол намоянд, равост.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …