Главная / Илм / РАВАНДХОИ ИНФОРМАТСИОНИ

РАВАНДХОИ ИНФОРМАТСИОНИ

Тавре кайд кардем, мафхуми информатсия бо амалиётхои дарёфт, гункуни, кабул, нигахдори, захирасози, табдил, ирсол, сабт ва истифода зич алокаманд аст. Мачмуи ин амалиётхоро одатан равандхои информатсиони мегуянд. Азбаски равандхои информатсионии гуногун метавонанд тачхизот ва технологияхои куллан мухталифро истифода намоянд, бинобар ин, хангоми балоихагирии системахои информатсиони ин равандхоро аз хамдигар хатман чудо тасвир намудан лозим аст. Масалан, барои дарёфти информатсия мо метавонем аз воситахои техники (датчикхо), хуччатхо, формахои экрании компютери ва гайра истифода барем.

exnologiyai-infoБарои коркарди компютерии информатсия бошад, аз протсессорхо истифода бурдан лозим меояд, ки микдори онхо дар компютерхои фардии хозиразамон аз 10-то хам зиёдтар аст: маркази, графики, принтери ва гайра. Информатсияро хам дар шакли когази (хуччатхо) ва хам электрони – дар дискхои магнити, оптики, флэш-картахо ва гайра нигах доштан мумкин аст. Барои интиколи информатсия барандагони номбурда ва шабакахои алокави хизмат мерасонанд.

Равандхои информатсиони дар олами зинда, чомеа ва техника ба таври васеъ тадбики худро ёфтаанд.

Фаъолияти информатсионии инсон. 

Тачрибаи рузгор ва дониши инсоният нисбат ба табиат дар омехтаги бо азхудкунии информатсия рушд ёфтааст. Махз хамин раванд ба ташаккули инфосфера оварда расонидааст. Гарчанде мафхуми коркарди информатсия ба наздики пайдо шуда бошад хам, вале методхои коркарди информатсияро одамон хануз аз замонхои кадим медонистанд ва онхоро дар мавридхои зарури мавриди истифода карор медоданд.

Дар ибтидо информатсия аз насл ба насл бо таври шифохи интикол дода мешуд. Маълумотхо оид ба малакахои касби, аз кабили тарзхои шикор, коркарди ганиматхои аз шикор бадастомада, усулхои заминдори ва гайра мисолхои информатсияи шифохи шуда метавонанд. Вале баъдтар инсон тарзхои бакайдгирии образхои графикии объектхои мухити  трофро азхуд намуд. Аввалин расмхои болоисангии хайвоноту наботот ва одамон такрибан 20-30 хазор сол кабл пайдо шудаанд.

Чустучуй ва дарёфти методхои навбатии бакайдгирии информатсия ба эчоди хат оварда расонид. Дар Хиндустони кадим одамон дар баргхои дарахти нахл, дар Бобулистон дар тахтахои сафолин, дар Осиё дар девори горхо ва дар Руси кухан дар пустлохи дарахти тус менавиштанд. Эчоди хат кадами нави инсон дар сохаи нигахдори ва интиколи информатсия буд.

Ходисаи нахустини инкилоби дар ин соха ихтирои тачхизоти чопи ба хисоб меравад. Тачхизоти чопи имкон дод, ки одамон дониши касбии худро тавассути барандаи моддии информатсия – китоб пахн кунанд. Вале китоб хамчун барандаи информатсия воситаи мураккаб, нобоб, кимат ва хеле «суст» ба хисоб меравад.

Хама пахлухои мазмунии китоб хангоми варакзани, мутолиа намудан ва дида баромадани он кушода мешавад. Вай бевосита ба раванди истехсоли таъсир расонида наметавонад. Сараввал одам бояд китоби заруриро дастрас кунад, баъд дониши дар он махфузбударо омузад ва сони онро барои таракки додани истехсолот истифода намояд. Бинобар ин, имруз китоб хамчун барандаи информатсия наметавонад ба суръати бемайлон болоравандаи азхудкунии табиат ягон таъсири назаррас расонида тавонад.

Бо гузашти вакт хачми мубодилаи информатсияи байни одамон низ афзудааст. Барои гункуни, коркард ва интиколи информатсия нашриёту типография – саноати информатсиони тавлид гардидааст. Рузномаву мачаллахо, ки бо теъдоди зиёд нашр мегардиданд, ба одамон ба гайр аз информатсияи муфид боз як микдор маълумоти нолозимро низ бор менамуданд.

ЭЗОХ: Барои ишорати маълумоти нолозим аз мафхуми махсуси магали (губор) информатсиони истифода мебаранд.

Ба гайр аз махсулоти чопи, охиста-охиста дигар воситахои информатсионии оммави – радио ва телевизион низ арзи вучуд намуданд. Ва имруз агар дар хусуси интиколи информатсияе гап равад, одатан дар назар аст, ки вай тавассути радио ё телевизион пахш гардидааст ва ё дар мачалла, ё рузномае нашр шудааст.

Дар баробари шаклхои номбаршуда, шакли дигари фаъолияти информатсионии инсон мунтазам таракки кардааст. Давлатхои алохида ба хотири васеъгардонии территорияашон нисбат ба хамсоягони худ сиёсати агрессивиро пеш мебурданд. Гузаронидани амалиёти чанги бошад, дар ихтиёр доштани як микдор информатсияро дар хусуси потенсиали харбии ракиб талаб менамуд. Ин гуна информатсияро тавассути разведка дастрас намудан мумкин буд. Барои аз душман эмин нигох доштани информатсияи дастрасшуда, масъалаи ёфтани тарзи хифзи информатсия пеш омад.

Хамин тарик, методхои кодирони (рамзбанди) ва интиколи зуду бехатари информатсия пайдо шуданд.

 

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …