Главная / Илм / Пиёзи ансул дар Канзи Шифо (Китоб)

Пиёзи ансул дар Канзи Шифо (Китоб)

anzur_piyos-637x330Пиёзи ансул (Анзур ба русс.) — Номи инро баргалат «анзур» мегуянд, ки хатман тахриф аст. Ин гиёхест кухи ва дашти, ки баргхояш монанди баргхои савсани кухи ва наргис, вале дарозтар аз онхо, дар сари пояаш монанди сари пиёз гул мекунад. Барои даво пиёзи кисми заминиашро ба кор мебаранд. Мизочи пиёзи ансул дар дарачаи севум гарм ва дар дувум хушк аст.

Хислатхои шифобахши Пиёзи ансул: пиёзи ансулро дар хамир ё латтаи тар печонда, дар кури оташ бипазанду бо шаш микдори он намак ва камтар равган даромехта, 8 грамм аз он ба дили нахор бихуранд, дарунро хуб меравонад ва беморихои вобаста ба узвхои сар, монанди: лисаргус (летаргия), сарь (припадка), молихулиё (меланхолия), дарди нимсар, дарди сари аз хунуки, хоби сахт ва дуру дарози бехудона, чарх задани сар, сих задани чашм, паридани аъзо, нотавон гаштани узвхо, фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози), кач шудани руй, нисён (фаромушхотири) — хамаашро шифо мебахшад; чашмро кави ва тез мекунад; ба даруни гавхарак фуромадани зардобро, ки чашмро нобино мегардонад, манъ месозад; дарди гуш, зик-ун-нафас (бронхиальная астма), сурфаи кухна, дамкутахи, дагалии узвхои даруни сина хамаашро ба ибро меоварад; меъда ва халкумро кувват мебахшад, хун кай карданро манъ мекунад, хурокро нагз хазм мекунад, дар сари меъда истодани таомро дафъ мегардонад; зардпарвин, истиско, сахтии сипурз, дарди рудахо, дарди бугумхо ва иркуннасоро (радикулитро) даво мешавад, санги хичакро майда карда мерезонад, душвор шошиданро ба ислох меоварад, хайзи занонро равон мекунад, бачаи занони комиларо аз шикам меафтонад, захмхои ботиниро шифо мебахшад, дарди асабхоро таскин медихад, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад, аъзои баданро аз ахлоти гафси часпаки бемориовар пок мегардонад.

Даворо дар магзи хамир ё латтаи тар печонида, дар кури оташ пухтанро дар тибби кадима ташвия мегуянд ва он чиро, ки бо хамин усул пухта шудааст, машви меноманд. Чун 4,5 грамм пиёзи ансули машвиро бо асал бихуранд, барои чарх задани сар, сиёх задани чашм, саръ. молихулиё, суст ва нотавон шудани узв ё аъзо, фолич ва кач шудани руй фоида дорад.

anzur_piyos-3-300x226Ин пиёзро махин куфта, батанхои ё бо сиркои ангури хамир сохта, ба сари бемори лисаргус гузошта банданд, хамчунин ба сокхои пойхои гирифтори ин иллат ё ба ронхояш ва ё ба кафи пойхояш гузошта банданд, моддаи зарарнокро ба худ мекашад ва боиси ба хуш омадану бедор шудани он мегардад.

Як дона пиёзи ансулро бо дучанди он асали кафкаш гирифташуда пухта бихуранд, барои дамкутахи, зик-ун- нафас ва гирифтагии овоз давои хубест. Агар ба даруни як пиёзи ансул ду тухми мургро рехта, ташвия намоянд, то тухми мург дар он бипазад. Баъд он тухмро чудо карда бихуранд, исхол меоварад, яъне дарунро меронад, иллати замингирро шифо мебахшад. (Замингир ин бемориест, ки гирифтораш барои хестан ва рох гаштан кодир нест. Инро точикон барчомонда низ мегуянд).

Чун 2 грамм аз пиёзи ансул дар асал пухта бихуранд, дарди меъда, сухазм (бадхазми), зардпарвин, сурфаи кухна, дамкутахи, аз шуш рим кай кардан, дарди рудахо ва банд шудани пешобро дору мешавад ва меъдаро кави мегардонад. Хамин микдор аз ин пиёз бо шахдоб (асалоб) бихуранд, барои иллати махав фоида мебахшад.

Як микдор оби баргашро гирифта, бо дучанди он асал ба кивом оварда, мувофики бардошти табъ бихуранд, барои дамкутахи ва зик-ун-нафас даво мебошад. Пиёзи ансулро бо ташвия пухта, бо камтар сир (чеснок) ва намак даромехта, хамааш 15 грамм бошад, бо палави равгани бихуранд, кирмхои шикамро хар навъ, ки бошанд, дафъ мекунад.

anzur_piyos-2-237x300Агар максади касе кай кардан бошад, 0,2 грамм аз пиёзаш ва хамин микдор решахояшро гирифта хардуро якчо куфта, бо об биёшоманд, сахт кай меоварад ва меъдаро аз чизхои бегона пок мегардонад. Чун тухми онро бо сирко куфта, дар хаммом ба доги сафеди пуст, ки бо хеч як даво сихат наёфта бошад, бимоланд, он догхоро хатман нест мекунад.

Ин пиёзро реза-реза карда, дар равгани савсани сафед ё савсани кухи бичушонанд, ба дарачае ки пиёз хушк ва нимсухта гардад, баъд он равганро ба узвхое, ки аз таъсири сармо шах шуда бошанд, дарди бугумхо ва никрис бимоланд, ба ибро меоварад; агар дар гуш бичаконанд, дардашро таскин медихад ва гиреххои дар пардахои он баамаломадаро мекушояд. Ин равганро бо муми занбури асал ва камтар гугирд хамрох карда, ба решахое, ки рутубаташон монанди шир аст ва кутури решгашта, инчунин кутури хушк, ба хоришхои пуст ва сабусаки сар бимоланд, сихат мебахшад. Бо зифт ва хино сиришта бимоланд, доначахои хушки ба сари тифлон баромадаро нест мекунад.

Акнун дар омади гап, тарзи тайёр кардани равгани савсани сафедро баён мекунем. Ба даруни зарфи шиша то нима равгани кунчиди тоза мерезанд ва онро аз гулхои тару тозаи савсани сафед пур карда, ба офтоб мегузоранд. Вакте ки ранги гул дигар шавад, яъне бипарад, кувваташ ба равган бигузарад, гулро фишурда дур мекунанду ба чойи он гули нав меандозанд. Хамин тавр панч шаш маротиба гулхоро нав мекунанд, баъд равганро соф карда мегиранд, хамин равгани савсани сафед мебошад.

Агар ин пиёзро пухта, бо сирко хамир сохта гузошта банданд, газидани мори афъиро шифо мебахшад. Буйи пиёзи ансул кушандаи магасхои газанда мебошад ва мушро хамон дам халок мекунад.

Агар ин пиёзро наздики ток бишинонанд, ангурашро ба ислох меоварад ва агар дар пойи дарахти анор ва бихи бишинонанд, рехтани гули онхоро манъ мекунад. Тухми ансул дарунро мулоим мекунад ва барои дарди рудахо, макъад ва дарди чашм дору мешавад.

Чун тухми ансулро куфта, бо сирко хамир карда хабхо созанд, яъне онро ба андозаи гураи олуча кулулахо сохта, як адади онро дар миёни анчири пухтаги гузошта, як рузи пурра дар асали ракик (суюк) тар намоянд, баъд он анчирро аз асал берун карда бимаканд, аз болояш оби гарм ё оберо, ки дар он навшодир чушонида шуда бошад, бинушанд, шадидтарин кулинчро, ки варам ва дарди рудахои гафс аст, дафъ мегардонад.

ansul_piyoz-300x178Вале хурдани пиёзи ансул барои одамони гарммизоч зарар дорад: гамгин мекунад, ба асабхояшон низ зиён меоварад. Дар ин холатхо канд ва набот бояд хурд ё сиканчабин биёшоманд, зарари онро дафъ месозад. Инчунин шири навдушида ва обхои мевахо зиёни онро ба ислох меоварад.

Бояд огох кунем: пиёзи ансулро, ки танхо дар майдон руйида бошад, набояд бихуранд, зеро ки вай хислати захр пайдо мекунад, мекушад. Микдори як бор хурдан аз пиёзи ансул дар як руз то 7 грамм аст. Агар аз ин зиёд бихуранд, зарар мекунад, хатто мухлик аст, хусусан гайримашвии он. Агар зарар оварад, зудтар кай карда партоянд ва чизхои хунукмизоч бихуранд, оби мевахои сардмизоч бинушанд.

Аз пиёзи ансул равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик:

  1. Пиёзи ансулро бо корди чубин варак кунанду аз он 25 граммашро дар 100 грамм равгани зайтун бичушонанд, то пиёз бипазад. Пас равганро соф намуда, дар шиша нигох доранд ва вакти хочат ба кор баранд.
  2. Равгани ансул ба тарики дигар. Ансули навро бо корд варак-варак карда, дар равгани зайтун андохта, чил руз дар офтоб мегузоранд.
  3. Нусхаи дигари равгани ансул ин тарик аст. Ансули навро бо корди чубин варак-варак карда, дар зарфе ба об андозанд, аз болояш равгани зайтунеро, ки баъд аз кашида шуданаш шаш сол ва зиёда гузашта бошад, дар таносуби ба як хиссаи ин пиёз чор баробар равгани зайтун бирезанд. Баъд бипазанд, то пиёз мухарро шавад ва об дар равган намонад. Пас равганро соф карда, дар шиша нигох доранд.

Равгани ансулро шаб бар кафи хар ду похо бимоланд ва похоро то субх ба замин нагузоранд, олати марди хоб намекунад, тамоми шаб онро бархоста медорад. Агар то як хафта хамин амалро бачо оваранд, аз хислати марди махрумшудагонро ба холи аслиашон баркарор мекунад. Барои шах шудан ва дарди похо, сармозадаги, дарди бугумхо, никрис, дарди гуш ва гирехи пардахои даруни он низ молиданаш фоида дорад.

Агар ин равганро ба сар бимоланд, барои иллатхои сакта (мурда барин бехаракат мондан) ва фолич шифо мебахшад, хусусан, ки кухна шавад, кавитар мегардад. Агар аз ин равган микдори сарро чарб кардани гирифта, андаке муми зарди занбури асал дар он гудохта, ба сар бимоланд, беморихои зикрёфтаро шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …