Главная / Илм / Пиёзи ансул дар Канзи Шифо (Китоб)

Пиёзи ансул дар Канзи Шифо (Китоб)

anzur_piyos-637x330Пиёзи ансул (Анзур ба русс.) — Номи инро барғалат «анзур» мегӯянд, ки ҳатман таҳриф аст. Ин гиёҳест кӯҳӣ ва даштӣ, ки баргҳояш монанди баргҳои савсани кӯҳӣ ва наргис, вале дарозтар аз онҳо, дар сари пояаш монанди сари пиёз гул мекунад. Барои даво пиёзи қисми заминиашро ба кор мебаранд. Мизоҷи пиёзи ансул дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши Пиёзи ансул: пиёзи ансулро дар хамир ё латтаи тар печонда, дар қӯри оташ бипазанду бо шаш миқдори он намак ва камтар равған даромехта, 8 грамм аз он ба дили наҳор бихӯранд, дарунро хуб меравонад ва бемориҳои вобаста ба узвҳои сар, монанди: лисарғус (летаргия), сарь (припадка), молихулиё (меланхолия), дарди нимсар, дарди сари аз хунукӣ, хоби сахт ва дуру дарози бехудона, чарх задани сар, сих задани чашм, паридани аъзо, нотавон гаштани узвҳо, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), каҷ шудани рӯй, нисён (фаромӯшхотирӣ) — ҳамаашро шифо мебахшад; чашмро қавӣ ва тез мекунад; ба даруни гавҳарак фуромадани зардобро, ки чашмро нобино мегардонад, манъ месозад; дарди гӯш, зиқ-ун-нафас (бронхиальная астма), сурфаи кӯҳна, дамкӯтаҳӣ, дағалии узвҳои даруни сина ҳамаашро ба ибро меоварад; меъда ва ҳалқумро қувват мебахшад, хун қай карданро манъ мекунад, хӯрокро нағз ҳазм мекунад, дар сари меъда истодани таомро дафъ мегардонад; зардпарвин, истисқо, сахтии сипурз, дарди рӯдаҳо, дарди буғумҳо ва ирқуннасоро (радикулитро) даво мешавад, санги хичакро майда карда мерезонад, душвор шошиданро ба ислоҳ меоварад, ҳайзи занонро равон мекунад, бачаи занони қомиларо аз шикам меафтонад, захмҳои ботиниро шифо мебахшад, дарди асабҳоро таскин медиҳад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, аъзои баданро аз ахлоти ғафси часпаки бемориовар пок мегардонад.

Даворо дар мағзи хамир ё латтаи тар печонида, дар қӯри оташ пухтанро дар тибби қадима ташвия мегӯянд ва он чиро, ки бо ҳамин усул пухта шудааст, машвӣ меноманд. Чун 4,5 грамм пиёзи ансули машвиро бо асал бихӯранд, барои чарх задани сар, сиёҳ задани чашм, саръ. молихулиё, суст ва нотавон шудани узв ё аъзо, фолиҷ ва каҷ шудани рӯй фоида дорад.

anzur_piyos-3-300x226Ин пиёзро маҳин кӯфта, батанҳоӣ ё бо сиркои ангурӣ хамир сохта, ба сари бемори лисарғус гузошта банданд, ҳамчунин ба соқҳои пойҳои гирифтори ин иллат ё ба ронҳояш ва ё ба кафи пойҳояш гузошта банданд, моддаи зарарнокро ба худ мекашад ва боиси ба ҳуш омадану бедор шудани он мегардад.

Як дона пиёзи ансулро бо дучанди он асали кафкаш гирифташуда пухта бихӯранд, барои дамкӯтаҳӣ, зиқ-ун- нафас ва гирифтагии овоз давои хубест. Агар ба даруни як пиёзи ансул ду тухми мурғро рехта, ташвия намоянд, то тухми мурғ дар он бипазад. Баъд он тухмро ҷудо карда бихӯранд, исҳол меоварад, яъне дарунро меронад, иллати замингирро шифо мебахшад. (Замингир ин бемориест, ки гирифтораш барои хестан ва роҳ гаштан қодир нест. Инро тоҷикон барҷомонда низ мегӯянд).

Чун 2 грамм аз пиёзи ансул дар асал пухта бихӯранд, дарди меъда, суҳазм (бадҳазмӣ), зардпарвин, сурфаи кӯҳна, дамкӯтаҳӣ, аз шуш рим қай кардан, дарди рӯдаҳо ва банд шудани пешобро дору мешавад ва меъдаро қавӣ мегардонад. Ҳамин миқдор аз ин пиёз бо шаҳдоб (асалоб) бихӯранд, барои иллати махав фоида мебахшад.

Як миқдор оби баргашро гирифта, бо дучанди он асал ба қивом оварда, мувофиқи бардошти табъ бихӯранд, барои дамкӯтаҳӣ ва зиқ-ун-нафас даво мебошад. Пиёзи ансулро бо ташвия пухта, бо камтар сир (чеснок) ва намак даромехта, ҳамааш 15 грамм бошад, бо палави равғанӣ бихӯранд, кирмҳои шикамро ҳар навъ, ки бошанд, дафъ мекунад.

anzur_piyos-2-237x300Агар мақсади касе қай кардан бошад, 0,2 грамм аз пиёзаш ва ҳамин миқдор решаҳояшро гирифта ҳардуро якчо кӯфта, бо об биёшоманд, сахт қай меоварад ва меъдаро аз чизҳои бегона пок мегардонад. Чун тухми онро бо сирко кӯфта, дар ҳаммом ба доғи сафеди пӯст, ки бо ҳеҷ як даво сиҳат наёфта бошад, бимоланд, он доғҳоро ҳатман нест мекунад.

Ин пиёзро реза-реза карда, дар равғани савсани сафед ё савсани кӯҳӣ биҷӯшонанд, ба дараҷае ки пиёз хушк ва нимсӯхта гардад, баъд он равғанро ба узвҳое, ки аз таъсири сармо шах шуда бошанд, дарди буғумҳо ва ниқрис бимоланд, ба ибро меоварад; агар дар гӯш бичаконанд, дардашро таскин медиҳад ва гиреҳҳои дар пардаҳои он баамаломадаро мекушояд. Ин равғанро бо муми занбӯри асал ва камтар гӯгирд ҳамроҳ карда, ба решаҳое, ки рутубаташон монанди шир аст ва қӯтури решгашта, инчунин кӯтури хушк, ба хоришҳои пӯст ва сабӯсаки сар бимоланд, сиҳат мебахшад. Бо зифт ва ҳино сиришта бимоланд, доначаҳои хушки ба сари тифлон баромадаро нест мекунад.

Акнун дар омади гап, тарзи тайёр кардани равғани савсани сафедро баён мекунем. Ба даруни зарфи шиша то нима равғани кунҷиди тоза мерезанд ва онро аз гулҳои тару тозаи савсани сафед пур карда, ба офтоб мегузоранд. Вақте ки ранги гул дигар шавад, яъне бипарад, қувваташ ба равған бигузарад, гулро фишурда дур мекунанду ба ҷойи он гули нав меандозанд. Ҳамин тавр панҷ шаш маротиба гулҳоро нав мекунанд, баъд равғанро соф карда мегиранд, ҳамин равғани савсани сафед мебошад.

Агар ин пиёзро пухта, бо сирко хамир сохта гузошта банданд, газидани мори афъиро шифо мебахшад. Бӯйи пиёзи ансул кушандаи магасҳои газанда мебошад ва мушро ҳамон дам ҳалок мекунад.

Агар ин пиёзро наздики ток бишинонанд, ангурашро ба ислоҳ меоварад ва агар дар пойи дарахти анор ва биҳӣ бишинонанд, рехтани гули онҳоро манъ мекунад. Тухми ансул дарунро мулоим мекунад ва барои дарди рӯдаҳо, мақъад ва дарди чашм дору мешавад.

Чун тухми ансулро кӯфта, бо сирко хамир карда ҳабҳо созанд, яъне онро ба андозаи ғӯраи олуча кулӯлаҳо сохта, як адади онро дар миёни анҷири пухтагӣ гузошта, як рӯзи пурра дар асали рақиқ (суюқ) тар намоянд, баъд он анҷирро аз асал берун карда бимаканд, аз болояш оби гарм ё оберо, ки дар он навшодир ҷӯшонида шуда бошад, бинӯшанд, шадидтарин қулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, дафъ мегардонад.

ansul_piyoz-300x178Вале хӯрдани пиёзи ансул барои одамони гарммизоҷ зарар дорад: ғамгин мекунад, ба асабҳояшон низ зиён меоварад. Дар ин ҳолатҳо қанд ва набот бояд хӯрд ё сиканҷабин биёшоманд, зарари онро дафъ месозад. Инчунин шири навдӯшида ва обҳои меваҳо зиёни онро ба ислоҳ меоварад.

Бояд огоҳ кунем: пиёзи ансулро, ки танҳо дар майдон рӯйида бошад, набояд бихӯранд, зеро ки вай хислати заҳр пайдо мекунад, мекушад. Миқдори як бор хӯрдан аз пиёзи ансул дар як рӯз то 7 грамм аст. Агар аз ин зиёд бихӯранд, зарар мекунад, ҳатто мӯҳлик аст, хусусан ғайримашвии он. Агар зарар оварад, зудтар қай карда партоянд ва чизҳои хунукмизоҷ бихӯранд, оби меваҳои сардмизоҷ бинӯшанд.

Аз пиёзи ансул равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ:

  1. Пиёзи ансулро бо корди чӯбин варақ кунанду аз он 25 граммашро дар 100 грамм равғани зайтун биҷӯшонанд, то пиёз бипазад. Пас равғанро соф намуда, дар шиша нигоҳ доранд ва вақти ҳоҷат ба кор баранд.
  2. Равғани ансул ба тариқи дигар. Ансули навро бо корд варақ-варақ карда, дар равғани зайтун андохта, чил рӯз дар офтоб мегузоранд.
  3. Нусхаи дигари равғани ансул ин тариқ аст. Ансули навро бо корди чӯбин варақ-варақ карда, дар зарфе ба об андозанд, аз болояш равғани зайтунеро, ки баъд аз кашида шуданаш шаш сол ва зиёда гузашта бошад, дар таносуби ба як ҳиссаи ин пиёз чор баробар равғани зайтун бирезанд. Баъд бипазанд, то пиёз муҳарро шавад ва об дар равған намонад. Пас равғанро соф карда, дар шиша нигоҳ доранд.

Равғани ансулро шаб бар кафи ҳар ду поҳо бимоланд ва поҳоро то субҳ ба замин нагузоранд, олати мардӣ хоб намекунад, тамоми шаб онро бархоста медорад. Агар то як ҳафта ҳамин амалро баҷо оваранд, аз хислати мардӣ маҳрумшудагонро ба ҳоли аслиашон барқарор мекунад. Барои шах шудан ва дарди поҳо, сармозадагӣ, дарди буғумҳо, ниқрис, дарди гӯш ва гиреҳи пардаҳои даруни он низ молиданаш фоида дорад.

Агар ин равғанро ба сар бимоланд, барои иллатҳои сакта (мурда барин беҳаракат мондан) ва фолиҷ шифо мебахшад, хусусан, ки кӯҳна шавад, қавитар мегардад. Агар аз ин равған миқдори сарро чарб карданӣ гирифта, андаке муми зарди занбӯри асал дар он гудохта, ба сар бимоланд, бемориҳои зикрёфтаро шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …