Главная / Чамъият / Паррандапарвари

Паррандапарвари

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

  Дар бораи паррандапарвари

Конуни мазкур асосхои хукуки, иктисоди ва ташкилии сохаи паррандапарвариро мукаррар намуда, муносибатхоро вобаста ба фаъолият дар ин соха танзим мекунад.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои зерин истифода бурда мешаванд:

парандапарвари

паррандапарвари – сохае, ки вазифаи он аз парвариш, нигохубин ва истифодаи намуду зотхои гуногуни паррандахо бо максади истехсоли тухм, гушт, пар, пат ва гайра иборат мебошад. Ба ин кабил паррандахо мург, мурги марчон, мургоби, гоз, мурги фиръавн, бедона, кабутари гушти, шутурмург дохил мешаванд;

корхонаи паррандапарвари – корхонаи чучабарорй, зотафзункуни, зотпарварии паррандахо ва истехсоли гушту тухм;

корхонаи зотпарварии паррандахо – корхонаи махсуси парвариши зотхои алохида ва кроссхои паррандахо, ниговдори ва такмил додани хусусиятхои ирсию махсулнокии онхо;

корхонаи зотафзункунии тартиби I – корхонаи махсусгардонидашудаи парвариши шаклхои авлодии паррандахо;

корхонаи зотафзункунии тартиби II – корхонаи махсусгардонидашудаи парвариши паррандахои  дурага, ки дар натичаи чуфткунонии ду ва ё зиёда шаклхои авлодии аз чихати ирей фарккунанда гирифта мешаванд;

корхонаи чучабарори – корхонае, ки барои баровардани чуча махсус гардонида шудааст;

кросс – мачмуи авлодхои сермахсул, ки тибки накшахои муайяни чуфткунй наслхои махсулнокиашон нисбатан баландро’ медиханд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи паррандапарвари

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи паррандапарвари ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, санадхои дигари меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Салохиятхои Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи паррандапарвари

 

Салохиятхои Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи паррандапарвари иборатанд аз:

– муайян намудани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи паррандапарвари;

– кабули санадхои меъёрии хукуки дойр ба танзим ва рушди сохаи паррандапарвари;

– муайян намудани макомоти ваколатдори сохаи паррандапарвари;

– муайян намудани самтхои асосии хамкорихои байналмилали дар сохаи паррандапарвари;

– дигар салохиятхое, ки санадхои меъёрии хукуки мукаррар намудаанд.

 

Моддаи 4. Салохиятхои макомоти ваколатдор

 

Макомоти ваколатдор салохиятхои зеринро дорад:

– пешбурди сиёсати ягонаи давлати дар сохаи паррандапарвари;

– тахия ва татбики барномахо доир ба рушди сохаи паррандапарвари;

– мусоидат намудан ба рушди илми сохави ва татбики васеи дастовардхои илмию техники дар сохаи паррандапарвари;

– таъмини химояи хукукии объектхо ва субъектхои сохаи паррандапарвари;

– тахия ва тасдики санадхои меъёрии хукуки доир ба танзими фаъолият дар сохаи паррандапарвари, тарзу усулхои баходихи ва бахисобгирии саршумори паррандахо;

– тасдик ва пешбурди фехристи намуд, зоту кроссхои паррандахо, хифз ва такмил додани хусусиятхои ирсию махсулнокии онхо;

– таъмини иттилоотии рушди соха.

 

 

БОБИ 2, ИДОРАКУНИ ВА ТАШКИЛИ СОХАИ ПАРРАНДАПАРВАРИ

 

Моддаи 5. Объектхои сохаи паррандапарвари

 

Ба объектхои сохаи паррандапарвари мансубанд:

– корхонаи истехсоли тухм ва гушт;

– корхонаи зотпарварии паррандахо;

– корхонахои зотафзункунии тартиби I ва II;

– корхонаи чучабарори.

 

Моддаи 6. Вазифахои субъектхои сохаи паррандапарвари

 

Шахсони вокеи ва хукуки, ки бевосита ба истехсоли тухм ва гушти парранда, чучабарори, зотпарвари ва зотафзункунии паррандахо машгуланд, субъектхои сохаи паррандапарвари мебошанд. Субъектхои сохаи паррандапарвари, новобаста ба шакли моликият ва мансубияташон, вазифахои зеринро ичро мекунанд:

– азнавтачхизонии техники, тачдиди мачмуи ва баркарорсозии иктидорхои истехсолии корхонахои амалкунандаи паррандапарвари бо максади баланд бардоштани махсулноки ва сифати махсулот, паст намудани арзиши асли ва таъмини ракобатпазирии он;

– рушди робитахои корпоративи ва кооперативи бо корхонахои кбркарди галладона ва истехсоли хуроки омехта;

– такмили технологияи парвариш ва нигохубини парранда;

– тахкими пойгоххои истехсол ва захираи хурокихо аз хисоби манбаъхои дохили бо чорисозии технологияхои сергизо намудани онхо;

– бо хурокихои сергизои омехта таъмин намудани талаботи корхонахои паррандапарвари;

– сари вакт андешидани тадбирхои зарурии санитарию байтори;

– мусоидат ба рушди корхои илмию тадкикоти ва татбики технологияхои пешкадам;

– бунёди корхонахои зотпарвари ва зотафзункуни, аз чумла тартиби I ва II, чихати пешбурди корхои илми – селексиони;

– офаридани зотхо, кроссхо ва паррандахои дурагаи сермахсул, такмили хусусиятхои ирси ва баланд бардоштани махсулнокии онхо;

– дар мухлатхои муайяншуда ба макомоти ваколатдор пешниход намудани хисоботхои дахлдор.

 

Моддаи 7. Идоракунии истехсолот

 

  1. Тартиб ва коидахои пешбурди фаъолиятро дар сохаи паррандапарвари макомоти ваколатдор муайян менамояд.
  2. Шахсони вокеи ва хукукие, ки дар сохаи паррандапарвари фаъолият менамоянд, ухдадоранд тартиб ва коидахои мукарраршудаи нигохубин, хурокдихи, таъмини афзоиши саршумори паррандахо ва талаботи байториро риоя намуда, иншоот ва тачхизоти дар ихтиёрашон бударо дар холати хуби техники, санитари ва экологи нигох доранд.

 

Моддаи 8. Тайёр намудан ва бозомузии мутахассисону кормандони соха

 

Корхо оид ба тайёр намудани мутахассисон ва кормандони сохаи паррандапарвари дар самтхои зерин ба рох монда мешаванд:

– тайёр кардани мутахассисони дорои тахсилоти олии касби ва миёнаи касби;

– бозомузи ва такмили ихтисоси мутахассисону кормандони сохаи паррандапарвари;

– ташкил ва баргузории семинар, машварат ва конференсияхо доир ба масъалахои мухими рушди сохаи паррандапарвари;

– таъмини мутахассисони корхонахои паррандапарвари бо иттилоот ва маводи дигари дахлдор дар хусуси дастовардхои навтарини илми.

 

Модаи 9. Воридот ва содироти махсулоти сохаи паррандапарвари

 

  1. Воридот ва содироти махсулоти сохаи паррандпарвари мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад. Махсулоти воридшаванда ва содиршавандаи сохаи паррандапарвари бояд ба талаботи регламент ва стандартхои Чумхурии Точикистон чавобгу бошад.
  2. Назорати воридот ва содироти махсулоти сохаи паррандапарвари аз тарафи макомоти ваколатдор анчом дода мешавад.

 

 

Моддаи 10. Лоихакаши, сохтмон ва истифодаи объектхои сохаи паррандапарвари

 

Лоихакаши, сохтмон ва истифодаи объектхои сохаи паррандапарвари бо риояи талаботи байтори, сохтмони, экологи, санитари ва дигар талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон анчом дода мешаванд.

 

Моддаи 11. Мукаррар намудани имтиёзхо ва махдудиятхо

 

  1. Имтиёзхоро бо максади таъмини рушд ва дастгирии сохаи паррандапарвари конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  2. Дар холати ба миён омадани вазъи номатлуби эпизооти макомоти давлатии байтори тибки конунгузории Чумхурии Точикистон метавонад ба мухлати муайян барои ба Чумхурии Точикистон ворид кардани парранда ва махсулоти паррандапарвари махдудият мукаррар намояд.

 

БОБИ 3. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 12. Чавобгари барои риоя накардани конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чаврбгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 13. Тартиби мавриди амал карор до дани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Чумхурии ТочикистонЭмомали Рахмон

 

ш. Душанбе, 21 июли соли 2010

№ 633

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …