Главная / Гуногун / ПАХТАИ МАХИННАХ

ПАХТАИ МАХИННАХ

Албатта, кишвари хамсоя мушкил ва мушкилсозони худашро дошт, ки имрузхо ошкор шуд. Вокеаи чолиберо аз ин навъ бихонед.

Парвариши пахтаи навъи махиннах факат дар иклими хос имконпазир аст. Ин навъ рузхои офтобии бештар металабад. Нахи ин навъи пахта нисбат ба навъхои миёнанах дарозтару зарифтар буда, муковиматаш ба кандашави низ болост ва табиист, ки нархаш хам гаронтар аст. Сифати матоъхои аз ин навъи пахта тавлид мешуда бамаротиб бехтар аст.

Иклими баъзе минтакахои Амрико ва Миср барои парвариши ин навъ мутобиканд. Амрикоихо номи тичории ин навъи пахтаашонро Pima ва мисрихо Giza меноманд. Баъзе ширкатхои либосдузие, ки либосхои гаронкимат медузанд, дар барчаспхои либос бо ифтихор менависанд, ки матоъи он аз пахтаи навъи Pima ё Giza аст.

paxta

Дар чануби Точикистон, иклими нохияхои Панч, Кумсангир, Колхозобод, Шахртус ва Кубодиён барои парвариши пахтаи навъи махиннах мусоид аст. Он солхо дар Точикистон хамаги 5-6 хазор тон хамин навъи пахта истехсол мешуд. Ногуфта на- монад, ки корхонахои тозакуни ва корхонахои ресандагии ин навъ низ технолочи ва тачхизоти дигаргун доранд.

Якчанд колхозе, ки мо маблаггузори мекардем, аз ин навъи пахта парвариш мекарданд. Хар сол мо як микдори махдуд аз ин навъи пахта низ содир мекардем ва харидорон доим хачми бештар дархост мекарданд.

Он сол ман хостам аз Узбакистон, ки ин навъро ба хачми боло тавлид мекард, як хазор тон бихарам. Бо хамин максад ба Тошканд рафта будам. Аз чанд нафар кормандони ширкатхои содироти хохиш кардам, ки пешниход бидиханд, вале онхо забонхои мекарданду мегуфтанд, ки ин навъи пахта дар номгуи пешниходашон нест. Ба саволхои «чаро»-и ман китф дархам мекашиданду чавобе намедоданд. Кунчковиям боло гирифта, тахпурси кардам ва маълум шуд, ки фуруши ин навъи пурдаро- мади пахта инхисори духтари Раиси чумхур Гулнора Каримова будааст, дар холе ки фуруши пахта дар ин кишвар давлати буд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …