Главная / Гуногун / ПАХТАИ МАҲИННАХ

ПАХТАИ МАҲИННАХ

Албатта, кишвари ҳамсоя мушкил ва мушкилсозони худашро дошт, ки имрӯзҳо ошкор шуд. Воқеаи ҷолиберо аз ин навъ бихонед.

Парвариши пахтаи навъи маҳиннах фақат дар иқлими хос имконпазир аст. Ин навъ рӯзҳои офтобии бештар металабад. Нахи ин навъи пахта нисбат ба навъҳои миёнанах дарозтару зарифтар буда, муқовиматаш ба кандашавӣ низ болост ва табиист, ки нархаш ҳам гаронтар аст. Сифати матоъҳои аз ин навъи пахта тавлид мешуда бамаротиб беҳтар аст.

Иқлими баъзе минтақаҳои Амрико ва Миср барои парвариши ин навъ мутобиқанд. Амрикоиҳо номи тиҷории ин навъи пахтаашонро Pima ва мисриҳо Giza меноманд. Баъзе ширкатҳои либосдӯзие, ки либосҳои гаронқимат медӯзанд, дар барчаспҳои либос бо ифтихор менависанд, ки матоъи он аз пахтаи навъи Pima ё Giza аст.

paxta

Дар ҷануби Тоҷикистон, иқлими ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Колхозобод, Шаҳртус ва Қубодиён барои парвариши пахтаи навъи маҳиннах мусоид аст. Он солҳо дар Тоҷикистон ҳамагӣ 5-6 ҳазор тон ҳамин навъи пахта истеҳсол мешуд. Ногуфта на- монад, ки корхонаҳои тозакунӣ ва корхонаҳои ресандагии ин навъ низ технолоҷӣ ва таҷҳизоти дигаргун доранд.

Якчанд колхозе, ки мо маблағгузорӣ мекардем, аз ин навъи пахта парвариш мекарданд. Ҳар сол мо як миқдори маҳдуд аз ин навъи пахта низ содир мекардем ва харидорон доим ҳаҷми бештар дархост мекарданд.

Он сол ман хостам аз Ӯзбакистон, ки ин навъро ба ҳаҷми боло тавлид мекард, як ҳазор тон бихарам. Бо ҳамин мақсад ба Тошканд рафта будам. Аз чанд нафар кормандони ширкатҳои содиротӣ хоҳиш кардам, ки пешниҳод бидиҳанд, вале онҳо забонхоӣ мекарданду мегуфтанд, ки ин навъи пахта дар номгӯи пешниҳодашон нест. Ба саволҳои «чаро»-и ман китф дарҳам мекашиданду ҷавобе намедоданд. Кунҷковиям боло гирифта, таҳпурсӣ кардам ва маълум шуд, ки фурӯши ин навъи пурдаро- мади пахта инҳисори духтари Раиси ҷумҳур Гулнора Каримова будааст, дар ҳоле ки фурӯши пахта дар ин кишвар давлатӣ буд.

Инчунин кобед

Табрикоти 8 март рузи модарон бонувон занон

Табрикоти иди модарон 8-уми март – Бонувон!

Ба муносибати иди Модар табрикот! Муҳтарам, Модарон, апаҳо, хоҳарон ва ҷумла бонувони мардуми Тоҷикистон! Шуморо …