Главная / Чамъият / ПАДАР: Иншо

ПАДАР: Иншо

Чи тавре ки зикр кардам, одатан рузхои кори падарам шабонарузи дар чои корашон буданд ва факат охири хафта, рузхои шанбе ва якшанберо дар хона мегузаронданд. Вале як нисфирузии кори ногахон аз дарвоза даромаданд. Борони руи дасти росташон буд. Ман аз омаданашон хурсанд шуда, давида ба пешвозашон рафтам.

Меъроси падар
Меъроси падар

Сари маро навозиш карда, гузашта ба хона даромада нишастанд, вале хануз хам борони руи дасташон дар багалашон буд. Модарам аз пасашон даромада, борониро гирифтани шуда буданд, ки падарам бо дасти чап онро бардошта ба модарам доданд. Дасти росташон докапеч ва хунолуд буд. Модарам якбора ба вахшат афтода:

  • Чи шуд, дастатона чи кор кардед? – гуфта пурсиданд.
  • Хеч чиз, каме харош хурд, кас фирист, писари Усто Те- мура даъват кунад, – чавоб доданд падарам. Даврон – писари Усто Темури Самарканди, донишчуи Донишгохи пизишкии Душанбе, он замон дар таътили тобистони дар деха буд. Дар Панчруд як оилаи самаркандиасл зиндаги мекард, ки оилаи хамин Усто Темур буд. Намедонам кай ва чигуна онхо ба ин чо кучида омадаанд.
  • Харошхурдая докапеч намекунанд, боз дока хунолуд! – ба фигон идома медоданд модар. Ба берун баромада, касеро барои Даврон фиристоданд ва баргашта, парвонавор дар атрофи па- дарам чарх мезаданд ва оху вох мекарданд. Падарам ба саволу фигони модар эътиное накарда, маро навозиш ва бо ман бози мекарданд.

Даврон хамрохи амакам омад. Модарам бо хохиши падар аз чайби борони як куттиро гирифта ба назди падарам гузоштанд ва кайчиву тагораву матоъи суфи сафед хам оварда, ба Даврон доданд. Ба саволхои амакаму Даврон, падарам:

  • Дастгох нарангуштамро каме харошид, духтури корхона гуфт, ки ба хона раси, духтурро даъват кун, як бор докаро ку- шода, дору молида, аз нав бандад, – гуфта чавоб доданд.

Маро, ки то хол дар канори падарам ба зонуяшон такя карда менишастам, модарам аз дастам гирифта ба дахлез бароварда, таъкид карданд, ки халал нарасонам. Ман аз роги дар тамошо мекардам. Даврон ба кушодани дока сар кард, падар бошанд дар холе, ки дасти росташон дар ихтиёри у буд, аз амакам холу ахволи ахли авлодро мепурсиданд ва саргарми сухбат буданд. Даврон эхтиёткорона, кабат – кабат докаи хунолуди шахшударо мекушод. Вакте ки докаро кушода тамом кард, хун катра-катра чакидан гирифт ва оху вохи модарам дучанд шуд. Амакам бо чашмони ашколуд нимхез шуда:

  • Ангушт аз бех нест-ку?! – гуфта буданд, ки оху фигони модарам якбора боло гирифт. Дастгохи пармаи замин, ки за- миншиносон бо он дар каъри замин маъдан мекобанд, наран- гушти дасти рости падарамро аз бех бурида буд. Падарам бо норозиги ба модарам нигох карданд ва модар хик-хик гирякунон аз хона баромаданд. Даврон аз шишача доруи зарди обакиеро, ки аз кутти гирифта буд, ба ангушти падарам мемолид, вале хун таровида бо дору ба тагора мерехт. У даступо хурда, чи кор карданашро намедонист.

Падарам:  Чабри устод бех аз мехри падар (мавзуи иншо)

  • Биё ман ангуштамро боло мекунам, доруро гузору зуд банд, – гуфта, ба у ёри доданд. Кабатхои аввали дока шилтаи хун мешуданд, вале кабатхои болои сурх гарданд хам, тарови- дани хунро нигох доштанд. Даврон дар зери обу арак монда буд. Падарам оромона аз у миннатдори карда, барои пагох карор гузоштанд. Дар як дам хона пур аз хешовандон шуд. Занхо хама бо чашмони ашколуд, мардхо бо киёфахои пурдард сар мечунбонданду изхори афсусу хамдарди мекарданд. Ягона касе, ки лабханд мезаду ангор, дардеро эхсос намекард, хамин падарам буданд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …