Главная / Чамъият / Огози санчиши андоз

Огози санчиши андоз

Моддаи 33-и Кодекси Андоз. Огози санчиши андоз

  1. Огози санчиши андоз лахзаи ба андозсупоранда (агенти андоз) супоридани амрнома ба хисоб меравад.
  2. Кормандони макомоти андоз, ки санчиши андозро мегузаронанд, вазифадоранд ба андозсупоранда шаходатномаи хизматии худро нишон диханд ва тибки тартиби мукарраршуда дар дафтари бакайдгирии санчишхои субъектхои хочагидори кайди дахлдор кунанд.
  3. Кормандони макомоти андозе, ки санчиши хуччатии андозро мегузаронанд, ба андозсупоранда амрномаи аслро месупоранд. Дар нусхаи амрнома андозсупоранда дар хусуси он ки бо амрнома шинос шуда, онро гирифт, имзо менамояд.
  4. Хангоми гузаронидани санчишхои амалиёти ба андозсупоранда ё корманди вай, ки фуруши мол ё хизматрасониро амали менамояд, барои шиносои амрномаи асл нишон дода шуда, нусхааш супорида мешавад. Дар амрномаи асл аз чониби андозсупоранда ё корманди вай, ки фуруши мол ё хизматрасониро амали менамояд, оид ба шинос шудан бо амрнома ва гирифтани нусхаи он, имзо бо нишондоди сана ва вакти гирифтан гузошта мешавад.
  5. Рад кардани гирифтани амрнома аз чониби андозсупоранда барои бекор кардани санчиши андоз асос шуда наметавонад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …