Оғози санҷиши андоз
Meg S
13.03.2018
Ҷамъият
91 Показы
Моддаи 33-и Кодекси Андоз. Оғози санҷиши андоз

- Оғози санҷиши андоз лаҳзаи ба андозсупоранда (агенти андоз) супоридани амрнома ба ҳисоб меравад.
- Кормандони мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронанд, вазифадоранд ба андозсупоранда шаҳодатномаи хизматии худро нишон диҳанд ва тибқи тартиби муқарраршуда дар дафтари бақайдгирии санҷишҳои субъектҳои хоҷагидорӣ қайди дахлдор кунанд.
- Кормандони мақомоти андозе, ки санҷиши ҳуҷҷатии андозро мегузаронанд, ба андозсупоранда амрномаи аслро месупоранд. Дар нусхаи амрнома андозсупоранда дар хусуси он ки бо амрнома шинос шуда, онро гирифт, имзо менамояд.
- Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ ба андозсупоранда ё корманди вай, ки фурўши мол ё хизматрасониро амалӣ менамояд, барои шиносоӣ амрномаи асл нишон дода шуда, нусхааш супорида мешавад. Дар амрномаи асл аз ҷониби андозсупоранда ё корманди вай, ки фурўши мол ё хизматрасониро амалӣ менамояд, оид ба шинос шудан бо амрнома ва гирифтани нусхаи он, имзо бо нишондоди сана ва вақти гирифтан гузошта мешавад.
- Рад кардани гирифтани амрнома аз ҷониби андозсупоранда барои бекор кардани санҷиши андоз асос шуда наметавонад.
Кодекси Андоз 2018-03-13