Главная / Илм / Оё ба занони хомиладор ранг кардани муй мумкин аст?

Оё ба занони хомиладор ранг кардани муй мумкин аст?

Бисёре аз занон, хусусан дар давраи хомиладори мехоханд худро зебо хис кунанд ва зебо ба назар намоянд. Барои якехо тагйир додани чевони либос кофи хаст, барои дигаре буридани муй ё рангубори нохун ва сеюмин мехохад, ки муяшро ранг намояд ё ранги муяшро навсози кунад, агар онхо аллакай пеш аз хомила шудан истифода карда буданд.

volosy-beremennym
Вале дар ин маврид модарон дуруст саволи мухимро мукаррар менамоянд, ки оё имкони ранги муйи сари худро доранд ва ин ба кудак зарар намерасонад? Дар ин хусус омор ва тадкикотхо чи мегуянд? Духтурон чи маслихат медиханд?

  1. Агар имконият бошад, албатта, бехтар аст, дар давраи хомиладори муйи сарро ранг накунед ва интизор шавед, то баъд аз таваллуд чи тавре, ки маъкул аст, муйи худро ба тартиб оред. Дар баъзе сомонахо шумо метавонед хатто каблан барои муйи худ ранги мувофик ва тартиби муйро интихоб намоед.
  2. Ба он модароне, ки бояд муйи сари худро ранг намоянд, бояд кайд кард, ки баъзе аз маводхои кимиёви ва газхо, ки дар сартарошхонахо истифода бурда мешавад, ба саломатии кудакони таваллуднашуда зарар мерасонад. Баъзе аз онхо хеле захролуд буда, ба воситаи пусти сар зуд ба организм ворид мешаванд ва баъд аз ним соат онхоро хатто дар пешоб пайдо кардан мумкин аст. Илова бар ин, баъзе тадкикотхо нишон доданд, ки хатари хурд имкон дорад (такрибан 3%), ки ранги муй метавонад ба рушди беморихои дил дар тифлон боис гардад.
  3. Албатта, агар рангхои захролуди муй ва моддахои дигар мунтазам ва бисёр истифода бурда шаванд, метавонанд боиси мушкилотхои чидди гарданд. Айнан, барои хамин касби сартароши яке аз касбхои хеле хатарнок барои занони хомила мебошад, зеро алокаи мунтазам бо рангхои захролуд метавонанд сабаби камбудихои модарзоди ва рушди кудак ва хатто бачапартои гардад. Агар шумо сартарош бошед (касби ё худфаъолият), пас дар давоми хомиладори ба шумо тагйир додани касб бехтар аст, ё ба ранг кардани муйи сари касе худдори намоед.
  4. Он заноне, ки дар давраи хомиладори карор доданд як ё ду бор ранги муйи худро иваз намоянд, дар ин маврид он кадар бад нест ва агар шумо якчанд коидахоро пайрави намоед, шумо метавонед хатарро кохиш дихед.
  5. Коидаи аз хама мухим — ранги муйи худро на камтар аз 12 хафтаи баъд аз хомиладори ранг намудан! Чунки 3 мохи аввал махсусан барои ташаккулёбии кудак мухим аст.
  6. Пеш аз кор бо ранги муй, аз духтур маслихат пурсед, ки кадом роххо ва рангхо барои занони хомила камтар зарароваранд. Ва дар сартарошхона машварат гиред, ки махз кадом намуди рангро ба шумо истифода карданиянд.
  7. Агар шумо карор додед, ки мустакилона муи худро ранг мекунед, он гох ранги бо тавсияи духтур харидаатонро бо пайрави аз чорахои бехатари истифода баред. Дар мавриди ранг намудани муйи худ танхо дастпушакхои резинро истифода намоед ва барои аз хад зиёд нафас нагирифтани буги захролуд бо тирезахои кушода кор кунед. Пеш аз истифодабари фаъолияти ранги интихобнамудаатонро ба якчанд тори муйи худ санчиш кунед, чунки дар давраи хомиладори, хосиятхои муй тагйир ёфта реаксия ба ранги муйи одаткардаатон метавонанд дигар бошад.
  8. Рангро дар муйи саратон ба муддати дароз нигох надоред — факат то даме ки лозим бошад, вакти хадди акал ва сипас муи худро хеле бодиккат шуед.
  9. Андеша кунед, барои тагйир додани ранги муй истифода бурдан аз рангхои безарари табии, ба монанди хино ва басма бехтар аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …