Главная / Чамъият / Мухлати шартномаи мехнати

Мухлати шартномаи мехнати

Моддаи 25-и Кодекси Мехнат. Мухлати шартномаи мехнати

  1. Шартномаи мехнати ба мухлати зерин баста мешавад:

– ба мухлати номуайян;

– ба мухлати муайян – на камтар аз як сол, ба истиснои холатхои пешбининамудаи сархатхои сеюм, чорум ва панчуми хамин кисм;

– барои ичрои ухдадорихои корманди хозирнабуда, ки мутобики Кодекси мазкур чойи кораш нигох дошта мешавад;

– ба мухлати ичрои кори муайян;

– барои ичрои корхои мавсими.

  1. Агар дар шартномаи мехнати мухлати амали он нишон дода нашуда бошад, шартнома ба мухлати номуайян басташуда хисоб меёбад ва он бе розигии корманд аз нав барои мухлати муайян баста намешавад.
  2. Баъд аз ба итмом расидани мухлати шартномаи мехнати хангоми такроран бастани он бо корманде, ки ухдадорихои мехнатиашро дар асоси шартномаи мехнатии муайяни на камтар аз як сол басташуда ичро менамояд, чунин шартнома ба мухлати номуайян басташуда хисобида мешавад, агар тарафхо дигар шартномаи мехнатии мухлатнокро ба расмият надароранд.
  3. Шартномаи мехнати барои ичрои корхои мавсими дар холатхое баста мешавад, ки вобаста ба шароити табиию иклими кор метавонад дар давраи муайян (мавсим), на бештар аз шаш мох анчом дода шавад.
  4. Шартномаи мехнати ба мухлати муайян дар холатхое баста мешавад, ки агар бо назардошти хусусияти кор ва ё шароити ичрои он ва ё манфиати корманд, инчунин дар холатхои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон бастани шартнома барои мухлати номуайян имконнопазир бошад.
  5. Бастани шартномаи мехнати ба мухлати муайян бо максади даст кашидан аз додани кафолат ва чубронхое, ки барои кормандони шартномаи мехнатии ба мухлати номуайян басташуда пешбини шудаанд, манъ аст.
  6. Агар яке аз тарафхо баъд аз ба охир расидани мухлати амали шартномаи мехнати дар давоми рузи охирини кор (баст) катъ намудани муносибатхои мехнатиро талаб накунад, шартнома ба мухлати номуайян басташуда хисоб карда мешавад.
  7. Шартномаи мехнати бо шахсони мансабдори макомоти ичроияи корфармо – шахси хукуки ба мухлати мукаррарнамудаи хуччатхои таъсисии ташкилот ё созишномаи тарафхо баста мешавад ва ба чунин шартнома мукаррароти кисми 2 моддаи мазкур татбик намегардад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …